Марди хирадманд
Насимҷону Люда боз як бори дигар ба марди хирад будани Иван Иванович бовар карданд. Ин мард дар тӯли зиндагии на он қадар дарозаш танҳо ба онҳо бовар кардааст. Ӯ медонистааст, ки агар давлату сарваташро ба Светланаи нозпарвардааш мерос монад, ӯ ҳароҳи дӯстонаш зуд онро хӯрда нобуд мекунад, аммо Насиму Люда метавонанд ба ӯ дар лаҳзаҳои вазнини зиндагӣ дасти мадад расонанд.
Баъди мондани ҳайкали мармари Иван Иванович дар сари қабраш, Света ба Люда изҳор дошт, ки агар розӣ шавад, ба ҷойи мағоза ӯ салони зебоӣ мекушояд: “Ман дар хориҷа нозукиҳои макияж, нохунпероӣ ва дигар санъатҳои зебоиофариро омӯхтаам ва мехоҳам ҳамин гуна тиҷорат дошта бошам. Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки баъди каме ба по хестан, албатта пулатонро бармегардонам”.
Акнун Света бе машварати Людаю Насим кореро ба анҷом намерасонд ва дар як муддати кӯтоҳ мизоҷони хешро ёфт. Ин ду нафар низ нафаси сабук кашиданд, зеро дигар азоби виҷдон намекашиданд. Вазнинии азоби виҷдонро танҳо шахсе медонад, ки онро дорад…
Исёни Гулбоғ
Насимҷон як одате дошт, ки аз ҳамсараш чизеро пинҳон намедошт, аз ин рӯ ба ӯ дар бораи некии худашу Люда гуфта доду дар бало монд. Гулбоғ, ки дар моҳи нуҳуми ҳмилагӣ қарор дошт, яку якбора чеҳраи аслияшро нишон дода, чунон фарёд кашид, ки Насимҷон дар ҳолати шок афтод:
- Барои чӣ ту пулҳои моро ба ҳар тараф пош медиҳӣ, вай фоҳишаи майзада кӣ аст, ки ёриаш медиҳӣ!? Шояд бо ӯ ягон алоқа низ дорӣ…
Насим ин қабеҳгуфтории Гулбоғро бори аввал мешунид, аз ин рӯ, худашро дошта натавониста, ба рӯяш шаппотии обдоре фаровард. Гулбоғ даме хомӯш монду баъд аз гиребони шавҳар гирифт:
- Ту барои як манҷалақӣ модари фарзандонатро задӣ а, сағираи почакандаи гушнамаст?!
Насим аз ин таънаи занаш ба худ омада, гуфт:
- Э раҳмат, раҳмат… Инсони беандеша зуд кӣ будани худашро фаромӯш мекардааст, аммо аз рӯзи туро диданам ман почаканда набудам, баръакс ту мисли лӯлиён либос мепӯшидӣ.
- Хонаву даратонро низ дида будам, акнун зунукатро гир, ман гап мезанам,- баландтар фарёд зад Насим ва афзуд:
- Ту ба падари Света кӣ мешавӣ?! Ба бибии Марям зоғат аз боғашон гузар накардааст. Баъд, ман аз пагоҳ тамоми мероси ба ман гузоштаи Иван Ивановичро ба Света бахшида, ба Тоҷикистон бармегардам, шукри Худо он ҷо хонаву дар дораму дигар он сағираи почаканда нестам. Ягон кор ёфта дар ватан мемонам…
Бо шунидани ин суханҳо Гулбоғ худро ба беморӣ зада, шикамашро дошта, фарёд зад, ки “вой очаҷон, мемирам”...
Бунёдҷон баробари модараш мегирист… Насимҷон аз тарс ёрии таъҷилиро ҷеғ зад. Духтурон Гулбоғро муоина карданду ягон дард наёфтанд. Насим Бунёдҷонро, ки аз духтурон тарсида буд, гирифта берун баромад. Гулбоғ аз фурсат истифода бурда, ба дасти ҳарду духтур саддоларӣ қаппонда, гуфт:
- Шавҳарам маро зиёд асабонӣ мекунад, илтимос ӯро сахт тарсонед…
Духтурон, ки ду нафар, мард ва духтараки ҷавоне буданд, аз ҳиммати бемор хушҳол шуда, вақти берун баромадан ба Насим маслиҳат доданд, ки бемор бояд асабонӣ нашавад, вагарна ҳам худаш ва ҳам кӯдакашро хатари марг таҳдид мекунад. Талхаи Насимҷон ба қавле кафид ва сар то пойи хонуми дар ҳилла гумашро бо бӯса шуста, аз ӯ узр пурсид. Гулбоғ низ худро беҳол нишон дода, гуфт:
- Ҳоҷати бахшиш нест, ёд надорам, ки ту чӣ гуфтию ман чӣ?!
Акнун Гулбоғ ба косаи тар даст намезад, кораш шабу рӯз бо ошиқаш Сарватхоҷа гап задан буду кору бори хона ва нигоҳубини кӯдакаш ба уҳдаи Маша. Сарватхоҷа ба Гулбоғ ваъда дод, ки баъди ду моҳ бо кори заруре ба муҳлати ду моҳ ба Маскав меояду Худо хоҳад вомехӯранд. Ин марди фосиқ гоҳ-гоҳ шӯхӣ карда мегуфт:
- Шояд писари батнат аз ман бошад…
Аммо Гулбоғ қатъиян гуфт:
- Не, падари фарзандам шавҳарам аст, ман инро аниқ медонам…
Ин зани ба тори макр печида дурӯғ мегуфт, зеро намедонист, ки падари фарзандаш кист…
Тавлиди писари дуюм
Пас аз расидани моҳу рӯзаш рӯзе Гулбоғро дарди зодан гирифт. Насимҷон бо тарсу ларз ҳамсарашро ба беморхона бурд, зеро то ҳол ларзаи аз суханони дурӯғи духтурони зархариди Гулбоғ ба ҷонаш афтида дур нашуда буд. Гулбоғ писараки зебое ба дунё овард, моҳи июн буду айни шукуфоию зебоии табиати Маскав. Гулбоғ мисли шоҳзанҳо рӯйи арғунчаки ҳиндии даруни боғ мехобиду пешаш рӯйи миз пур аз анвои хӯрданӣ, Бунёдҷонро падараш субҳ ба боғчаи шахсиии бонуфузе бурда бегоҳ меовард. Дилшод - писари дувумиро, ки хеле оромтабиат буд, асосан Маша нигоҳубин мекард. Гулбоғ ҳамеша аз пайи нигоҳубини хеш буд, ба тарзи либоспӯшияш нигариста, гумон мекардӣ, ки аврупоии тоза асту қишлоқҳои пурсангу хоки Тоҷикистонро дар хоби шабаш ҳам надидааст.
Баъди тавлиди писараки дувумаш Насимҷон худро пурра дар ихтиёри занаш монда, аз хати кашидаи занаш берун по намемонд. Гулбоғ хонашин бошад ҳам, ҳар ҳафта сари чанбараки мошин нишаста, ба толорҳои зебоӣ рафта, маҳсу макияжу боз ким-чӣ гуна балоҳои дигарро гирифта бармегашт.
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД