Тори макр (ҚИСМИ 17)
987

Бемории сохта

Гулбоғ аз дарвозаи ҳавлияшон ворид шуда, худро бемор вонамуд кард. Баъди ишқбозиҳои дурудароз бо Сарватхоҷа хастаю лакот менамуд, аз ин рӯ, падару модараш бо ташвиш аз вай аҳвол пурсиданд…

- Тинҷӣ, дилам бемор будааст… Ташхис супоридам, ҳамон ҷо чак-чаку сӯзандору гирифтам, барои ҳамин дер шуд.

- Доруҳоятро гирифтӣ? Духтари ҳамсоя омада мегузаронад,- бо дилсӯзӣ гуфт модар.

- Не, духтур гуфт, ки баъди се-чор рӯз дардатро муайян карда, баъд дору менависам. Чанд ҳаб доду халос…

- Шояд ба Россия меравӣ? Он ҷо табибон зӯртаранд,- гулпурсӣ кард модар.

Гулбоғ хастаҳолона гуфт:

- Ҳа, худам ҳам ҳамин тавр гуфтам, вале духтур мегӯяд, ки айни ҳол бо тайёра парвоз карданам мумкин нест, дар қатора сафар кардан ҳам хатар доштааст…

Гулбоғ чунон моҳирона дурӯғ мебофт, ки андуҳ дар чеҳраи падару модараш соя афканд. Зани бераҳм чун дид, ки ба мақсадаш расид, гуфт:

- Оча, Бунёдҷонро биёр, рафта хоб кунем, баъди гузаронидани чак-чак худамро хаста эҳсос мекунам, мошинро базӯр ронда омадам.

- Бунёдҷон сер, бо бобояш бозӣ карда-бозӣ карда хобаш бурдааст, худат рафта дам гир,- гуфт бо ғамхории модарона холаи Сайрамбӣ.

Гулбоғ “майлаш” гӯён ба хонаи хобаш даромаду худро болои диван партофт. Чун ба телефонаш назар кард, пайи ҳам чанд паёмак аз Сарватхоҷа омада буд: Гулбоғ, бори аввал чунин роҳат бардоштам аз ҳамбистарӣ бо зан, ҳарчанд бо занони зиёде будам… Оғӯши ту ширинтар аз ҳама чизи ҷаҳон будааст… Ту рафтию ман дар андешаам, ки боз кай медида бошамат, кош фардо…

Гулбоғ кӯтоҳакак навишт: “Худоро зора кун!”.

Чизпараст

Гулбоғро бо ҳама хастагӣ хоб намебурд, ӯ интизорӣ мекашид, ки кай волидонашро хоб бараду ӯ туҳфаҳои ба мошинаш бор кардаи хизматгорони Сарватхоҷаро оварда бубинад. Лифофаи додаашро аллакай раҳораҳ хабар гирифт, даруни он ду ҳазор доллар гузошта шуда буд ва дар қисмати дарунияш чунин навиштаҷот буд: “Бензинпулӣ!”. Боз эҳсоси гуруснагӣ ҳам мекард, зеро аз Сарватхоҷа шарм дошта, чизе нахӯрда буд…

Гулбоғ оҳистаяк хеста ба берун назар кард, чароғи хонаи хоби падару модараш хомӯш буду шабчароғи булурин хира-хира месӯхт. Ин маънои онро дошт, ки падару модари содааш пас аз ташвишҳои рӯзона аллакай бароҳат хобидаанд. Гулбоғ ба берун баромад, моҳи октябр бошад ҳам, ҳаво гарму форам буд, аз осмон ситораҳо як-як чашмак зада, гӯё ба аҳли замин шаби хуш орзу мекарданд. Деҳа низ хомӯш буд, аз ким-куҷое садои сагони дайду баланд мешуд, бод магар мисли бачаҳои мевадузд ба боғҳои мардум сар халонда буд, ки атроф бӯйи себу ангур ва шафтолу мекард. Гулбоғ каме зебоии шаби деҳаро тамошо карду фикраш ба Сарватхоҷа рафт, чӣ қадар усто буд дар ишқварзӣ ин марди зебо… Сар то пойи Гулбоғро бо бӯсаҳои ширин шуст... Бо ёд овардани ин манзара дар лабони бону хандаи ифтихоромезе давид…

Гулбоғ оҳиста-оҳиста ба назди мошин рафта, ҳамаи борро берун бароварда, се навбат то ошёнаи дуюм, хонаи хобаш кашида бурд. Баъд дари мошинашро пӯшида ба хонааш даромаду чароғро равшан кард. Халтаҳоро якта-якта кушода дида, аз саховати Сарватхоҷа дар ҳайрат монд ин бонуи чизпараст…

Ҳотами той…

Дар як халта як рони равғанини гӯсфанди дар танӯр пухташуда бо чанд кулчаи ширмол, дар қуттии коғазии калон қанду қандалоту бодому пистаҳои олисифат, дар халтаи дигар як пероҳани аврупоидӯхти ниҳоят зебо ва куртавори атласи қиматбаҳо. Аз ҳама зеботараш пӯстине буд, ки гӯё ба қаду басти Гулбоғ чен карда бошанд… “Дар Россия ин гуна пӯстин камаш даҳ ҳазор доллар меистад, ин «гурги гурусна» инро аз куҷо ёфта бошад?”,- бо хушҳолӣ аз дил гузаронид Гулбоғ, ки чашмаш аз тамошои туҳфаҳои ошиқи наваш сер намешуд. Ӯ боз ороишоти тилоии Сарватро ба гардан баста, худро дар оина дид ва аз дил гузаронид, ки “ин бонуи мавзунқомат бо ин ҳусни худодод ба ҳама чиз меарзад!”.

Гулбоғ бо табъи болида ба хоб рафту субҳ ғайри одат барвақт аз хоб хеста, ҳавлиҳоро рӯфт ва рӯйи кати ҳавлӣ дастархони пурнозу неъмате орост. Падару модараш инро дида, аз куҷо будани нозу неъмати дастархонро пурсиданд. Гулбоғ бо ханда гуфт:

- Дина ба бозор даромадам ва дилам ба гӯшти танӯрӣ рафт, боз танҳо хӯрдан нахостаму зиёдтар гирифтам, ки ҳамакаса хӯрем. Боз ҳаст, бегоҳ насиб бошад, апаҳоямро ҷеғ мезанем. Худам ош мепазам!

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД