Ҳамал
Шумо наметавонед муносибати худро бо нафаре, ки бо шумо ҳамкорӣ ва гузашт кардан намехоҳад, хуб намоед. Аз ин рӯ, ба ҷои он ки бори дигар ноумед нашавед, вазъиятро чуноне, ки ҳаст, қабул намоед. Кӯшиши бо ҳама дӯстӣ карданро накунед. Боз як чизи дигарро фаромӯш насозед: агар нафаре ҳангоми вохӯрӣ ба шумо табассум накунад, ин маънои онро надорад, ки ӯ шуморо эҳтиром намекунад ё дар дил нисбататон кина дорад.
Савр
Имрӯз ҳам барои корҳои дастаҷамъона ва ҳам корҳои дар танҳоӣ анҷомдодашуда созгор нест. Вале ҳамкорие, ки танҳо байни ду нафар оғоз мегардад, натиҷаи самарабахш медиҳад. Эҳтимоли шамол хӯрданатон вуҷуд дорад, ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либоси гарм пӯшед. Нафароне, ки ошиқанд, дар ин рӯз бо сабаби ночизе муноқиша карданашон имкон дорад.
Ҷавзо
Нақшаҳои дар сари худ доштаро дар мадди аввал гузоред, барои ба мақсад расидан ҷасурона амал намоед, чунки дар ин рӯз шумо ҳатман ғолибият ба даст меоред. Нафарони муҷаррад метавонанд нотарсона изҳори муҳаббат намоянд. Онҳое, ки тиҷорати худро оғоз кардан мехоҳанд, рӯзи мусоидро аз даст надиҳед. Вақти дудилагӣ гузашт, ба пеш амал намоед.
Саратон
Дар ин рӯз баъзе вохӯриву маъракаҳои муҳимро ба таъхир гузоштан мехоҳед. Қабл аз он ки тағиротҳои ҷиддиро ба роҳ мемонед, аз оқибати он андеша намоед. Муноқишаи дар дохили оилаатон сарзадаро рафъ сохтанатон лозим аст. Дар ин рӯз бо таъмири хона машғул шуданро тавсия намедиҳем.
Асад
Нисбати баъзе ҳодисаҳои ногуворе, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, диққати зиёд надиҳед. Табъатон дар ин рӯз болида ва бо нерӯи зиёд ҳама гуна монеаҳоро бартараф месозед. Нофаҳмии дар оилаатон сарзадаро рафъ карда, меҳру муҳаббатро аз нав дар дили ёри худ бедор намоед.
Сунбула
Аввали рӯз ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Аз рӯи имкон робитаро кам кунеду бештар хоб рафта, бе шитобкорӣ наҳорӣ карда, мусиқӣ гӯш кунед. Баъди нисфирӯзӣ нерӯятон зиёд мегардад. Дастгирии маънавии дӯстон шуморо болу пар мебахшад. Руҳафтодагии бе сабаб пайдошударо дар суҳбати дӯсти ҷонӣ рафъ месозед.
Мизон
Агар шумо дӯстдори дилхушиҳо бошед, имрӯз бароятон туҳфаи ҳақиқӣ аст. Барои аз таҳти дил истироҳат кардан вақт меёбед. Шуморо лозим меояд, ки ба сифатҳои манфии худ аз қабили якравӣ, худбоварӣ, дурӯягӣ ва манфиатҷӯӣ диққати бештар дода, ба қадри имкон аз худ ин одатҳоро дур созед.
Ақраб
Дар ин рӯз ҳатто маслиҳати нафарони наздиктарини худро ба эътибор нагиред. Эҳтимол нафаре қасдан шуморо ба роҳи хато равона кардан мехоҳад. Муносибати худро бо наздикон дида бароед ва робитаро бо хиёнаткор қатъ намоед. Корҳои ҷисмонӣ дар ин рӯз фоидаоваранд. Хобҳои дар ин шаб дидаатон амалӣ мегарданд.
Қавс
Дар ин рӯз зодагони мучали қавс аз намуди зоҳирии худ қаноатманд намегарданд. Нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, вақте расидааст, ки парҳезро риоя намоянд. Шумо гунаҳкори мушкилиҳои худро меҷӯед, бештар мустақилият нишон дода, роҳбариятро танқид накунед. Ҳар қадаре табассум намоед, ҳамон андоза коратон бобарор мешавад. Нофаҳмии бо ҳамкорон сарзадаро рафъ месозед.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз танҳо бо корҳое машғул шавед, ки ба таъхир гузошта наметавонед. Корҳои дигарро баъдан ба анҷом расонидан мумкин аст. Агар вақти зиёдатонро дар берун мегузаронида бошед, аз пайи мустаҳкам сохтани масунияти бадан шавед. Нафароне, ки волидони бемор доранд, бояд дар фикри пайдо намудани табибони беҳтарин шаванд.
Далв
Дар ин рӯз нақлеро шунида, ба ваҷд меоед. Маҳз ҳамин ҳодиса сабаб мегардаду нақшаҳои худро тағйир медиҳед. Имрӯз барои робита бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ созгор аст. Нафарони оиладор бояд дар фикри шод сохтани дили ҳамсари худ шаванд. Ба нафарони калонсол дар ин рӯз ба сартарошхона рафтанро маслиҳат намедиҳем.
Ҳут
Барои зодагони мучали ҳут имрӯз дурудароз ва дилгиркунанда меояд. Корҳои зиёди якранг пайдо мешаванд. Барои он ки гирифтори руҳафтодагӣ нашавед, либоси беҳтарини худро ба бар намуда, ширинии беҳтаринро истеъмол кунеду ҳамсуҳбати хушчақчақ пайдо намоед. Тавассути шабакаи интернет харидорӣ намудани маҳсулотро тавсия намедиҳем.