Тори макр (ҚИСМИ 11)
628

Нозукчабону

Пас аз беморхона Гулбоғ корро бас карда, хонашин шуд, акнун ҳамеша табиби оилавияшон аз ҳолаш хабар мегирифт, ҳомилагияш хеле хуб паси сар мешуд. Аммо ин зани сабукандешаро кай парвои ҳомилагиву фарзанд буд... Ӯ пайваста ба телефони хомӯши Миша занг зада, мехост ӯро пайдо кунад. Ба Насим умуман меҳр надошт, ӯро дар як моҳ як бор ба бистараш роҳ медоду халос. Ҷавонмард ҳамаи инро аломати ҳомилагӣ пиндошта, нозбардори ҳамсари хиёнаткораш буд. Гулбоғ то метавонист ноз мекарду ба қавле худашро ба лаълӣ мегузошт, зеро нозбардор дошт… Марҳилаи зоданаш наздик мешуду Насим як хонаро барои фарзанди ҳанӯз ба дунё наомадааш тайёр мекард. Ӯ мехост фарзандаш дар шароити беҳтарин ба воя расад. Гулбоғ низ оҳиста-оҳиста Мишаро фаромӯш карду дар вуҷудаш камакак меҳри модарӣ бедор шуд. Насим тағйир ёфтани занашро дида, меҳрубонтар шуд.

Шодмонӣ

Як шоми пурбарфи зимистон Гулбоғ дар яке аз беморхонаҳои беҳтарини Маскав писараки зебоеро ба дунё овард. Насим аз хурсандӣ мерақсиду ба сари духтурон пул меборид. Ба Тоҷикистон занг зада, аз хусуру хушдоман ва кампири Маряму писараш муждагонӣ гирифт. Он шаб дили ҳама пайвандони ҷавонмарди хушбахт шоду мамнун буд. Насим Гулбоғро бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифта, ба мошин шинонд, пеш аз он ки мошинро ронад, ба ангушти занаш ангуштарини тилоии бузургеро андохт, ки бо алмос оро дода шуда буд. Дили Гулбоғи чизпараст кушода шуду бо ханда гуфт:

- Сюрпризи беҳтарин…

- Ҳоло сюрпризи беҳтарини дунё дар пеш аст,- занашро бӯсида гуфт ҷавонмард.

Гулбоғ аз дил гузаронд, ки шояд Насим мошини ваъдагияшро гирифтааст ва аз эҳсоси ҳирс чашмонаш дурахшиданду гуфт:

- Ҳоло ман мошинрониро ёд нагирифтаам ку?

- Мошинрониро ҳамин сол ёд мегирӣ ва ман бароят мошин низ мехарам, зеро барои ба ягон ҷо рафтан лозим мешавад, наход барои ту мошин сюрпризи беҳтарин бошад?,- ба саволи занаш бо савол ҷавоб дод Насим.

Гулбоғ дар ҳайрат буд, ки шавҳраш барояш чӣ сюрприз дошта бошад?

Сюрприз

Онҳо банди гуфтугӯ ба назди бинои истиқоматияшон расиданд. Насим боэҳтиёт кӯдакро аз дасти Гулбоғ гирифта пеш-пеш даромад. Гулбоғ бошад, аз қафо. Чун ба назди дари хона расиданду Насим калидро ба занаш дароз кард, ки дарро кушояд, Гулбоғ гуфт:

- Насимҷон, медонӣ, ба димоғам бӯйи гардсӯз расид. Ҳар гоҳе апаҳоям таваллуд мекарданд, модарам бо равғани зағир гардсӯз мепухт, ҳавои хонаро бӯйи хуши гарди сӯхта фаро мегирифт…

Зану шавҳар пасопеш ба хона даромаданд. Гулбоғ бӯйи форами деҳаро дар хонааш эҳсос карда, гуфт:

- Насим, ту гардсӯз…

Ҳамин вақт дар рӯ ба рӯяш модараш пайдо шуда, ӯро ба оғӯш гирифт. Ҷавонзан намедонист хоб аст ё бедор. Холаи Сайрамбӣ духтарашро гарм ба оғӯш гирифта, зор-зор мегирист. Насим модару духтарро базӯр аз ҳам ҷудо карда, ба хона даровард. Гулбоғ баъди пурсуҷӯи модар, шарму ҳаёро як сӯ гузошта, дастонашро ба гардани ҳамсараш ҳалқа карда, нидо кард:

- Азизаки ман, ғамхораки ман, ҷонаки ман, Насимҷони худам…

Дар суҳбати модар

Насим писарчаашро аз дасти хушдоманаш, ки бӯсидаю бӯйида, садқаю балогардонаш мешуд, гирифта ба хонаи худаш дароварда, ба катчааш хобонду худаш рӯйи қолин дароз кашид. Холаи Сайрамбӣ бошад, мемурам дар духтараки ғарибам гӯён, духтарашро рӯйи ҷогаҳи баланди андохтааш хобонда, пешаш дастархони пурнозу неъмат орост. Аввал ҳаким аст гӯён, як шоҳкоса гардсӯзаш хӯронд, баъд чойи сиёҳаш оварду аз асалу чормағзҳои ватан ва суҳбати эшон қӯр гирифт. Модар ба духтараш дар бораи ҳавлии кори калони сохтаашон, боғи сарсабзу ободиҳои дигари ватан суҳбат карда, ӯро ба рафтан ба ватан талқин мекард. Аммо Гулбоғ гуфт, ки очаҷон, ҳоло вақташ нарасидааст, кайе Насимҷон хоҳад, ҳамон вақт меравем.

- Истед, ки шумо кай омадед?,- нав ҳушаш ба сараш задагӣ барин, пурсид Гулбоғ.

- Ду рӯз шуд, Насимҷон мехост мо ҳамроҳи падарату кампири Марям биёем, аммо кампир каме бемор шуданду падарат бошад, хонаву дарро бесоҳиб монда намеравам гуфт, апаи калониятро ҳамроҳи кӯдаконаш назди падарат оварда монда, худам омадам. Гапи Насимҷонро ду накардам. Боз туро ёд карда будам, гуфтам зани навзо дар мулки ғарибӣ… Аммо ин хонаву дар ва шукӯҳу шаҳомати ту ва шавҳари ғамгусоратро дида, хотирам ҷамъ шуд, дигар садҳо сол ҳам наравӣ, парво намекунам.

Гулбоғ аз модараш дар бораи апаҳояшу падараш, ҳамсинфону дигару дигар пурсиду пурсид, ҳамин тавр хобаш бурда монд, танҳо нимаҳои шаб модараш тифлаки парпечашро овард, ки маконад. Писараки нозанини сергӯштакаш пас аз хӯрдани шири ширини модар ором гирифту баррача барин хоб рафт. Гулбоғ бо меҳр ба рӯйи ӯ нигариста, шукри бахти худода ва шавҳари дилсӯзаш кард. Вале дар ким-куҷои қалбаш оташаке мил-мил месӯхту аз чизи дигар хабар медод…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД