Шодию ғам
Охирҳои моҳи август буду аллакай саҳариҳо хунук буд. Маша саргарми тайёр намудани мураббо ва ҷамъ намудани алафҳои хушбӯй буд, Гулбоғ низ ба фикру зикри худ овора. Насимҷон, ки тамоми сол бе истироҳат кор мекард, ба занаш ваъда дод, ки насиб бошад, дар зимистон ба Ҳиндустон барои истироҳат мераванд. Дар ин мулки ҳамешабаҳор ҳам сайру саёҳат мекунанду ҳам истироҳат. Дар ҳамин рӯзу шабҳо аз Тоҷикистон хабар расид, ки кампири Марям дар синни 95-солагӣ дунёро падруд гуфтаасту апаи калонии Гулбоғ - Раъно келин мегирад. Насимҷон ба Гулбоғ гуфт, ки барои як ҳафта ба Тоҷикистон меравем. Гулбоғ бо хурсандӣ ризоият доду ба ҷамъ кардани либосу туҳфаҳо сар кард. Баъди ду рӯз онҳо хонаву дарашонро ба Машаву шавҳараш ва Насимҷон савдояшро ба ҷонишинаш супорида, озими ватан гаштанд. Гулбоғ аз тайёра фаромада, нафаси сабук кашид, чун ба маркази вилоят расиданд, боз фикру зикраш банди Сарватхоҷа гашт…
Дар хона
Падару модари Гулбоғ набераи навашонро бо пойандозу пулпошиҳо пешвоз гирифта, аз дидораш серӣ надоштанд. Насимҷон рӯзи дигар ҳамроҳи зану фарзандону хусуру хушдоманаш барои фотеҳахонӣ ба хонаи кампири Марям роҳ пеш гирифтанд. Ҷавон баъди суҳбат бо ҳамдеҳагон аз гӯри падараш хабар гирифта, онро ободу тоза дид, писари кампири Марям аз гӯри падари бародархондаш ҳамеша бохабар буд. Насим Бунёдҷонро низ ҳамроҳаш ба сари қабри падараш бурда, бо гиря пичиррос зад:
- Салом падарҷон, ана ин писари ман, набераат…
Бунёд бо даҳони во ба падараш нигоҳ карда, дар ҳайрат буд, ки чаро падараш мегиряд. Ӯ бо дастони кӯчакаш ашкҳои падаршро тоза карда, па-па, па-па мегуфту халос. Зеро гап заданро хуб ёд нагирифта буд…
Пас аз ду рӯз тӯйи хонадоршавии ҷияни Гулбоғро гузаронида, ба Маскав баргаштанд. Чанд рӯзи дар ҳалқаи хешу табору ақрабо будан андешаҳои Гулбоғро тоза карданду таъбашро болида…
Чашми бад
Пас аз як ҳафтаи аз Тоҷикистон баргаштан аҳволи Бунёд яку якбора бад шуд, духтурҳо беморияшро иллати шушҳо гуфтанд. Акнун Гулбоғ дар беморхона бо писарчааш хоб буду Дилшоди хурдакак бошад, дар тарбияи Маша. Насимҷон аз бемории фарзандаш дар ташвиш буду як пояш дар кору як пойи дигараш дар беморхона. Духтури миёнсоли айнакӣ ба Насим гуфт:
- Ин беморӣ он қадар хатарнок нест, вале ба писаратон як бор хун додан лозим, хуни модараш рост наомад, аз ин рӯ, аз шумо хун мегирем.
Духтур баъди ташхиси хуни Насимҷон бо ҳайрат ӯро наздаш ҷеғ зада, гуфт:
- Писаратон фарзанди худатон аст ё…
- Писари худам,- бо ҳайрат гуфт Насимҷон…
Духтур дигар чизе нагуфта, ба Насимҷон фармуд, ки аз фалон марказ хун харида биёрад, то ба писараш хун гузаронанд…
Даводавҳои Насимҷон фоида бахшиданду Бунёдҷон дар як муддати кӯтоҳ шифо ёфт, вале як кунҷаки дили мард сиёҳ буд. Баъд аз чанд моҳи ин воқеа ӯ боз ба назди ҳамон духтур рафта, дар бораи саволи додааш шарҳу эзоҳ талабид. Духтур рӯирост гуфт:
- Ташхиси ДНК гузаронед, ҳамааш муайян мешавад…
Дар олами гумонҳо…
Акнун Насимҷон дар ҳар амали занаш камбудӣ мекофт, ҳарчанд ӯ ба Гулбоғ нагӯяд ҳам, акнун гӯё аз хоб бедор шуда бошад, ишқварзиҳои занашро дар бистар пеши назар оварда, дар дил мегуфт:
- Чӣ гуна ман ба ин ҳама аҳамият надодам, охир як духтараки қишлоқӣ чӣ гуна метавонад мисли фоҳишаҳои таҷрибадор дар бистар «ҳунарнамоӣ» кунад?
Пас аз ду моҳи фикру зикр Насимҷон ба хулосае омад, ки бояд ташхиси ДНК гузаронад. Чунки ба чеҳраи писаронаш, ки онҳоро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, назар афканда, ягон монандӣ ба худ намедид…
Як рӯз Гулбоғ гуфт, ки ба «Кошонаи ҳусн» меравад ва аз фурсати муносиб истифода бурда, Насимҷон ҳарду писарашро гирифта ба яке аз марказҳои бонуфузи тиббии Маскав рафта, ташхис супорид. Ин гуна ташхис нархи гарон доштаасту танҳо баъди ду моҳ ҷавобаш меомадааст. Насимҷон зиқу фарсудаҳол мегашт, танҳо Маша медонист, ки писархондашон барои чӣ ин гуна ҳолат дорад, зеро дар сафар ба маркази тиббӣ ҳамсафари ӯ буд. Насимҷон аз Маша хоҳиш кард, ки ба Гулбоғ аз ин сафарашон чизе нагӯяд…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД