sebiston july new
Толибон ҷавони 19-соларо барои мусиқӣ гӯш кардан куштанд
1265

“Толибон" як ҷавони 19-соларо барои гӯш кардани мусиқӣ ба қатл расонидаанд. Аъзоёни ин гурӯҳи хунхор ин ҷавони ҳунардӯстро чунон бераҳмона латукӯб кардаанд, ки ба бемористон нарасида ҷон дод...
Тавре рӯзномаи " Собҳ”-и Афғонистон хабар додааст, ҳодиса дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух додааст. Ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошта, ба тозагӣ мактабро хатм карда буд. Толибон ӯро ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ тариқи телефони мобилӣ дастгир намуда, бераҳмона ҷазо додаанд.
"Тавре ки манбаъ мегӯяд, “Толибон" аввал телефонро аз дасти ҷавон кашида гирифта, мефаҳманд, ки мусиқӣ гӯш мекардааст ва ӯро ҷазо дода, бераҳмона лату кӯб мекунанд ва ба қатл мерасонанд.
Дар хабар омадааст, ки ҷавон бар асари хунравии зиёд дар роҳ ба сӯи бемористони вилояти Файзобод вафот кардааст.
Мақомоти ҳукуматӣ таҳти раҳбарии "Толибон" то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Қаблан низ хабар расида буд, ки ҷангҷӯён дар Бадахшон ва як қатор вилоятҳои кишвар гӯш ва навохтани мусиқиро мамнӯъ эълон карда, афроде, ки мусиқӣ гӯш мекунанд ва ё менавозанд, мавриди таъқиби онҳо қарор мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД