Тори макр (ҚИСМИ 12)
863

Ёди хотироти талх

Вай аз Мишаи бевафои ноодам хафа буд. Худ ба худ меандешид, ки чӣ гуна одамон метавонанд ду рӯй дошта бошанд? Аввал худи мард бо зорию зӯрӣ занро ба бистар кашид, аз ишқу муҳаббат, аз хаста шуданаш аз зани бегона, аз дӯсториҳо сухан кард… “Навозишҳояшро намегӯйӣ,- аз дил гузаронд Гулбоғ…- Сар то поямро бо бӯса мешусту тайёр буд бароям ҷонашро фидо намояд, аммо хабари ҳомилагии ман вайро сахт парешон кард. То дараҷае, ки дигар ҳатто бо ман ҳарф задан нахост… Аблаҳ, кадом рӯз зери каблуки ҳамон пишаки зард, бесоҳиб мурда меравӣ! Гумон кардааст, ки ман фарзандамро ба гардани ӯ бор мекунам. Шукри Худованд, писари ман падару модар ва бибию бобои нозбардор дорад, ки ба як тора мӯяш меларзанд”- зери лаб Мишаро сарзаниш кард Гулбоғ. Вале аз эҳсосоти зиёд болиштро ба рӯяш зер карда, талх гирист…

Субҳи барвақт хонаи ин ҷуфти ҷавонро садои гиряи тифл фаро гирифт, ҳама серкор буданд, модар барои духтараш чордору (хӯроке, ки дар кӯҳистон барои занони навзо мепазанд. Он аз шир, набот, тухм ва зардчӯба иборат аст) мепухту Насиму Гулбоғ бошанд, парпечи тифлакро дигар карда, сару танашро бо сачоқчаи намнок тоза карда, равғани хушбӯй мемолиданд. Ин ташвишҳо ташвишҳои хушбахтона буданд, ки онро ҳар оила орзу мекунад.

Хайрбод бо модар

Бо ҳамин ташвишу тараддудҳои зебо ду моҳ сипарӣ гашт. Бунёдҷони ширинаки эшон хандонрӯ шуда буду ғув-ғув карда, бо забони кӯдакӣ бо падару модараш «гап» мезад. Холаи Сайрамбӣ, ки деҳаву боғу ҳарами худро ёд карда буд, аз домодаш хоҳиш кард, ки барояш чиптаи бозгашт харад. Насимҷону Гулбоғ модарро хеле зорӣ карданд, вале хола азми қатъии рафтан дошт. Ҳамин тавр, Гулбоғ бо модар хайрбод карду Насим ӯро гусел намуд. Пеша аз хайрбод холаи Сайрамбӣ ба Гулбоғ гуфт:

- Духтарам, Бунёдҷон яксола ки шуд, ҳамроҳи Насимҷон ба ватан биёед, хонаву даратонро таъби дил оро диҳед, ҷиҳоз харед, бӯрёкӯбон карда, мардумро ҷеғ занед. Шояд якбора хатнасури писаратонро низ баргузор мекунед…

Гулбоғ бо ханда гуфт:

- Очаҷон, мо албатта меоем, онҳое, ки маро сиган меномиданду назарашон намегирифт, бояд бубинанд, ки ман кӣ шудаам! Бояд аз зебогии ҷамол, шавҳари пулдор ва шукӯҳи хонаву дари ман нафасашон ба дарун ях бандад!!! Ман ба ҳамаи онҳо нишон хоҳам дод…

Холаи Сайрамбӣ дид, ки Маскав низ духтари кинавари ӯро дигар накардааст, аз ин рӯ насиҳат кард:

- Духтарҷон, наход то ҳол дар дилат кина гирифта гардӣ?! Сад нобудашон, ту шукронаи фарзанду зиндагии тинҷу осудаатро намо, бало ба паси бадгӯю суханчин! Дар кӯдакӣ ҳама ба якдигар лақаб мемонданду якдигарро масхара мекарданд, имрӯз ҳама ҳамсинфонат маро бинанд, бо меҳр аз ту аҳволпурсӣ мекунанд. Ту бошӣ…

- Эҳ очаҷони содаи ман, ту аз куҷо медонӣ, мардум чӣ гунаанд, онҳо ана ҳамин тавр пулдору бою ба давлат шуданатро бинанд, мисли сагбача хам шуда поятро мелесанд.

- Ҳа, ман ба ҳафтод даромада, зиндагиро намедонам, ту бошӣ медонӣ,- бо таассуф гуфт холаи Сайрамбӣ.

Гулбоғ модарро бо ҳадяҳои зиёд то пушти дар гусел кард, зеро модар нахост ӯ бо кӯдаки хурд дар ҳавои сард ба фурудгоҳ равад…

Танҳо бо андешаҳо

Гулбоғ бори аввал дар ду моҳи ахир танҳо монда, нахуст назди писарчааш, ки дар катчаи бароҳаташ баррача барин хоб буд, даромад. Бунёдаки ӯ дар хобаш гоҳ механдиду гоҳи дигар лабонашро инҷ карда, гӯё ба гиристан тайёрӣ медид. Писараш ба худаш як себи ду кафон барин монанд буд, “танҳо сафедпӯстияш ба падараш рафтааст”,- аз дил гузаронд Бону ва ғайриихтиёр ба ёдаш Миша расид, зеро ӯ низ сап-сафед буду мӯйҳои зард дошт, аз тоҷик дида ба рус бештар шабоҳат дошт… Гулбоғ пеши худ мақсад гузошта буд, ки ҳаргиз дар бораи ошиқи номардаш фикр намекунад, аз ин рӯ хаёлашро ба сӯйи деҳа парвоз дод. Дар назараш писаракаш сари даст аз кӯчаҳои деҳа мегузашту Амиру Бахтиёр, ки дар вақташ назарашон ӯро намегирифту барояшон қадре надошт, бо даҳони канда аз паяш менигаристанд. Ё дар сари чанбараки мошини қиматбаҳо чангу хоки кӯчаро хезонда мерафту ба қавли худаш талхаи як барбарро мекафонд… Насиҳатҳои модар аз як гӯшаш даромада, аз гӯши дигараш баромада мерафтанд. Модараш ин андешаҳои ӯро кинаварзӣ меномид, аммо Гулбоғ ин ҳамаро интиқом медонист.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД