Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 6 декабр,ҷумъа
3018

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ҷойи кор вазъият душвор гашта аз таҳти дил заҳмат кашиданатон лозим меояд. Корҳои фаврии оилавиро фаромӯш карда, қаҳру ғазаби ҳамсаратонро зиёд менамоед. Таваккал кардану бисёр сарф намудани пулро тавсия намедиҳем. Ҳангоми суҳбат бо сардор дағалӣ накунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз аз рӯйи нақша амал карданро тавсия медиҳем. Агар ташаббусро ба даст гиред, ҳамсафари ҳаётии худро пайдо месозед. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо боэҳтиёт бошед, вале аз ҳад зиёд хурдагирӣ накунед. Бегоҳирӯзӣ дар ҷустуҷӯи туҳфа барои яке аз наздиконатон саргардон мешавед.

Чавзо (23 май- 21 июн)

Агар худатон чизеро тағйир додан нахоҳед, рӯзи ором аст. Нисбати сардор ҳурмату эҳтиромро ба ҷо биёред, вале бо баъзе ҳамкорон ҷиддӣ рафтор намоед. Дар маъракае хизмат карданатон лозим меояд. Дӯсти наздикатонро ба кӯмак даъват карда метавонед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ диҳед, ба бурдборӣ умед набандед. Дар оила бо сабаби бетартибии фарзандони наврас муноқиша рух медиҳад. Ин рӯз барои аз ташхиси тиббӣ гузаштану машварати табибон ва ҷарроҳиҳо рӯзи мусоид аст.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Аз воқеаҳои дар ҷои кор рухдода бори дигар хулоса мебароред, ки дар интихоби касбу кор ғалат накардаед. Аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед, вагарна вазъи молиявиатон ҳазор маротиба бадтар мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед, нафареро вомехӯред, ки бароятон идеал мегардад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Аз субҳи содиқ бо корҳои хона машғул шуда, дигар корҳоятонро фаромӯш насозед. Ақаллан ба зангҳои телефонӣ ҷавоб гуфта, масъалаҳои муҳимро ҳал намоед. Бегоҳирӯзӣ ба хабаргирии хеши беморатон меравед, аз ин лиҳоз мулоқоти кориро ба таъхир гузоред.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Аз корҳое, ки боиси ҷангу моҷаро гашта метавонанд, худдорӣ намоед, вагарна мавқеатон дар ҷомеа суст гашта, саломатиро низ аз даст медиҳед. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникии рӯзгор ва таҷҳизоти барқӣ боэҳтиёт бошед. Таъмири мошин маблағи зиёдатонро сарф мекунад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Донишу малакаи худро дар ин рӯз зиёд намоед. Ба ғайбату бадгӯиҳо диққат надиҳеду нисбати шахси бароятон азиз шубҳа накунед. Вазъи молиявиатон муътадил шуда, барои ба даст овардани чизҳои даркорӣ маблағатон кифоя мекунад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Аз субҳ зодагони мучали қавс асабиву дар ғазаб шуда, ҳатто нисбати аҳли оила садо баланд мекунанд. Бо вуҷуди нохуб будани табъатон ба сайругашт бароед. Дар ҳаёти шахсӣ сари ягон қарори муҳим наоед. Нисбати ёратон софдилона амал намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз ба кори муҳиме даст назанед, зеро дар ин шабу рӯз на танҳо одамон, балки вазъият бар зарари шумо хоҳад буд. Бо дӯстдоштаи худ ошкорову самимӣ бошед, танҳо дар ҳамин ҳолат нофаҳмиҳоро рафъ месозед. Бо мақсади ба даст овардани даромади пулӣ ба корҳои шубҳанок даст назанед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Нафарони муҷаррад зимни робита бо ҷинси муқобил бояд дилпурона амал намоянд, вагарна ҳаёти шахсии худро сохта наметавонанд. Агар дӯстдори машрубот бошед, андозаро нигоҳ доред. Имкони заҳролудшавӣ ва бемориҳои меъда вуҷуд дорад.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Аз нафаре, ки дергоҳ ҷудо шудан мехостед, маҳз дар ҳамин рӯз ҷудо мешавед. Модоме сари чунин қарор омада бошед, ӯро фаромӯш кунеду дар дил кина нагиред. Бо корҳое, ки муваффақият оварданаш ба гумон аст, машғул нашавед. Беҳтараш бо одамони кордон маслиҳат карда амал намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД