Тори макр (ҚИСМИ 5)
316

Дугонаи нав

Оля Гулбоғро ба роҳаткурсӣ шинонида, гуфт:

- Дугона, дар дунё занони безеб умуман вуҷуд надоранд, танҳо бонувоне мавҷуданд, ки ба худ аҳамият намедиҳанд. Масалан ту духтари хеле зебоӣ, вале ҳунари нигоҳубинро надорӣ, ки инро ман ба ту меомӯзам, албатта, бо гирифтани маблағи муайян…

Гулбоғ мақсади Оляро фаҳмида, ба дасти ӯ се дусадсомонии шараққосиро часпонд. Оля ин олиҳимматиро аз духтарак интизор набуд, хурсандона ба кор часпид.

- То ҷое ман медонам, шумо тоҷикон шаби тӯятон абрӯвонатонро мечинед, аз ин хотир, то тӯй ба абрӯвонат намерасам.

Оля он рӯз ҳама ҳунарашро нишон дода, чеҳраи Гулбоғро ба воситаи маводҳои кимиёвӣ тоза намуду дасту пойҳояшро низ ороста намуд. Пас як қатор малҳаму шампуну гелҳои шустушӯиро ба нархи гарон ба ӯ фурӯхта, гуфт, ки танҳо аз ҳамин гуна мавод бояд истифода барад. Гулбоғу Оля тӯли он рӯз ба якдигар дугонаҳои ҷонӣ шуданд, ин хонуми рус ба Гулбоғ гуфт, ки то тӯй ӯро албатта ба малики ҳусн табдил медиҳад, духтарак гаштаю баргашта ба оина менигаристу бовар намекард, ки ҳамин чеҳраю дасту пойи нарму мулоими зебо аз они ӯянд…

Маликаи ҳусн

То тӯй Гулбоғ чанд бори дигар назди Оля рафту ба нигоҳубини ҷиддии ҳусни хеш машғул гашт. Бегоҳи тӯяш Оля қошҳояшро аз рӯйи мӯди охирин чиду каме ранг дод. Акнун Гулбоғи сиёҳаку ба назарҳо нонамоён ба маликаи ҳақиқии ҳусн табдил ёфта буд...

Падараш тамоми пулу пайсаи дар бисоташ доштаро сарф карда, барои духтараш ҷиҳози арӯсӣ, зару зевар харид, тӯяки зебое низ орост. Аз ҳама муҳимаш саҳнаи омад-омади домоди нозанин буд. Бо дидани ҷавони хушқадубасти зебо даҳони ҳамедаҳагон воз монд. Чун Гулбоғи мисли лолаҳои наврӯстаи субҳи баҳорон бо пираҳани зебои атлас, қоштилло, кафшҳои зардӯзӣ дар бари ӯ рост шуд, мардум ангушти ҳайрат газиданд. Гулбоғ бо таври ношинохтанӣ зебо шуда буд. Арӯсро ёр-ёр гӯён ба хонаи кампири Марям бурданд. Аҳли деҳа ба хотири модари ҷавонмарги Насим, ки хеле ҷавонзани меҳнатию дидадаро буд, бо дастовезҳои зиёд ба тӯй омаданд. Мардони деҳа бошанд, ҳар кас мувофиқи тавонаш пул низ партофтанд. Аҳли деҳаи Насим низ зери лаб пичиррос мезаданд, ки «кори сағираро Худо рост мекунад» мегӯянд, ки дуруст аст. Ин духтари зеборо бинед…

Писари кампири Марям - Исҳоқ бо маслиҳати модараш меҳмонхонаашонро ба ихтиёри шаҳу арӯс гузошта, гуфт:

- То чиллаатон баромадан бо мо зиндагӣ кунед, баъд чизе Худо хоҳад, ҳамон мешавад.

Гулбоғ бо нимтаъзим ба аҳли ин хонаводаи меҳрубон раҳмат гуфт, Насим низ дастони Гулсунбӣ, келини кампири Марямро бӯсида, гуфт:

- Янгаҷон, шумо, бибиям ва амакам аз наздиктарин хешони ман ҳастед, ман ин некии шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.

Насим ба маликаи ҳуснаш менигаристу ҳеҷ бовар намекард, ки ин ҳамон духтараки пеш дидааш аст. Ӯ бо сад ҷон ошиқи Гулбоғ шуд…

Шаби аввал

Холаи Сайрамбӣ ба нею нестони кампири Марям нигоҳ накарда, курпаю болишти пари қӯ барои домоду духтараш фиристод. Аммо дигар ҷиҳози омода намудаи волидонаш дар хонаи худашон монд.

- Хонаҳоямро созам, баъд онҳоро мебарам,- бо модараш маслиҳат карда буд Гулбоғ…

Шаби васл рӯйи бистари сафеду оҳарӣ Насим тамоми розу ниёзашро ба Гулбоғ изҳор дошт. Ӯ рӯю мӯйи Гулбоғро бӯсидаю бӯйида мегуфт:

- Азизам, ман туро хушбахттарин зани дунё мекунам. Чизе бихоҳӣ, бароят муҳайё мекунам, ту фақат барои ман фарзандони зиёд таваллуд намо, то армон шиканаму дар симои онҳо соҳиби хоҳару бародар шавам…

Гулбоғ бори аввал маззаи оғӯши мард ва бӯсаҳои шакаринро мечашид ва сармасту махмур ба Насим ваъда медод, аммо ҳамон лаҳзаҳо ҳам анкабути макраш тор метаниду гапҳои Оля ба хотираш мезаданд: “Агар хоҳӣ, ки барои шавҳарат азиз монӣ, кӯдаки бисёр таваллуд накун. Дутоякаш бас… Худатро нигоҳубин намо, аз атру упои беҳтарин харидорӣ намо, барои мардон зани ба худаш аҳамият медода писанд аст. Агар кӯдакон бисёр шаванд, пайи тарбияти онҳо худат аз ёдҳо фаромӯш мешавӣ ва шавҳарат думболи зани хушрӯяку хушбӯяк ва таннозакеро мегирад ва ту мемонӣ…».

Насим борони навозишро дар сари арӯсаш мерехту Гулбоғ бошад, дар дил мегуфт: “Не, паҳлавон, ман дар зери либосҳои чиркини кӯдакони ту худамро гӯр карданӣ нестам, дутоякаш бас! Ман барои худам зиндагӣ хоҳам кард, барои худам! Ба он аблаҳҳое, ки маро «Сигани дойразан» меномиданд, нишон медиҳам, ки ман кӣ ҳастам! Онҳо ангуштонашонро газида мехӯранд, ки Гули боғи дилҳоро аз даст додаанд!”.

Шаби васли домоду арӯс хеле хубу гуворо гузашт…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД