Тори макр (ҚИСМИ 10)
527

Мусичаи бегуноҳ

Гулбоғ саросема ба хона даромада, аввал ба ҳаммом даромад, бехабар аз он ки нақши ҳароми зиноро ягон об намешӯяд. То дер зери оби равон истода, сару танашро шӯст. Берун баромада, дар оина нигарист, дар гарданаш чанд ҷой доғи кабудро дида, онро бо ёрии малҳам нопадид гардонду зуд аз пайи пухтани таом шуд. То омадани Насим худро ба бемор шабеҳ сохта, рӯйи нармкурсӣ хоб рафт. Насим ранги кандаю мондагии ҳамсарашро дида, ӯро ба оғӯш кашида, пурсид:

- Гулҷон, чӣ шуд?

- Ҳеҷ… Духтур гуфт, ки ту айб надорӣ, шавҳарат бояд табобат гирад. Намедонам, барои чӣ сарам сахт дард мекунад… Хӯрокат тайёр…

- Хайр, гап дар сари ман бошад, фардо ба духтур меравам, ту хоб кун, ман худам хӯрокамро кашида мехӯраму табақамро мешӯям.

Гулбоғ мунтазири ҳамин гап буд, ки ба хонаи хоб гузашта, дарашро пӯшид…

Рӯзи дигар Насим аз Иван Иванович изн хоста, ба духтур рафтанӣ шуд, вале хӯҷаинаш гуфт:

- Агар занат нуқс надошта бошад, ба духтур рафтани ту шарт нест, чанд гармукол зан, тамом! Шумо одамони сарзамини гармед ва хунукиҳои мо корашро мекунад…

Насим чанд сӯзандоруи гуфтагии хӯҷаинашро хариду ба назди духтури шиносаш рафта, онро гузаронид ва мунтазири соати саид нишаст…

Ошиқони печон

Акнун дар ду ҳафта як бор Гулбоғ назди «духтур» мерафт. Миша он қадар бо санами сабзина унс гирифта буд, ки ӯро бо шавҳараш рашк мекард. Сар то пойи Гулбоғи ишратхоҳро бо бӯса шуста, ҳангоми хайрухуш ба ҳамёнаш чорсад-панҷсад доллар андохта мемонд. Ин саховати Миша Гулбоғи чизпарастро якбора ошиқтар гардонд, акнун худи ӯ ба Миша паёмакҳои ошиқона мефиристоду садҳо бор садқаю балогардони ошиқаш мешуд. Дар хона бошад, назди Насим худро хастаю лакот нишон дода, аз ҳамхобагӣ бо шавҳараш саркашӣ мекард.

“Миша, ки дӯстам медорад, сар то поямро мебӯсад, навозишам мекунад, пули зиёдам медиҳад, ин ландаҳур танҳо мисли духтурҳо савол доданро медонаду халос…”,- аз дил мегузаронид Гулбоғ.

Насим бошад, тағйироти ҳоли занашро аз серкорияш дониста, аз ӯ хоҳиш мекард, то корро бас кунад.

Навгонӣ

Гулбоғ то метавонист, торҳои макрашро ҷӯр мекард, то касе аз вохӯриҳои ӯ бо Миша хабар наёбад, вале воқеае рӯй доду Миша батамом аз сабзинаи бекина, чӣ тавре худаш ошиқи хиёнаткорашро меномид, дасту дил шуст…

Пас аз ду моҳи дӯстдорию навозиш ва паёмакфиристию ширингуфторӣ, Гулбоғ як рӯз дар ҷойи кораш беҳуш шуда афтод. Ҳамкоронаш дасту по хӯрда, ёрии таъҷилиро ҷеғ заданду боз ба Насим низ занг заданд. Насим аз шунидани ин хабар ҳангаш канд ва бошитоб расида омад. Духтурон Гулбоғро ба беморхона бурданд ва баъди муоинаи пурра маълум шуд, ки ҷавонзан ҳомила шудаасту тифлаки батнаш сеҳафтаина аст. Ин хабар Насимро чунон хурсанд карда буд, ки ба нею нестони духтур ва ҳоли табоҳи занаш нигоҳ накарда, Гулбоғро рӯйи дастон бардошта, чанд бор чарх занонду баъд ба оғӯш гирифта, аз сару рӯяш бӯсид. Ин дам барқвор аз сари ҷавонзан гузашт, ки тифл аз Насим нест…

Насим тавсияҳои духтурро ба инобат гирифта, Гулбоғро як ҳафта дар беморхона хобонд, дар палатаи люкс, мисли шоҳбонуҳо мехӯрду мехобид ва табобат мегирифт. Бо Миша дурудароз гуфтугӯ мекард, аммо сабаби ба беморхона афтоданашро аз ӯ пинҳон медошт.

Як шаб Мишаи ба оғӯши моҳи сабзина омӯхта бо исрор аз Гулбоғ талаб кард, ки рақами беморхонаро ба ӯ гӯяд, то ба аёдаташ равад. Гулбоғ бо ноз гуфт:

- Ҷонакам, яке шавҳарам омада монад? Ин духтурон ҳамеша бо вай дар тамосанд, илтимос, коре накунӣ, ки шарманда шавем?

Миша бо шунидани номи Насим қаҳраш карду дод зад:

- Чӣ ин қадар номи ҳамон гӯсоларо мегирӣ!? Хоҳам, рафта дар пеши назараш хабарат мегирам. Мо дар асри понздаҳ зиндагӣ намекунем, ки маро аз шавҳарат ин қадар тарс диҳӣ…

- Шуд, шуд,- гапи ӯро бурид Гулбоғ бо ноз, ки рашки ошиқаш барояш хеле писанд буд.- Ҳозир ман ба ту як навгониро мегӯям, баъд омаданат баъд… Ман ҳомилаам ва боварӣ дорам, ки падари кӯдак ту ҳастӣ…

Бо шунидани ин хабар Миша бо оҳанги хеле сард гуфт:

- Не, аз ман фарзанд намешавад, падари кӯдакат яқин ҳамон гӯсола аст. Баъд, ман аз зани ҳомила дилам мешӯрад, аз ин рӯ, дигар ба ман занг назан ва маро фаромӯш намо!

Гулбоғ аз ин гардиши муносибати ошиқи дӯстдораш дар ҳайрат афтод ва пичиррос зад:

- О, худат гуфта будӣ, ки занам фарзанд намехоҳаду…

- Ман ҳар чӣ мегӯям, баъд ту бовар кардан мегирӣ?,- гуфт ин дафъа бо зарда Миша ва телефонашро кушт.

Гулбоғро он шаб хоб набурд, ӯ вохӯриҳояшро бо Миша ба ёд оварда, гоҳ мегиристу гоҳ механдид, бовар дошт, ки ошиқаш пушаймон шуда, занг мезанад, аммо ин тавр нашуд. Миша рақамҳояшро дигар карда буд магар, ки телефонаш умуман хомӯш буд.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД