Насиҳати модар
Гулбоғ банди андешаҳои интиқомҷӯёна, даромадани модарашро нафаҳмида монд, ки аз садои духтарам гуфтани ӯ аз ҷояш як парида, гуфт:
- Очаҷон, маро тарсондӣ...
Холаи Сайрамбӣ духтарашро ба оғӯш кашида, насиҳат кард:
- Духтарҷон, акнун ҳамаи он кинаю кудурате дар дил дорӣ, парто. Хайр, ҳунарҳои занонаро каму беш медонӣ, фақат ба ту пухтани мантуву угро ва тушбераро ёд диҳам, шуд…
- Эҳ очаяки содаи ман, магар ман дар Россия мантую угро пухта мегардам?! Он ҷо тайёрашро мефурӯшанд, домодҷони ширинатон харида меоранду ман хӯрда хоб,- баланд хандида гуфт Гулбоғ, аммо холаи Сайрамбӣ ба ҷону ҳолаш намонда, ӯро сари суфра шинонд. Гулбоғ низ даркор мешавад гӯён, ба гуфтаи модараш сар фароварду сари суфра нишаст, азбаски каму беш аз сирри тайёр намудани ин хӯрокҳои миллӣ бохабар буд, дигар нозукиҳои онро низ аз бар кард. Модараш як рӯз пеш аз овардани ҷиҳозаш имтиҳон оросту апаю язнаҳояшро ҷеғ зад. Гулбоғ бо сари баланд аз имтиҳони пайвандонаш гузашт, падарашу язнаҳояш ба мантую тушбераҳои пухтаи ӯ баҳои ниҳоят баланд доданд. Гулбоғ худ ба худ меандешид, ки ӯ аз уҳдаи хонадорӣ мебарояд, тамизу рӯфтану пухтанро медонад, акнун бояд ба худаш аҳамият доданро ёд бигирад…
Сарупобиёрон
Кампири Маряму келинаш ва писараш маслиҳат карда, хостанд сару пойи хоксоронае харанд, вале Насим “боз нагӯянд сағираи бесоҳиб аст” гӯён, барои арӯсаш ҳама чизи пеши бозорро харид намуда бурд. Мардуми ба маъракаи сарупобиёрон омада матоъҳои хелмахелу зару зевари овардаи домодшавандаро дида, зери лаб мегуфтанд:
- Духтар пир - бахташ мир! Кӣ мегуфт, ки барои Гулбоғ-сиган як ҷавони зебои саховатманд харидор мешавад?
- Боз сағираи бесоҳиб, касе намегӯядаш, ки аз ин ҷо хеста ҷои дигар шин,- пиччиррос мезад зани ҳамсоя Арафамоҳи морзабон.
Холаи Сайрамбӣ маъракаи зебое ороста, маъракаи ҳаққу ҳамсояро гузарониду ду ҳафта пас тӯйро муайян карданд.
Насим пеш аз рафтанаш ба хусуршавандааш гуфт, ки то тӯй порчаи замини хубе ёбад, то онро харидорӣ намоянд. Амаки Миралӣ дид, ки азми домодшавандааш қавист, чизе нагуфту дар ҷустуҷӯи замин шуд ва маълум шуд, ки Назир-тракторчӣ даҳ сотих замини боғашро фурӯхтанист, зеро дар пойтахт барои писараш хона мехаридаасту пулаш намерасидааст. Боғи Назир-тракторчӣ ба хонаи амаки Миралӣ наздик буду мард бо хурсандӣ онро нарх кард, Насим баъди се рӯз омада пулашро доду заминро ба номаш ҳуҷҷат карда, боз ба хонаи кампири Марям баргашт, то тараддуди тӯяшро бинад…
Гули гулҳо…
Гулбоғ акнун дар тараддуди тӯй буду ҳама куртаҳояи арӯсияшро ба маркази ноҳия ба назди дӯзандаи номдоре бурд. Ҳарчанд дар деҳаашон дӯзандаҳои зиёде буданд, аммо ӯ мехост дигаргуна арӯс шавад. Мехост аввал ба Насим, ки дар вохӯрии аввалин аз намуди зоҳирии ӯ норозигӣ карда буд ва баъд ба ҳамдеҳаҳояш фаҳмонад, ки Гулбоғ кист?!
Дӯзанда аз нақли арӯс фаҳмид, ки ӯ бисёр мехоҳад ба шавҳари современияш маъқул шавад. Аз ин рӯ ба вай маслиҳат дод, ки ба «Кошонаи ҳусн»-и нав кушодаи ноҳия равад, онро як хонуми рус кушодааст. Оля косметолог аст, бо амри тақдир як ҷавони ҳамшаҳрии моро дӯст дошта ба ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистон омадаасту барои хизмат расонидан ба занони ноҳия «Кошонаи ҳусн» кушодааст, ҳама занони сарватманд ва занони машҳури ноҳия аз хизмати ин коргоҳ истифода мебаранд. Гулбоғ дар дил азм кард, ки албатта ба «кошонаи ҳусн» хоҳад рафт...
Духтари маккора
Гулбоғ ба хона баргашта, модарашро, ки ҳамроҳи занҳои ҳамсоя курпаҳои ӯро дӯхта истода буд, як тараф бурда, гуфт:
- Очаҷон, ман бояд афту андомамро дигархелтар кунам. Домодатон дар шаҳрҳои дур гашта, ба духтарони сатанг омӯхта шудаасту бояд ман аз онҳо зеботар бошам…
Холаи Сайрамбӣ бо ҳайрат ба духтараш нигариста, гуфт:
- Духтарам, афту андоми ту айбе надорад, шаби никоҳат холаи Кибриёят қошҳоятро мечинад, ана мебинӣ, гул барин мешукуфӣ, ягон ҷо рафтанат шарт нест...
- Оча, ман намехоҳам гул барин шукуфам, мехоҳам маликаи ҳусн бошам, гапа бисёр накунеду ба ман барои расидан ба ин мақсад камтар пул диҳед.
Холаи Сайрамбӣ медонист, ки Гулбоғ аз гапаш ҳаргиз намегардад, аз ин хотир, барояш пул дод. Рӯзи дигар Гулбоғ саҳари барвақт назди дари «Кошонаи ҳусн»-и «Муҳаббат» интизори омадани машшотаҳо нишаст. Пас аз ним соати интизорӣ хонуми зардинаи зебо, ки ба бар либосҳои миллии тоҷикӣ дошт, омада дарро кушод. Гулбоғ ба ӯ салом дода, гуфт:
- Шумо Оля ҳастед?
- Бале, ман Оля, хизмат духтари хушрӯ,- бо забони ширини тоҷикӣ гуфт хонуми зардина…
Гулбоғ бо Оля дар муддати кӯтоҳ забон ёфту ба ӯ дар бораи шавҳаршавандаи современнияш нақл кард, албатта нақли Гулбоғ пур аз дурӯғ низ буд. Гӯё Насим ба вай гуфта бошад, ки ман туро ба Россия мебараму бояд мисли духтарони шаҳрӣ зебо бошӣ ва ғайра…
Оля нақли духтарро шунида, табассум карду гуфт:
- Ту парешон нашав, ман то метавонам кӯшиш мекунам, то орзуҳои туро бароварда кунам…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД