Маслиҳати тақдирсоз
Баъд аз чанде кампираки нуронӣ “ассаллому алейкум” гӯён вориди хона гашту чашмони камнурашро нимпӯш карда, гуфт:
- Дар деҳаи мо пиру кампире зиндагӣ мекарданд, Гулзор - зани мӯйсафед дугонаи ман буд. Онҳо аз дори дунё як писар доштанд, чун кампир бемор шуду аз дунё гузашт, мӯйсафеди Ҳомид зани аз худаш 35 сол хурд гирифт. Писараш, ки донишгоҳи омӯзгориро хатм намуда буд, «хонаву дар аз падарам, Россия рафта кор мекунаму хона месозам, баъд зан мегирам» гуфт. Дар Россия ба туҳмат гирифтор шуда, панҷ сол маҳбасӣ гашт. Дар ин муддат мӯйсафеди Ҳомид вафот кард, зани ҷавонаш, ки аз ӯ як духтарча дошт, хонаву дари ӯро савдо карда, дар маркази вилоят барои худашу духтараш хона харид ва он ҷо шавҳари нав кард. Акнун писарашон Насим аз Россия баргаштааст, ҷавони чорпаҳлуи кордону чаққон, ҳамроҳаш як миқдор пул низ овардааст. Мехоҳад зан гирифта, ӯро ҳамроҳаш ба Россия барад, аммо касе кори ӯро сару бар намешавад, на амаку на тағою на каси дигар. Бечора бача қасам рӯйи қасам мехӯрад, ки зиндонӣ шуданаш туҳмат буд, вале касе ба ӯ бовар намекунаду духтар намедиҳад. Акнун ӯ рӯ ба ману писаронам овардааст. Писарам сабаби зиндон шуданашро пурсид, мегӯяд, ки дар хонаи як шахси сарватманд кор мекардааст. Аз сейфи ӯ чанд ҳазор доллар гум мешаваду милисаҳо ҳама айбро ба гардани ӯ зада, ба зиндонаш мепартоянд. Аз панҷ соли зиндон чоруним солашро мешинаду баъд ба хӯҷаин маълум мешавад, ки ин пулҳоро на коргари тоҷикаш, балки духтари қиморбозаш дуздида будааст. Ин мард бо узру маънӣ ба назди Насим медавад, ӯро аз маҳбас озод мекунаду пул дода ба ватан мефиристад. Насим сад қасам мехӯрад, ки ҳамон хӯҷаини рус гуфтааст, ки ман як умр аз ту қарздораму бароят кори хубе меёбам, рафта хонадор шуда баргард. Агар розӣ бошед, ба воситаи ҳамин хоҳаратон ба ман расонед, ман худам ба хостгорӣ меояму духтаратонро тӯй карда ба Насим медиҳем. Он тарафашро худашон медонанд, хоҳанд як муддат дар хонаи шумо меистанд, нахоҳанд...
Холаи Сайрамбӣ аз чунин ранг гирифтани кор хурсанд буд, аммо метарсид, ки шавҳарашу Гулбоғ розӣ намешаванд.
Падар розӣ, Худо розӣ
Холаи Сайрам аслан ягон гапи аз шавҳараш пинҳонӣ надошт ва баъди бозгашт ба хона шавҳару духтарашро наздаш хонда, ҳама гапи кампирро нақл намуд. Гулбоғ бо шунидани номи Россия болу пар афрохту қариб мегуфт, ки ман розӣ, аммо каме шармаш монда буд, ки хомӯш ба падараш нигоҳ кард.
Ба амаки Миралӣ сағираи бесоҳиб будани домодшаванда писанд омад, аммо ҳеҷ намехост, ки сиёҳаки якдонаашро ба Россия фиристад. Дар дилаш ин баъд мешавад гуфта, ман розӣ, бигузор духтаракам хушбахт шавад гуфта, даст ба рӯй кашид. Холаи Сайрамбӣ зуд ба хоҳараш занг зад ва гуфт, ки ризоияти аҳли хонадонро ба кампираки мушкилкушо фаҳмонанд.
Кампири Марям холаи Сайрамбиро дида, духтарашро хуш карда буд, гумон дошт, ки Гулбоғ низ мисли модараш қоматбаланду шармгину зебост, аммо ҳангоми хостгорӣ дар рӯ ба рӯяш духтараки сиёҳҷурдаеро бо чашмони бозингар дида, дилаш таҳ кашиду гуфт, ки Насиму Гулбоғ бояд якдигарро бинанд…
Чанд рӯз баъд, писари кампир ҳамроҳи домодшаванда, ки як ҷавони қоматбаланди сиёҳабрӯи ниҳоят зебо буд, ба меҳмонӣ омад. Дили Гулбоғ, ки аз роғи пардаи турии арзонбаҳояшон ӯро дида буд, пар-пар мезад. Холаи Сайрамбӣ ҳамроҳи Насим ба хонаи дигар ба назди Гулбоғ даромаданду амаки Миралӣ бошад, ҳамроҳи писари кампир дар меҳмонхона чойнӯшон суҳбат карданд.
Насим аслан духтаракони сабзинаро дӯст медошт, аз ин хотир, ба Гулбоғ гуфт:
- Шумо духтари зебо, аз чизе камбудӣ надоред, вале либосҳоятон ниҳоят ҷилодору ангуштаринҳоятон ҳам аз ҳад зиёд, ба ман ин хелаш маъқул не...
Холаи Сайрамбӣ тарсид, ки ҳамин ҳоло духтараш дағалие мекунаду домодшавандаи нозанинро мегурезонад, аммо Гулбоғ сода набуд... Ӯ бо сари хам гуфт:
- Баъд аз тӯй шумо чизе, ки гӯед, ҳамон мешавад.
Холаи Сайрамбӣ моҳирона нақш бозидани духтарашро дида, оҳистакак ба берун баромаду ҷавононро танҳо гузошт…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД