Тори макр (ҚИСМИ 7)
771

Салом Маскав

Гулбоғ бори аввал ба тайёра менишасту аз ҷунбишу ҳаракати он метарсид. Ин ҳолати ҳамсарашро дида, Насим ӯро ба оғӯш гирифта, навозиш мекард. Ба даҳонаш гоҳе пораи шоколад мегузошту гоҳи дигар мева. Гулбоғ, ки ин гуна бахтро ҳатто дар хоби шабаш орзу намекард, худро ситора шуморида, дар самои хаёлоташ ноз мекарду ноз…

Тайёра ба поён нишасту зану шавҳар дар оғӯши ҳам аз он поён шуданд. Назди фурудгоҳ мошини сиёҳшишаи зебое онҳоро мунтазир буд. Марди ғафси русе пешвозашон гирифта, бо Насим гарму ҷӯшон вохӯрӣ карду онҳоро ба назди бинои бисёрқабатае бурда монд. Гапҳои мардро ба Гулбоғ Насим тарҷума карда медод. Ҷавонзан фаҳмид, ки ин ҳамон Иван Иванович асту аз омадани онҳо хушнуд.

Даруни хонаи хушҷиҳози чорҳуҷрагӣ Гулбоғ ҳайрони ҳайрон монд, ин гуна хонаро ӯ дар кинофилмҳои хориҷӣ дида буд. Насим ба ӯ истифодаи ташнобу ҳаммомро нишон доду гуфт, ки фардо дам мегираму рӯзи дигар барои ту ягон муаллимаи забони русӣ меёбам, ту бояд бо забони русӣ гап заданро ёд гирӣ, то азоб накашӣ.

Гулбоғ бо оҳанги ташаккур лабонашро ба лабони бӯсахоҳи шавҳар гузошт... Насим аз навозишҳои ҳамсари ҷавонаш курта-курта гӯшт мегирифт, хурсанд буд, ки ба ҳамасараш маъқул аст.

Дугонаи нав

Чанд рӯз пас Насим духтараки ҷавонеро ба исми Тамара ба хона оварда, бо Гулбоғ шинос кард. Тамара донишгоҳро бо тахассуси забони форсӣ тамом карда будаасту бо тоҷикӣ хеле ширин ҳарф мезад. Ӯ дар баробари забон омӯхтан ба Гулбоғ тарзи нишасту хез, хӯрок хӯрдан бо вилкаю корд ва муносибат бо ашёҳои рӯзгоррро низ ёд медод.

Иван Иванович мехост Насиму занашро барои шиносшавӣ ба тарабхона даъват кунад, аз ин рӯ, ҷавонмарди тоҷик мехост занаш маданияти нишастан дар тарабхонаро хуб омӯзад, то назди хӯҷаинаш шарманда нашаванд.

Гулбоғ, ки бисёр мехост ба занҳои аврупоӣ монанд бошад, хеле сайъ кард ва дар як муддати кӯтоҳ ҳам забон ва ҳам маърифати аврупоиро ёд гирифт. Акнун худаш озодона ба мағозаҳо рафта харид мекард, то омадани шавҳараш хӯрокҳои лазиз пухта, омадани ӯро мунтазир менишаст. Тамара гоҳ-гоҳе меҳмони ин ҷуфти ҷавон шуда, аз хӯрокҳои миллии тоҷикӣ нӯши ҷон мекарду дар навбати худ Гулбоғро ба ин ё он магазин барои харидани либосҳои зебо мебурд.

Иван Ивановичи олиҳиммат

Дар арафаи яксолагии тӯйи хонадорияшон Насим дар тарабхона зиёфат ороста, Иван Иванович ва Тамараро даъват намуд, зеро хӯҷаинаш як соли дароз аз зертобеаш талаб мекард, ки ӯро бо келин шинос намояд. Тамара ва Гулбоғ пеш аз он ки ба тарабхона раванд, ба ороишхона рафта, худро хуб оро доданд. Гулбоғ дар куртаи ҳарири сурхи баланд, ки ба чеҳарааш ҷанг мекард, ба шоҳдухтарҳо монанд буд. Дар сари мизи зиёфат чунон бо карру фар менишаст, ки гумон мекардӣ аз кӯдакӣ дар чунин шароит ба воя расидааст...

Насим бо ифтихор ба маликаи қалбаш менигаристу Иван Иванович бошад, ҳай-ҳайкунон табъи нозуки ӯро тавсиф мекард:

- Насимҷон, ту барои ман мисли фарзандам ҳастӣ, ҳатто аз рӯйи ҷаҳолати ман ва фарзанди эркатулфорам муддате дар маҳбас нишаста, азоб ҳам кашидӣ, аммо маро фаҳмидӣ, хатоямро бахшидӣ... Ман аз ту миннатдорам писарам, ту дар тиҷорат дасти рости ман ҳастӣ, аз ин рӯ хонаеро, ки дар он истиқомат мекунӣ, ба номат кардам, Худо умр диҳад, мағозаеро низ шахсӣ карда ба ту мебахшам, баъд аз дунё равам ҳам армон надорам. Ғайр аз ин...,- Иван Иванович аз ҷояш хеста, гарданбанди зебоеро ба гардани Гулбоғ баст ва гуфт:

- Ҳамсари ту аз ҳамин рӯз иборатан барои ман духтар мешавад.

Гулбоғ аз хурсандӣ қариб буд ба гардани ин марди рус кашол шуда, ӯро бӯсаборон кунад, вале худро дошт. Насим ба Иван Иванович ташаккур гуфт. Пас аз хурсандию рақсу бозӣ онҳо хона ба хона рафтанд. Тамара фурсат ёфта, ба гӯши Гулбоғ гуфт:

- Гуля, ту ҳатто тасаввур намекунӣ, ки дар гарданат пули як ҳавлии кори калон овехта шудааст.

Гулбоғ аноӣ набуд ва медонист, ки Иван Иванович барин марди сарватманд ба ӯ чизи камбаҳо тақдим намекунад...

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД