Тори макр (ҚИСМИ 1)
480

Боғи духтарон

Гулбоғ дар оилаи камбағал ба дунё омадаю аз хурдӣ барои як пора нон чӣ қадар меҳнати сахт карданро хуб медонист. Падараш устои оҳангар буду модараш хонашин. Чун даврони технологияи навин асту мардум ба чизҳои месохтаи як оҳангари деҳотӣ он қадар таваҷҷуҳ ҳам надоштанд, амаки Миралӣ бо каланду кафгири калони ошпазӣ ё сарпӯшҳои тунукагии барои дегҳо месохтааш он қадар пуле намеёфт, ки оилаи калонашро хӯронаду пӯшонад. Ба ҳар ҳол кӯшиш мекард, ҳамсараш Сайрамбӣ шабу рӯз кӯрпаю курпачаи мардумро медӯхт, ё мешусту аз нав дӯхта медод, дар полизи мардум кор мекард, то ба шавҳари меҳнатияш каме ҳам бошад, ёрӣ расонад.

Падару модари меҳнатӣ шаш духтар доштанд. Холаи Сайрамбӣ дар синни 45-солагӣ мехост боз як фарзанди дигар таваллуд кунад, шояд писар мешавад гуфта... Вале амаки Миралӣ ӯро аз ин иқдомаш боздошта, гуфт:

- Не, занак… Насиби Худо бошад, духтаронамон калон мешаванду бароямон набераписар ҳадя мекунанд…

Ҳамин тавр панҷ духтарашон пайи ҳам шавҳар карда, порисаи падариро тарк гуфтанд. Домодҳо ҳамагӣ аз оилаи камбағал буданду зиндагии духтарон хеле одӣ мегузашт. Духтари кенҷагӣ Гулбоғ бошад, аз ягон писар камӣ надошту шӯху шаттоҳ, вале танбалу коргурез буд…

Духтар не, оташ!

Рӯзе набуд, ки ягон ҳамсоя барои ҷанҷол ба сари падару модари Гулбоғ наояд. Ӯ духтаронеро, ки ӯро камбағалаку сиёҳаки безеб мегуфтанд, мурдакӯб мекард. Тирезаи хонаҳоро бо камонғулак зада мешикаст, шохи дарахтонро мешикаст, хулоса балои тайёр буд. Аммо бо гузашти солҳо калон шуду каме ором гирифт. Падару модар мехостанд духтари кенҷагияшонро ба ягон ҷавони батавфиқ дода, хонаву дарашонро низ ба онҳо бахшанд, то дар дами пирӣ дастгиру мададгорашон бошанд, аммо ба Гулбоғ хостгор намебаромад. Ӯ сиёҳаки лоғарандом буд, либосҳои арзонбаҳоро гирифта ба тарзи худ медӯхт, ба онҳо сангҳои ҷилодоре часпонида, ба гӯшу гардану дастонаш ороишоти арзонбаҳои зиёде меовехт. Мардум ӯро дар ғайбаш Гулӣ-сиган мегуфтанд. Духтарак инро фаҳмад ҳам, чизе намегуфт, ҷанг намекард, худро хандонрӯю боадаб нишон медод, ки қадри аз ин ҳам пасташ пасттар нагардад. Чун апаҳояш насиҳаташ мекарданд, ки “худатро ба ҷӯгӣ монанд накун”, бо онҳо моҷаро мебардошту фарёд мезад:

- Коратон ба ман набошад, апа шуда бароям ягон курта харидед, ҳамроҳи шавҳарони бекафанатон зиндагӣ карда гардед!
Апаҳояш дигар чизе намегуфтанд. Гулбоғ аз он ки ҳама дугонаҳояш шавҳар кардаанду ба ӯ ягон ҷавон нимнигоҳ намекунад, хун мехӯрд… Хун мехӯрду аммо аз дасташ коре намеомад…

Мушкилкушо

Мегӯянд, ки фарзанд чӣ гунае бошад, барои модар азиз аст. Холаи Сайрамбӣ дид, ки синни духтараш ба бистуҳафт мерасаду хостгоре надорад, аз пайи дармон шуд. Хоҳараш ба вай маслиҳат дод, ки ба деҳаи онҳо биёянд, ба назди як кампираки масеҳонафас мераванд, албатта ин боиси кушодани бахти духтараш мешавад.

Холаи Сайрамбӣ кулчаю қатлама пухту аз меваҳои боғашон дастовез бардошта, назди кампираки бахткушо равон шуд. Чун ба хонаи хоҳараш расид, баъди нӯшидани як пиёла чой гуфт:

- Э хоҳарҷон, наход дар ҳамин қадар сол, донӣ, ки ҳамин гуна инсонҳои кордон ҳастанду маро хабар накунӣ?!

Хоҳараш дар ҷавоб гуфт, ки кампирак аз як деҳаи дурдасти кӯҳистон ба меҳмонӣ ба хонаи писари акааш омадаасту ба қарибӣ меравад. Ӯ муқими ин ҷо нест…

Холаи Сайрамбӣ бо шунидани ин гапҳо хоҳарашро маҷбур кард, ки тезтар хеста ба назди кампир раванд. Соҳибхона меҳмонҳоро назди кампирак бурду гуфт:

- Бахтатон омад кард, ки омадед, субҳи дигар момаамро писараш омада мебарад.

Кампирак меҳмонҳоро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта, гуфт:

- Бачам, ман на муллояму на фолбин, дар як бандаки сафед дуои бахткушоёнро хонда медиҳам, он тарафаш кори Худо.

Холаи Сайрамбӣ садқаю балогардони кампирак гашту қисаи беписарӣ, хонаву дари бесоҳибашро бо оби дида нақл кард. Кампирак баъд аз анҷоми амалаш ба холаи Сайрамбӣ муроҷиат карда, гуфт:

- Духтарам, шумо каме сабр кунед, ман пешинамро мехонам, як маслиҳат дорам, агар розӣ шавед, бахти духтаратон кушодагӣ ҳисоб…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД