Сарватхоҷа…
Ду рӯзи дигар Гулбоғ аз хона набаромад. Дар ин ду рӯз аз зангҳои Сарватхоҷаи ошиқ безор шуд. Рӯзи сеюм субҳи барвақт ба Оля занг зада, ба кошонаи ҳусни вай рафта худро ороиш доду хост ба хонаи дӯзанда рафта либосҳои фармоиш додаашро бигирад. Нав аз курсӣ хеста буд, ки Оля гуфт:
- Сарват Аҳмадович бо дидани ту девонатар мешавад…
Аз ин сухани дугонаи ҷонияш дили Гулбоғ ба тапидан даромаду беҳол рӯйи курсӣ аз нав нишаста, гуфт:
- Оля, чаро ту шумораи телефони маро ба ин мард додӣ?! Охир, медонӣ, ки ман шавҳар дорам…
- Э дугон, медонам… Бовар дорӣ, ки Насимҷони ту то рафтанат ба Русия ором менишинаду дасти ягон зебосанами дигарро намедорад?! Ман ба ту намегӯям, ки даррав ба бистари Сарват даро, хайр суҳбат, тарабхона рафтан, шиносоӣ, оё ин бад аст?!
Аммо Оля ба дугонааш нагуфт, ки ба ивази рақами телефони ӯ аз Сарватхоҷаи пулмаст дусад доллар гирифтааст…
- Не, Оляҷон, ман ҳеҷ гоҳ ба шавҳарам хиёнат намекунам,- қатъӣ гуфт Гулбоғ, вале дар дилаш нияти дигар дошт… Ӯ намехост, ки каси дигар аз шиносбозию ишқбозиҳояш дарак ёбад, ӯ зани ниҳоят пухта буд…
Рӯзи дигар Гулбоғ аллакай бо имиҷи нав ба маркази ноҳия баромад, либосҳои зебо, ороишоти бриллиантӣ бо ҳуснаш ҷанг мекарданд. Сарватхоҷа ӯро дар назди маркази савдое дида, боз зангаш зад…
Хулоса, баъди се рӯзи зорию сӯхтаму пухтами Сарватхоҷа Гулбоғ ба вохӯрӣ розӣ шуд…
Мулоқот
Рӯзи дигар Гулбоғ бо Сарватхоҷа маслиҳат карда қарор доданд, ки дар маркази вилоят вомехӯранд. Маркази вилоят аз ноҳияи Гулбоғино ҳамагӣ яксоата роҳ буд. Гулбоғ худро аз шаб ба беморӣ зада, аз падару модараш иҷозат гирифт, ки ба маркази вилоят ба духтур меравад. Онҳо иҷозат доданд. Ҳарчанд падараш мехост ҳамроҳаш равад, аммо Гулбоғ розӣ нашуду худаш субҳи барвақт ба роҳ баромад. Ӯ ба тарабхонае роҳ пеш гирифт, ки он ҷо ӯро Сарватхоҷа интизор буд. Чун вориди тарабхона гашту ба яке аз хизматчиён гуфт, ки ин ҷо ӯро Сарват Аҳмадович интизор аст, даррав ӯро ба кабинае бурданд, ки мизи пур аз нозу неъмат оро дода шуда буд, рӯи мизро дастаи калони гулҳои садбарг оро медод. Гулбоғ ҳамагӣ панҷ дақиқа интизорӣ кашид, ки Сарватхоҷа вориди кабина гашт. Ӯ хеле зебо либос пӯшида буд, қомати баланд, чашму абрӯи сиёҳ, мӯйи сари босалиқа шоназадааш ӯро ба ким-кадом актёри рус монанд мекард. Гулбоғ ҳарчанд мехост номи ин актёрро ба ёд биёрад, наметавонист. Сарватхоҷа натанҳо марди хушсалиқаи зебо, балки хушсухану дасткушод низ будааст…
Дили омӯхта
Ӯ баъди зиёфат “чун хотира аз ватану аз ман” гӯён ба Гулбоғ туҳфаи қимате кард. Ин туҳфа аз гарданбанд, гӯшвор, ангуштарӣ ва даспонаи тилоии миллӣ иборат буд, ки ҷамъулҷамъ аз сесад грамм тилои холис сохта шуда, бо сангҳои қиматбаҳо ороиш дода шуда буд. Гулбоғ ҳарчанд баландназарӣ карда, онро гирифтан нахоста бошад ҳам, Сарватхоҷа гуфт:
- Гулбоғҷон, ин ҳамту аз нӯги хамир фатир, мо низ аз бойбачаҳои Русия камӣ надорем. Агар лутф кунеду бо мо дӯст шавед, пушаймон нахоҳед шуд…
Он рӯз пас аз зиёфат Сарватхоҷа ҳавлии маро бинед гӯён Гулбоғро ба канори шаҳр ба ҳавлии зебое бурд… Гулбоғи дар ҳилла гум мошинашро дар назди беморхонаи марказии вилоятӣ монда, худаш ҳамроҳи Сароватхоҷа рафт… Он рӯз то бегоҳ ин ду нафар бо ҳам буданд, Сарватхоҷа пеши пойи Гулбоғ ба зону зада қасам мехӯрд, ки дар умраш бори авал ошиқ шудааст ва Гулбоғ бовар мекард…
Ҳангоми хайрухуш Гулбоғ ба Сарватхоҷа гуфт, ки пеши Оля дар бораи шиносоияшон лаб накушояд, мард қавл дод…
Сарватхоҷа ба хизматгоронаш фармуд, ки Гулбоғро бурда ба мошинаш савор кунанд. Ду ҷавони ҳузарб Гулбоғро то назди мошинаш оварда баъд ба мошинаш халтаҳои селофании зиёде бор карданд. Ҳарчанд Сарватхоҷа мехост, ки Гулбоғро муҳофизонаш аз думбол бо мошини дигар нигаҳбонӣ карда то ноҳия баранд, аммо зан инро нахост. Гулбоғ намехост, ки дар дили аҳли деҳа, ноҳия ва пайвандонаш шубҳаро нисбати худаш бедор кунад. Пеш аз хайрухуш яке аз муҳофизони Сарватхоҷа лифофаеро ба нишастгоҳи пеши мошинаш монд. Гулбоғ боз инаш чӣ гӯён норозигӣ кард, аммо ҷавон гӯё кар ё гунг бошад, бо нигоҳ ба ӯ фаҳмонд, ки ором бошу бо ишораи дастон хайраш гуфт.
Гулбоғ мошинашро бод барин меронду дилаш аз хурсандӣ гул мекард, навозишҳои Сарватхоҷа ба вай рӯҳу илҳоми тоза мебахшиданд. “Хушгӯиҳо ва бӯсаҳои ин марди зеборо на Насим ба ман дода тавонисту на Мишаи лаънатӣ”,- аз дил мегузаронд бонуи шаҳватпараст…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД