Тори макр (ҚИСМИ 8)
811

Шаҳрванди Россия

Шаш моҳ пас аз ин ҳодисаи хурсандиовар Гулбоғ шаҳрванди Россия шуд. Насим кайҳо шаҳрвандии ин кившари бузургро дошт. Гулбоғ ҳамеша аз кампири Марям миннатдор буд, ки тақдири ӯро ба ин ҷавони меҳнатии меҳрубон пайваст. Ҳар гоҳе барои сохтмони ҳавлияшон пул фиристанд, ӯ албатта аз Насим хоҳиш мекард, ки барои кампири Марям низ каме пул фиристад. Насим ҳамеша дар фикри анҷоми ҳавлияшон дар ватан буд, аммо Гулбоғ, ки дигар ҳаргиз ба ватан рафтан намехост, ӯро аз роҳ мезад:

- Бамаззаҷон, чӣ даркор ҳамон деҳаи пурхоку чанг, мо акнун шаҳрвандони Россия ҳастем, намешавад, ки бо ҳамин пул як хонаи дигар ҳамин ҷо харем?

Аммо Насим бо қатъият мегуфт:

- Гулҷон, ман як пора хоки ватанро аз қасру кушк ва қалъаи бегона беҳтар медонам. Мехоҳам дар ватан реша дошта бошам, фарзандонам он ҷо ба камол расанду анъана ва урфу одати хешро аз ёд набаранд. Ҳавлиямро месозам...

- Хайр ихтиёрат!,- мегуфт бо ноз Гулбоғ, вале дар дилаш ҳаргиз азми дар ватан зистан надошт. Дили ӯро Маскав бо шукӯҳу шаҳомат, мағозаву бозорҳои бешумораш бурда буд. Барои ин бонуи чизпараст танҳо сарвату боигарӣ ва зиндагии осон лозим буду халос. Аммо Насим ёди ватан, ёди деҳа ва ёди зебогиҳои Тоҷикистони маҳбуб мекард, борҳо дар дилаш мегуфт, ки агар ними ҳамин маоши мегирифтаамро дар ватан ёбам, як рӯз дар Россия намеистам...

Хоҳишҳои нави Гулбоғ

Гулбоғ аз чизе танқисӣ намекашид, вале дилаш мехост ҷое кор кунад, ҳар рӯз мисли занони ҳамсоя фасон шуда аз хона барояду бегоҳ дарояд. Ӯ чанд рӯз тайёр шуда як бегоҳ оши палав пухту баъди зиёфат сарашро ба китфи шавҳар гузошта, гуфт:

- Насимҷон, биё маро ягон ҷо кор мон, охир рӯзи дароз дар хона зиқ мешавам. Баъд ин ки пули зиёдатӣ ба мо зарар намекунад, ку! Мехоҳам дар сохтмони ҳавлиямон, ки он ҷо фарзандонамон ба воя мерасанд, саҳм дошта бошам. Вақте онҳо калон шаванд, ба онҳо гӯям, ки ману падаратон барои шумо ин ҳавлиро сохтем...

Насим аз ин ҳавасҳои занаш хандааш омад ва ҷавоб дод:

- Гул, аввал ин ки сохтмони ҳавлиямон дар арафаи анҷомёбист, дуюм, ману ту бояд ба духтур равем ва барои чӣ ҳомила нашудани туро фаҳмем, сеюм, ту дар сохтмони ҳавлӣ баробари ман саҳм дорӣ, зеро маҳз ту ва ишқи ту маро ба зиндагӣ дилгарм сохт. Баъд, агар ту ҳар шаб ба ман чунин хӯрокҳои болаззат намепухтию бистарамро аз нозу карашмаат гулрез намекардӣ, ман аз куҷо нерӯи кор мегирифтам?! Ту метавонӣ бе ягон шакку шубҳа ба фарзандонамон гӯйӣ, ки ману падарат ин ҳавлиро барои шумо сохтем!

Аммо Гулбоғ ҷойи ҷони шавҳарро медонист ва бо бӯсаю навозиш, меҳрубониҳои зиёд дилашро ба даст оварда, ӯро розӣ кард, то барояш кор ёбад...

Кори наву бори нав

Чанд рӯз пас аз ин гуфтугӯ Насим мувофиқи ваъда барои занаш кор ёфт. Акнун Гулбоғ дар яке аз мағозаҳои Иван Иванович дар растаи пойафзоли занона ба кор даромад. Маошаш нағз, хурсандии Гулбоғ ҳадду канор надошт. Ҳарчанд ӯ мехост аз субҳ то шом дар кор бошад, вале шавҳараш танҳо аз субҳ то нимаи рӯз барои кор иҷозаташ дод, баъд ӯро фурӯшандаи дигар иваз мекард.

Насим ҳар субҳ занашро бурда ба кор мемонду баъд худаш аз пайи корҳояш мешуд, пас аз кор Гулбоғ худаш ба хона мерафт. Каме мехобиду баъд аз пайи ғизои шом мешуд. Дар ин миён ба духтури занона низ муроҷиат кард. Духтур гуфт, ки зану шавҳар ҳарду каме хунукӣ доранду пас аз як табобати сабук худо хоҳад соҳиби фарзанд мегарданд.

Гулбоғ, ки ба ҳаёти озоду беғамона дода шуда буд, он қадар талабгори фарзанд ҳам набуд. Ӯ дар дил мегуфт, ки панҷ-шаш сол хӯрда гардем, баъд фарзанддор мешавем. Аммо Насим мехост зудтар фарзанддор шаванд... Гулбоғ рӯякӣ худро фарзандталаб нишон диҳад ҳам, дарунакӣ Насимро мазаммат мекард, ки:

- Худо гирад ту сағираи бесоҳибро, акнун нони хӯрданиро дидӣ, ба серӣ аз зиндагӣ комрон шав, ҳамон кӯдаки фисинат ҳеҷ куҷо намегурезад!

Гулбоғ худро орою торо дода ба кор мерафт, назари ҳаваси мардонро ба сӯяш дида, аз хурсандӣ ба куртааш намеғунҷид. Боре як духтари зебои рус ҳамроҳи шавҳараш барои харидани туфлӣ омад. Маълум буд, ки духтараки нозпарвард аз оилаи сарватманд аст. Ҷавони зардинаи болобаланд низ аз ҳамсараш монданӣ надошту бовиқор рӯйи нармкурсӣ нишаста, интихоби ҳамсарашро аз назар мегузаронид. Ба хонум ягон туфлӣ хуш намеомаду ӯ бо ишва гуфт:

- Миша, ман гуфтам ку, ин ҷо туфлии мегуфтагии ман нест. Биё ба ҳамон ҷойи медонистагиям равем…

Ҳамин вақт ҷавонмард бо забони тоҷикӣ гуфт:

- Афтат дар гӯр ту пишаки дар об задагиро, мегӯйӣ аз осмон фаромада бошад, пойҳои қоқат аз сарат монанд!

Гулбоғ худашро дошта натавониста, баланд хандид. Хонум магар нашунид, ки бепарво аз дар баромад, вале шавҳараш бо лабони пуртабассум ба Гулбоғ нигариста, пурсид:

- Шумо тоҷикед?

- Бале, ман тоҷик, аммо гумон доштам, ки шумо русед...

- Э, напурсед, ҳамшаҳрӣ, пас аз хатми донишкада ҳамкурсамро ба занӣ гирифта дар Маскав мондам, шаш сол гузаштаасту ман акнун дарки пушаймонӣ мекунам, хайр боз мебинем...

Миша бо Гулбоғ хайрухуш карда аз пушти занаш баромад. Дили Гулбоғ хурсанд шуд аз шунидани лафзи ширини модарӣ. Ҳарчанд он суханони нек набуд...

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД