Торти идона барои Рӯзи Конститутсия
06.11.2025
Oila.tj
69

Маҳсулоти лозима:

6 дона тухм 1,5 истакон шакар, 1 истакон равған, 2 қошуқ асал, 1 қошуқ сода, 10 грами маводи коковккунанда, 5 грами ванелин, 200 грамм орд.

Барои ороиш:

400 грамм маска, 300 грамм шири қиёмшудаи “Дилала”, шир, қаймоқ ва хокаи шакар.

Тарзи таҳия:

Ин торт хеле нозук аст, аз ҳамин сабаб ҳангоми пухтан хеле бодиққат бошед. Дар оғоз дар зарфе тухм ва шакарро омехта карда, 5-10 дақиқа бо миксер лат занед, баъд равған илова карда, боз лат занед. Дар тоба 2 қошуқ асалро бо 1 қошуқ сода сурх карда, тез-тез кобед. Асалро зуд ба зарф рехта, бо миксер лат занед. Баъдан ба он 8 истакон орд, ванелин ва маводи ковокуунанда илова карда, лат занед. Хамири тортро мулоимак тайёр карда, ба 7 зуволача тақсим кунед ва болои зуволаҳоро пӯшонда, монед 10 дақиқа дам гирад. Ба тоба равған молида, ба он коғази пергамент тунук кунед ва зуволаҳоро як-як бо орд тунук карда, дар тафдон дар ҳарорати 220 дараҷа то сурх шуданаш пазед. Барои ороиш дар зарф маскаро бо миксер 2-3 дақиқа лат зада, ба дарунаш шири қиёмшуда андозед ва бо миксер лат заданро давом диҳед. Дар зарфи дигар қаймоқро бо хокаи шакар то қаймоқ сафед ва дам карданаш лат занед. Дар зарфи сеюм дилаларо бо 1 пиёла шир лат мезанед, баъд ҳамаи малҳамҳоро дар як зарф гирифта боз як бори дигар лат мезанед. Мувофиқи табъи худ метавонед пеш аз малҳам молидан ҳар як қабати кулчаҳои тортро қандоб кунед. Ба ҳамаи қабатҳо малҳам (крем) молидан лозим аст. Дар болои торт рақами 6-ро гузошта бо малҳам Конститутсия нависед.

Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД