Тори макр (ҚИСМИ 9)
627

Ҳамшаҳрӣ

Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугӯ Миша боз меҳмони мағозаи онҳо шуду ин бор бо Гулбоғ, ки вазифааш аз ҷо ба ҷо намудани рафҳои пойафзолмонӣ иборат буд, хеле суҳбат кард. Миша аз забонаш шаҳду шакар резонида, духтарони тоҷикро таъриф мекарду мегуфт:

- Эҳ ҳамшаҳрӣ, зани ман духтари яке аз сарватмандтарин мардҳои Маскав аст. Худам низ ба воситаи хусурам дар ҷойи равғание ба кор даромадааму дар маркази Маскав ду хона, дар беруни шаҳр бӯстонсаро ва пулу моли зиёде дорам. Падару модарам аз дунё гузашта бошанд ҳам, ба хоҳару бародарам ёрии зиёде мерасонам. Дар маркази Душанбе низ хонаи панҷҳуҷрагии муҷаҳҳаз дорам, тобистонҳо гоҳ-гоҳе ба дамгирӣ меравам. Аммо дар дунё мисли занони тоҷик зебою дилорояшро надидаам, мана худи шумо аз чеҳраатон нур мерезад. Нуре, ки ман онро дар бонувони дигар миллат эҳсос накардаам, бовар кунед, ки накардаам...

- Агар духтарони тоҷик ин қадар зебо бошанд, пас чаро яктои онҳоро ба занӣ нагирифтӣ?!

- Ҷавонию хомӣ,- сарашро ҷунбонда, бо эҳсоси пушаймонӣ мегуфт Миша…

- Акнун мани сиёҳак аз зани қоматбланди шир барин сафеди шумо чӣ болоӣ доштаам?,- бо содагии кӯдакона боз пурсид Гулбоғ…

- Ҳамшаҳрӣ, ту сода будаӣ, ҳоло беҳтарин занони дунё ранги пӯсташонро тариқи кимиёӣ ба шумо монанд мекунанд, шумо бошед… пӯсти шумо беҳтарин аст.

Гулбоғ ҳис кард, ки як ҳамкораш сӯяш нигоҳи кунҷкобона дорад, аз ин рӯ аз Миша хоҳиш кард, ки биравад, то ба ӯ гап нарасад.

- Агар шавҳарам фаҳмад, ки ман соатҳо бо марди бегонае лақидаам, гӯрамро меканад,- бо ишва гуфт Гулбоғ.

Миша рақами телефони дастии Гулбоғро гирифта, гуфт, ки занг мезанад…

Телефонбоз

Гулбоғ шабҳо телефонашро мекушт, чун рӯзона онро ба кор меандохт, аз дидани паёмакҳои ошиқонаи Миша дилаш пур аз фараҳ мегашт. Ин ҷавонзани булҳавас ба рӯйи меҳрубониҳои шавҳари вафодораш хати батлон кашида, бо ҳамшаҳрияш телефонбозӣ мекард… Миша низ пайваста аз ҳамшаҳрияш талаби вохӯрӣ мекард. Деви ҳавас ба Гулбоғ ғолиб омаду ӯ бо Миша вохӯрӣ таъин намуд. Гулбоғ барои дур намудани шаку шубҳа аз дили шавҳараш, ба ӯ гуфт, ки “Насимҷон, пагоҳ баъд аз кор ба назди духтури генеколог меравам, баъд як - ду чиз даркор асту мағозаҳо медароям, худам ба хона меоям, ту беташвиш коратро тамом карда, ба хона биё”. Насим хурсанд шуда, ба дасти ҳамсараш маблағи муайян дода, гуфт:

- Маршруту автобус интизор шуда нашину бо таксӣ гард.

Гулбоғ аз ҷойи кораш барвақттар ҷавоб гирифта, ба назди духтури занонае, ки шиноси Тамара буд, рафт. Пули зиёдтаре дода, аз назари духтур гузашт. Духтурзани солхӯрда ба ӯ гуфт, ки ту ҳеҷ мушкиле надорӣ, шавҳарат аз муоина гузарад. Гулбоғ бо хурсандӣ аз назди духтур баромад, аз рӯйи маслиҳати пешакӣ ӯро Миша назди дари беморхона мунтазир буд. Бону худро мисли арӯсакон орою торо дода буд ва бе ягон истиҳола ба мошини қиматбаҳои Миша нишаст. Миша ӯро на ба тарабхона, балки ба ҳавлии зебои пурнақшу нигоре бурд, онҳоро мизи пурнозу неъмат ва палави тоҷикӣ мунтазир буд…

Тардоман

Пас аз истеъмоли оши палав, ки аз рӯйи гуфти Миша онро ошпази самарқандие пухта буд, ҳамшаҳриҳо чойи кабуд нушида, суҳбат карданд. Гулбоғ сармасти таърифу суханҳои пурнавозиши Миша - Мадад, ба шавҳари хуби худ хиёнат кард. Мишаи «бабник» бо бӯсу канор Гулбоғро рӯйи дастонаш бардошта, ба хонаи дигар гузашт, рӯйи рахти хоби қиматбаҳои хушбӯй аз ӯ ком бардошт. Миша, ки чандин сол дар муҳити ғайритоҷикӣ зиста, хиёнатро як чизи муқаррарӣ мепиндошт, ба гӯши як зани шавҳардор он қадар қиссаи ишқ мехонд, ки Гулбоғ ба маликаи ҳусн буданаш бовар карда, ба ҳамсараш хиёнат намуд. Миша тамоми ҳунарҳояшро дар бистар нишон дода, Гулбоғи шаҳватхоҳро мутеъи худ гардонид. Зан чун мӯйи дар оташ печида месӯхту аз лабони обияш ба ҳамшаҳрияш бӯсаҳо ҳадя менамуд. Вохӯрии гунаҳолуди ин ду тани хиёнаткор то дер идома ёфт, танҳо бегоҳ Миша Гулбоғро бурда дар наздикии хонааш фаровард.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД