arzon replenishment
Толеъномаи 31 декабри 2019, сешанбе
1994

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз воқеаҳои ногувор ва ҳатто хатарнок рух дода метавонанд. Аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед, вагарна ҳам дар кору ҳам ҳаёти шахсӣ сахт фиреб мехӯред. Дӯстдоштаатон ба муҳаббати шумо ниёз дорад, нисбаташ бепарво набошед. Дар ҳавои сард сайр карданатон хуб аст, вале аз ҳад нагузаронед, зуком шуданатон эҳтимол дорад.

Савр (21 апрел-22 май)

Тамоми пешниҳодҳоеро, ки дар ин рӯзҳо мегиред, бодиққат дида бароед. Нимаи дуюми ҳафта кори вазнин мадору қуввататонро мегирад, вале маблағи хуб ба даст оварда, табъатон болида мегардад. Сафари роҳи дур боиси каме нотоб шуданатон мегардад. Барои дӯстдоштаи худ туҳфа хариданро фаромӯш насозед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз ҳар кореро, ки оғоз намоед, аз уҳдааш ба осонӣ мебароед. Нисбати наздикон ва дӯстдоштаатон меҳрубонӣ намуда, туҳфа тайёр кунед. Барои он ки ба зудӣ бе пул намонед, дар ин шабу рӯз пулро зиёд сарф накунед. Бегоҳирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна ба меъдаатон вазнинӣ меафтад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз ягон навигарӣ мехоҳед. Агар дӯстдошта дошта бошед, бегоҳирӯзиро ҳамроҳаш гузаронед. Рафту муҷарраду танҳо бошед, кӯшиши бо нафаре шинос шуданро кунед. Барои зиёфати шоҳона маблағи зиёд сарф кунед ҳам, хурсандии наздиконро дида, заррае пушаймон намешавед. Дар ин рӯз машрубот нӯшиданро тавсия намедиҳем.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Имрӯз дар баробари боҷуръатӣ, дағал ҳам мешавед ва ин хислататон боиси муноқиша карданатон бо атрофиён мегардад. Аз рӯйи шиори «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал намоед. Дар акси ҳол якравиву бадҷаҳлӣ моҷарои зиёдеро ба саратон меорад. Нафаре бо маблағи пулӣ хотиратонро шод месозад. Дӯстдоштаатон аз шумо туҳфаро интизор аст. Аз доираи нафароне, ки гирифтори бемории зуком ҳастанд, дурӣ ҷӯед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз боэҳтиёт бошед, моҷароҷӯӣ накунед, вагарна дили наздиконатонро сахт меранҷонед. Барои он ки рӯз оромона сипарӣ гардад, аз айбҷӯиву танқид худдорӣ намоед. Беҳтараш бо оростани дастурхони идона машғул шуда, ба дӯстдоштаатон кӯмак расонед. Аз хӯрокҳои равғаниву бирён худдорӣ намоед. Маблағи зиёд сарф карданатон дар назар аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст, заҳмати зиёд мекашеду самараашро мебинед. Мушкилиҳои пулиро зуд рафъ месозед. Агар имкон дошта бошед, дар ин рӯз вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон гузаронед. Бемор шуданатон эҳтимол надорад, вале ба ҳар ҳол аз шамолхӯрӣ ва бемории зуком эҳтиёт шавед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Агар дар муносибатҳои ошиқона қадаме ба пеш гузоштан мехостед, имрӯз айни муддао аст. Муҳим он аст, ки бо шахси бароятон азиз самимӣ бошед, ҳар дурӯғи гуфтаатон ба зудӣ фош мегардад. Агар дар ин шаби соли нав нағзакак омодагӣ гиред, барор ҳамсафаратон мегардад. Нафаре бо маблағи пулӣ хотиратонро шод мегардонад. Бо ин пул аз пайи табобат шавед.

Қавс

Рӯзи хубест барои нишон додани ташаббус дар муносибатҳои шахсӣ. Шумо имкони ба даст овардани муҳаббати нафареро пайдо месозед, ки кайҳо боз ба дилатон писанд аст. Изҳори ногаҳонии муҳаббат, мулоқоти ошиқона ва туҳфаи хотирмон дар назар аст. Дар масъалаҳои корӣ диққати худро ҷамъ карда наметавонед ва дар натиҷа дучори ғалат мегардед. Ба кӯмаки касе умед набандед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Рӯзи душвор аст. Дар амалу кирдор ба эҳсосот дода мешавед, табъатон зуд-зуд тағйир меёбад. Баъзан болидаруҳ мешаведу гоҳи дигар ғамгину руҳафтода. Нафароне, ки кӯшиши заррае хушҳол намудани шуморо мекунанд, муваффақ намешаванд ва бар замми ин, ба қаҳру ғазабатон гирифтор мегарданд. Қабл аз он ки кори мушкилеро ба уҳда мегиред, андеша намоед, ки онро ба охир расонида метавонед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Тамоми нақшаҳои неки шумо бо сабаби пеш омадани вазъиятҳои ногаҳонӣ амалӣ намегарданд. Маблағи бисёр сарф карданатон эҳтимол дорад, хароҷотро кам кунед. Ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдодаро ба дил наздик нагиред. Хусусан инҷиқиҳои дӯстдоштаатон муваққатӣ аст. Дарди сар низ ба зудӣ мегузарад.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Ҳар ҳодисае, ки дар ин рӯз рух медиҳад, пешгирӣ карда наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ ба меҳмонӣ рафта, дар хонаи худ низ меҳмон қабул карданатон имконпазир аст. Бегоҳирӯзӣ аз дӯстдоштаатон хабари хуш мешунавед. Нафаре қарзашро бармегардонад. Пурхӯрӣ меъдаатонро бемор месозад, каме андозаро нигоҳ доред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД