Тори макр (ҚИСМИ 19)
382

Ту аз ман бош як шаб…

Гулбоғ он шом низ бо туҳфаҳои барзиёд ба хона баргашт, аммо Саватхоҷа вақти хайрухуш ӯро зорӣ кард, ки дафъаи дигар албатта як шаб бо ӯ бимонад. Гулбоғи шаҳватпараст дигар бо Сарватхоҷа омӯхта шуда буду волидайни пирашро фиреб дода, гӯё барои табобат мерафта бошад, зуд-зуд назди ошиқаш мерафт. Кор бо он анҷом ёфт, ки Насимҷон ба Гулбоғ занг зада, гуфт:

- Занакҷон, Иван Иванович бемор шудаасту ман наметавонам дар соли нав ба ватан равам. Беморияш вазнин, дар беморхона бистарӣ аст, духтурон мегӯянд, ки бемории дилаш ҷиддӣ аст, агар ҷарроҳӣ нашавад, мурданаш мумкин. Худат медонӣ, ин мард ба ман некиҳои зиёде кардааст. Ба шарафи ӯ мову ту шаҳрванди Россия ҳастему дар маркази Маскав хонаи шахсӣ дорем. Ӯ ғайри ман ба каси дигар боварӣ надорад, духтари эркаи пулмасташ дар Амрико зиндагӣ мекунаду ҳатто ба аёдати падар омаданӣ нест. Тамоми тиҷорат имрӯз бар дӯши ман аст, ҳатто вақти сархорӣ надорам. Ба ту як ҳафта муҳлат, Бунёдҷонро бигиру ба назди ман биё, будани шумо ба ман ниҳоят зарур, боз шуморо пазмон шудаам. Ниҳоят пазмон шудаам… Аз кор бармегардам, хона мисли гӯр холию ҳуввас мезанад…

Гулбоғ аз овози Насимҷон хастагию пазмонии зиёдро эҳсос кард, ҷавонмард намегиристу халос. Хонуми ҳиллагар фаҳмид, ки агар бо баҳонае рафтанро рад кунад, шавҳараш шояд ба шубҳа афтад, хуб медонист, маҳз дар ҳамин гуна ҳолатҳо мардҳо дар оғӯши зани дигар паноҳу меҳрубонӣ меҷӯянд. Ӯ бо баҳонаи билетхарию табобат боз як шаби дигарро дар оғӯши Сарватхоҷа саҳар кард. Ошиқаш барои ӯ ва писараш билети тайёра харида, Гулбоғро бовар кунонд, ки дар лаҳзаҳои наздиктарин ба Маскав ба хабаргирияш меравад.

- Ман дар Маскав хона дорам, он ҷо писари донишҷӯям истиқомат мекунад,- Гулбоғро бӯсида, таъриф кард Сарватхоҷа.

Онҳо хайрухуш карданд. Сарватхоҷа дар як сумкаи зебои сафарӣ пистаю бодому ғӯлинг, қандалоту боз дигар чизҳои лазизро саранҷом намуда, дар мошини Гулбоғ монд ва шӯхӣ кард, ки ин туҳфаи ман ба язна…

Гулбоғ баъди се рӯзи вохӯрӣ бо Сарватхоҷа азми сафари Маскав кард, ӯро падару модар ва шавҳари Шаҳло ба фурудгоҳ оварда, гусел карданд. Дили омӯхтаи бонуи маккори хиёнатпеша кашоли ватану ошиқи наваш монд…

Шавҳари меҳрубон

Дар фурудгоҳ Гулбоғу писарашро Насимҷон пешвоз гирифт. Ҷавонмард азизонашро бо бору бунашон ба мошинаш бор карда, роҳ сӯйи кошонаи гарму равшанаш пеш гирифт. Пардаи шом Маскави азимро фаро мегирифт. Гулбоғ ба ин шаҳри чароғону зебо нигариста, худ ба худ лаҳзае пушаймон шуд, ки чаро ношукрӣ мекунад? Ҳамсараш садқаю балогардонаш, фарзанду хонаву дар… Аммо ҳамин лаҳзаҳо аз гӯшаи дигари хаёлаш касе ба вай мегуфт:

- Дар ин дунёи дурӯза хӯру гард!

Гулбоғи ҳавасбоз бештар ба дувумӣ бовар мекард, ба «ҳамон», ки ӯро ба айшу нӯшу зино даъват мекард. Дар хона сари мизи пурнозу неъмат онҳо то дер сухбат карданд, аммо субҳ… Субҳ Гулбоғ хеле дер аз хоб бархост, зеро Насими пазмону волаю шайдо шаб хоб рафтанаш намонда буд. Насим кайҳо пайи кор рафта буду Бунёдҷон аз катчааш ба ӯ ширин табассум мекард. Гулбоғ бору бунашро ҷо ба ҷо карда, хӯрок пухт. Ҳамин вақт телефонаш занг зад. Сарватхоҷа бо меҳр аз чӣ гуна сафар кардану расиданаш пурсон шуд. Ҷавонзан бо нозу адои дилбарона бо ӯ то садо додани занги дар суҳбат кард ва Насим чун ҳарвақта дер омаду гуфт, ки Иван Иванович бад шудааст…

Мусибат

Рӯзи дигар ин марди русе, ки пушту паноҳи Насимҷон дар ин мулки бепаҳно буд, аз олам чашм пӯшид. Насимҷон, гӯё падараш фавтида бошад, бо алам ашк мерехту аз пайи бо обрӯ гӯр кардани корфармои меҳрубонаш шуд. Пас аз шаш рӯз маросими ба хок супоридани Иван Иванович баргузор гашт. Аз мурданаш чил рӯз гузашт. Насимҷон бо ёрии зердастони дигар тамоми маросимҳоро мувофиқи анъана доданд. Ҷавон чун пештара ҳамаи корҳои савдоро пеш мебурд, зеро танҳо баъди шаш моҳ меросбари ҳақиқӣ муайян мегашт ва ҷавон розӣ буд, ки тамоми корро ба ӯ супорад. Дили Насим пур буд, зеро хонае, ки ӯ истиқомат мекард ва як мағозаи калони пойафзол ба номи ӯ буданд… Духтари Иван Иванович - Светлана, ки дар хориҷа мезист, паса аз рӯзи қабул намудани мерос ҳамроҳи як дугонааш ҳозир шуд. Ӯ Насимҷонро песонду бовиқор назди ҳуқуқшинос нишаст. Ғайр аз Насимҷону Света он ҷо зани миёнсоле, ки дар сар лентаи сиёҳ ва дар чашмонаш айнак дошт, ҳозир буд. Насим ӯро якум бор медид.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД