Тори макр (ҚИСМИ 15)
715

Шавҳари меҳрубон

Нав ба хона расида буд, ки телефонаш занг зад. Аз он тараф Насим бо навозиши зиёд ҳолу авҳол мепурсид. Гулбоғи маккора дар ҷавоб гуфт:

- Мардакҷон, шиштам ҳамин ҷо зиқ шуда, нав Бунёдҷонро хобондаму хеста хӯрок пухтаниям. Модарам хобанду падарам дар боғ алаф медараванд.

Насим бо пазмонӣ гуфт:

- Гулиҷон, агар медонистӣ, ки чӣ гуна ёдат кардаам. Хайр хезу биё…

- Насимҷон, як ду моҳи дигар сабр намо, албатта бармегардем. Ҳавои деҳа ба Бунёдҷон ҳамин қадар форидааст, ки рӯз то рӯз фарбеҳтару зеботар мешавад, ҳозир аз хоб хезад, сураташро гирифта равонат мекунам,- гуфт бо оҳанги пур аз макр Гулбоғ.

Насим боз як дунё суханҳои зеборо нисори ҳамсару фарзандаш намуда, бо онҳо хайрухуш кард ва гуфт, ки охири моҳ албатта пулашон мефиристад. Гулбоғ бошад, бо овози олудаи ноз посух дод, ки дар деҳа пул чӣ даркор, аздусар аз хона набароем…

Аммо Насим бо меҳрубонӣ ҷавобаш дод, ки чаро намебароӣ, мошинрониро ёд гирифтаӣ, кам-кам маркази ноҳия рав, кампири Марямро хабаргирӣ рав, чӣ ту дар хона побандӣ?

Гулбоғ пас аз ним соати гуфтугӯ бо шавҳар бо ӯ хайрухуш кард, аммо дилаш кашоли шиноси наваш буд. Чун коғази ба мошинаш ҳаво додаи ӯро ёфта хонд, он ҷо шуда буд: “Сарват Аҳмадзод”…

Акнун ҳушу ёдаш банди ҷавонмарди болобаланди абрӯсиёҳ буд, аммо чизе намегузошт то ба ӯ занг занад…

Шубҳаи модар

Гулбоғ рӯзи дигар аз хона берун набаромад, чунки модараш ба ӯ бо назари шубҳа нигариста, насиҳатомез гуфт:

- Ҳой духтар, ҳушатро дар сарат бигиру поятро дар роҳи рост мон! Дар деҳа бадном шудан ягон душворӣ надорад, ин ҷо қонуну қоидаҳои худро дорад, ин шаҳр нест, ки касе ба каси дигар кор надошта бошад! Барои гап заданат бо марди бегона ё нигоҳ карданат ба номаҳрам, метавонанд дар ҳақат суханҳои бади зиёде паҳн шаванд. Ту шукронаи бахти баланд, шавҳари мард ва фарзанди дӯстрӯякатро намо, як поят дар хонаю пойи дигарат дар гази мошин…

Гулбоғ аз ин ҳушдори модар ба андеша рафта, пас аз чанде бо лабханд посух дод:

- Очаҷон, ман бо кадом номаҳрам гап задаам? Ҳатто ба саломи ҳамсинфонам дуруст алейк намегираму… Худи Насимҷон мегӯяд, ки дар хона зиқ шуда нашину бо мошинат ноҳияро чарх зан, кампири Марямро хабар гир, шумо бошед…

Модар оҳанги гапзанияшро дигар накарда, афзуд:

- Як содаи дигар ҳамон Насимҷонат, дар шаҳри урус гашта худаш ҳам урус шудааст… Наход мард занашро гӯяд, ки зиқ шуда нашину чарх зада гард?! Хайр ӯ ку маълум, аммо ту зан ҳастӣ ва бояд обрӯи худату шавҳаратро ҳифз намоӣ, ман модарам ва мебинам, ки ту чӣ азме дорӣ, ки он хуб нест…

- Э, фолбин шуда равед, очаҷон! Шуморо ба барноми телевизионии Русия - «Муборизаи фолбинҳо» бурдан даркор, албатта ҷойи аввалро мегиред. Ман чӣ азм доштаам, наход шумо ба ман, ба духтари дилу ҷигаратон бовар накунед, ман шуморо дар даврони духтариям шарманда накардаму акнун, ки соҳиби шавҳари ба қавли худатон нозанину зиндагии обод ҳастам, ба шармандагӣ даст мезанам?! И… Аҷиб… ё ман ақл надораму ягон духтари бероҳаам?!

Модар баъди ин вокуниши духтараш каме хотираш ҷамъ шуду бо мулоиматӣ гуфт:

- Гулбоғҷон, ту ин қадар зебоӣ, шавҳарат бо садоят лаббай мегӯяд, хушбахтӣ, метарсам, ки чашми бад нарасад…

Гулбоғ нафаси осуда кашиду ба хонаи дигар гузашт, то як соат дам бигирад. Холаи Сайрамбӣ аробачаи сафеди оҳарии Бунёдҷонро тела дода ба хонаи хоби худаш даровард. Кӯдак бехабар аз каш-кашу ташвиши дунё масти хоб буд…

Занг аз рақамҳои тилоӣ…

Офтоб ба нимаи осмон омада буд, ҳаво низ гарм буд, аммо ҳаво хунук буд. Гулбоғ кампали аз пашми шутур омода шударо ба рӯй кашида, нав чашмонаш гарм шуда буданд, ки телефони мобилияш занг зад… Рақамҳои тилоиро дар равзанаи телефонаш дида, онро бардошт. Аз он тарафи гӯшӣ овози мардонае аз ӯ авҳол мепурсид:

- Салом ба боғи гулҳо, саломатиятон хуб, истироҳатҳо ба ҷо, дар ватанҳои мо зиқ нашудаед-мӣ?

- Салом,- гуфт ба ишва Гулбоғ ва аз оҳанги гапзанияш мардро шинохт, вале ӯро низ дар тори макраш печониданӣ шуда, бо нозу истиғно худро ба нодонӣ зад:

- Мебахшеду шуморо нашинохтам…

- Медонам, шумо соҳибҷамолон шиносҳои зиёде доред, аммо мани фақир ҷуръат карда ба шумо занг задам… Ман Сарватхоҷа,- худро шиносонд мард.

Гулбоғи дар макр гум бо ноз тагпурсӣ кард:

- Оё мо шинос ҳастем?!

- Ин субҳ ман ба шумо визиткаамро дода будам ку,- ин дафъа каме бо асабоният иброз дошт мард.

- А, мебахшед, ман визиткаатонро надидаам, вале шумо телефони маро аз куҷо ёфтед, ин аст муаммо...

Барои ман ёфтани чизе душворӣ надорад, агар хоҳед, бароятон шири мурғу тухми анқо ва аз осмон ситора низ меорам!

- Не, раҳмат… Ба ман шири мурғу тухми анқо ва ситораҳои осмонро аллакай шавҳарам овардааст ва ин ҳама пешам аҷобате надорад,- худро аз Сарватхоҷа як сару гардан болотар гирифта, иброз дошт Гулбоғ.

Вале Сарватхоҷа аз он инсонҳое набуд, ки сайдашро аз даст диҳад. Ин марди занбоз ва сарватманд аз духтараконе, ки барои пул тайёранд ба оғӯши дилҳоҳ мард дароянд, безор шуда буду бо дидани бойхотуни сар то по тилопечи сари чанбараки мошини қиматбаҳо нишаста дилаш об хӯрд. Мехост ин дилраборо ба бар кашида, аз ӯ коми дил бистонад, барои ӯ фарқе надошт, ки ӯ шавҳар дорад ё не?! Шавҳар дорад, боз беҳтар, яъне дар ҳар гӯша намелақад, ки ӯ маъшуқаи Сарватхоҷа асту тану ҷисмаш низ орӣ аз бемориҳои нанговар аст…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД