Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2024
1953

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Сар задани муноқишаҳои оилавӣ ва бо шахси бароятон азизу дӯстдошта низоъ карданатон имкон дорад, ки бар зарари шумо анҷом меёбад. Беҳтар мебуд, ки сабурӣ нишон дода, дар баъзе ҳолатҳо гузашт кунед. Саховатмандии аз ҳад зиёдатонро атрофиён хуш қабул намекунанд. Саломатии худ ва наздиконатонро дар мадди аввал гузоред.

Савр (21 апрел-22 май)

Аввали рӯз мушкиливу ҳодисаҳои ногувор имкон дорад. Ба мардҳо барои харид ба мағозаву бозор рафтан, шикастани дарахт, ба назди дандонпизишк рафтанро тавсия намедиҳем. Бонувон дар оила ба нофаҳмӣ гирифтор мешаванд, аз дағалӣ ва садо баланд кардан худдорӣ намоед. Ба муноқишае, ки сабаби аз ёратон ҷудо шудани шумо мегардад, роҳ надиҳед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи барои саломатӣ номусоид аст. Хастагиву дарди сар ва хурӯҷ намудани бемориҳои музмин эҳтимол дорад. Каме нобарориҳои оилавӣ табъатонро хира месозанд. Сабру таҳаммулро пеша намуда, ин марҳилаи душворро паси сар намоед. Беҳтараш робитаро бо дӯстону наздикон қатъ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи пурмуаммо аст. Бо вуҷуди он ки ҳама корҳоятон ба назар хуб менамоянд, эҳсоси хавотирӣ ва асабоният дар вуҷудатон пайдо мегардад. Қасди нобарориҳои худро аз наздикон гирифтанӣ шуда, нафареро сахт меранҷонед. Беҳтараш боқимондаи рӯзро дар танҳоӣ гузаронида, фикру андешаҳои худро ба тартиб оред.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи хубест барои нафароне, ки нақшаи корҳояшро пешакӣ тартиб додаанд. Маблағи хуби пулӣ ба даст меоред ё кори саркардаатон анҷоми хуб меёбад. Дар ҳаёти шахсӣ тағйиротҳои муфид рух медиҳанд. Муносибатҳои ошиқонаатон хуб ҷараён мегиранд, вале дахолати аз андоза зиёди ёратон боиси рух додани нофаҳмӣ мегардад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои сафарҳои корӣ ва робита бо нафарони ношинос рӯзи номусоид аст. Агар шумо мошин меронда бошед, дар ин рӯз бо суръати баланд рондани мошин манъ аст. Инчунин, ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез ва асбобҳои барқӣ аз ҷароҳат бардоштан ҳушёр шавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи натиҷаовар аст. Оғози корҳои нав, бастани ақди никоҳ ва шартномаҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Аксари мизонҳо бо нафарони даркорӣ робита барқарор намуда, дар оянда аз нохушиҳои калону мушкилиҳо халосӣ меёбанд. Дар ҷодаи муҳаббат тағйирот дида намешавад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз вазъи саломатиятон хеле хуб мегардад. Дар ҳалли корҳои муҳим ба садои қалби худ гӯш андозед. Баъди нисфирӯзӣ вохӯриҳои ошиқонае имкон доранд, ки муддати мадид дар хотираи шумо нақш мебандад. Мушкилиҳои пулие, ки дар ин рӯз пайдо мешаванд, мустақилона рафъ карда наметавонед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар корҳоятон имкони пешравӣ пайдо мешавад. Меҳнат карда, роҳат мебинед. Аз саргузаштҳои ошиқона ҳушёр шавед, вагарна аз оқибаташ сахт пушаймон мегардед. Бегоҳирӯзӣ эҳтимоли ҷароҳат бардоштану хурӯҷ намудани бемориҳоятон вуҷуд дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хубест барои меҳнат кардану пул ба даст овардан. Шиносоии нав ё хабаре мешунавед, ки ҳаёти шуморо куллан тағйир медиҳад. Сафару вохӯриҳо ва корҳое, ки фаъолияти кории шуморо васеъ месозанд, натиҷаҳои хуб медиҳанд. Дар ин рӯз ба касе ошиқ шуданро маслиҳат намедиҳем.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз орзуи наҷибтаринатон ҷомаи амал мепӯшад. Қобилиятҳои ташкилотчигии худро нишон дода, бурд мекунед. Ҳатто он ҳамкороне, ки ба шумо бовар надоштанд, аз навовариҳоятон каф мекӯбанд. Барои муҳаббату мулоқотҳои ошиқона рӯзи хуб нест, вале ин маънои онро надорад, ки дӯстдоштаи худро мадди назар намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз вазъи саломатиятон хеле хуб мегардад. Аз ҳад зиёд нармгуфтору сустирода нашавед, вагарна обрӯятон мерезад. Имкони беҳтар сохтани ҳаёти шахсиятон вуҷуд дорад. Қабл аз он ки бо нафаре шинос мешавед ё дил медиҳед, ақли солимро ба кор баред, хатари ба доми фиреб афтиданатон зиёд аст. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД