Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз фаъолияти кориятон зиёд мегардад. Хусусан барои тоҷироне, ки бо нафарони дар бурҷи сунбула ба дунё омада ҳамкорӣ мекунанд, рӯзи бобарор меояд. Хабарҳое мешунавед, ки шуморо дар ҳоли ногувор гузошта, нақшаҳоятонро барбод медиҳанд. Аз афтидан худро эҳтиёт кунед, лат хӯрдани устухонҳоятон имкон доранд.
Савр (21 апрел-22 май)
Қабули меҳмонон, вохӯрӣ бо хешовандон ва дӯстони наздик боиси муноқиша ва нофаҳмӣ мегардад. Беҳтараш вазъиятро худи ҳозир рафъ намуда, ба таъхир нагузоред. Хабари ногаҳоние, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, ба нақшаҳои кашидаатон нуқта мегузорад. Барои сафару саёҳат рӯзи мусоид аст.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Нисбати шиносон ва дӯстон бодиққат бошед. Вазъияти пурмоҷарое имкон дорад, ки оқибати ногувор ба бор меорад. Аъзоёни оила нисбати шумо беадолатиро раво мебинанд. Шумо низ зери таъсири нафарони бадкирдор монда метавонед. Дар ҳама ҳолат бо атрофиён меҳрубону пуртоқат бошед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз хотиратон мағшуш ва душвориҳо сади роҳатон меоянд. Хушбахтона, муносибатҳои оилавӣ ва ошиқонаатон хуб ҷараён мегиранд. Кӯшиш кунед, ки ҳамеша аз ҳолу аҳволи наздикони худ бохабар бошед. Сафару саёҳатҳо бобарор анҷом меёбанд, вале мушкилиҳои сарзадаро ба таъхир нагузошта, рафъ карданатон лозим меояд.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Рӯзи хатарнок аст. Кӯшиши яку якбора тамоми мушкилиҳоро рафъ кардан боиси ба ғалат роҳ додану ҷароҳат бардоштанатон мегардад. Аз баландиҳо эҳтиёт шавед, хатари афтидану ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Корҳои вазнини ҷисмониро ба таъхир гузоред. Хабарҳои ногувор нақшаҳоятонро барбод медиҳад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи пур аз ҳодисаҳои гуворо ва ногувор аст. Аз чизе наҳаросед, акнун шумо ҳамаи душвориҳоро паси сар мекунед. Бо қобилияти баланди корӣ ҳамкорони худро қоил мегардонед. Бегоҳирӯзӣ бо дӯсти деринатон вомехӯред. Беморие, ки дар ин рӯз сар мезанад, табобаташ тӯл мекашад.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз аз кори душвору хатарнок худдорӣ намоед, зеро аз уҳдаи кор ба хубӣ мебароед, вале бо нафаре муноқиша мекунед. Бегоҳирӯзӣ рух додани ҳодисаи ногувор дар назар аст. Аз баҳсу муноқиша ва ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шавед. Дар муносибатҳои заношавҳарӣ бо сабаби маҳдуд сохтани озодии якдигар нофаҳмӣ сар мезанад.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Агар шумо бодиққатиро пеша намоед, дар корҳоятон муваффақ мегардед. Дар ҷодаи касбӣ ҳунару маҳорати даркориро аз худ намоед. Бегоҳирӯзӣ мушкилоти вобаста бо табобат ва хешу табор имкон дорад. Дар симои яке аз аъзоёни оилаи худ душманро дида, сахт ғалат мекунед.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Мушкилоти вобаста бо касбу корро ба фардо нагузоред. Ба эътибор нагирифтани баъзе қоидаҳои назарногир, нафрат нисбати нуқтаи назари дигарон боиси нобарориҳо, зарар ва ақибнишинӣ мегардад. Аз рафтори шумо атрофиёнатон нороҳат мегарданд. Нақшаву ақидаҳоятон дастгирӣ намеёбанд.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Рӯзи хатарнок аст. Хабарҳои ногувореро мешунавед, ки шуморо дар ҳолати ногувор мегузоранд. Орзуву умедҳои ошиқона барбод мераванд. Руҳафтода нашавед, вагарна ба ҳолати яъсу номуедӣ гирифтор шуда, қаҳру ғазаби беасоси худро нишон медиҳед. Бегоҳирӯзӣ бе ягон сарфи қувваву вақт мушкилиҳоро рафъ месозед.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Нимаи аввали рӯз барои хариди калон мусоид меояд. Хароҷоти худро ба нақша гирифта, пулатонро беҳуда сарф накунед, зеро аз пеш хариди калон карданатон лозим меояд. Рафтору кирдори шуморо наздиконатон хуб қабул намекунанд ва байнатон нофаҳмӣ сар мезанад.
Ҳут (21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз даромади ногаҳонии пулӣ, туҳфаву кӯмак имкон дорад. Орзуҳои наҷибтаринатон нисбати шахси дӯстдошта амалӣ мегардад. Бо нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, як умр дар ҳаётатон боқӣ мемонанд. Хобҳоятон аз пешомаде гувоҳӣ медиҳанд.