Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ҳафта барои саломатии шумо созгор нест. Ҳолати ҷисмонӣ ва руҳиятон осебпазир гашта, иттилои манфиро дарднок қабул мекунед. Эҳтимоли хуруҷи бемории ҷоғар, дарди сар ва дарди пой дар назар аст. Барои он ки табъатон болида гардад, бо шуғли дӯстдоштаи худ машғул шавед. Дар оила хароҷотатон зиёд мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Эҳтимоли пеш омадани мушкилоти молиявӣ дар назар аст. Хусусан агар коргари одӣ бошед, ҳодисаҳои ногуворе сар зада, сабаби парешонии шумо мегарданд. Нафаре шуморо фиреб додан мехоҳад ё барқасдона хабари нодуруст дода, шуморо ба роҳи хато мебарад. Бодиққат бошед ва зимни хулосабарорӣ шитоб накунед. Қабл аз он ки ба ҳуҷҷате имзо мегузоред, бо муҳтавои он шинос шавед.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия медиҳем. Агар чунин имкноният надошта бошед, дар осоишгоҳ истироҳат намоед ё вақти бештари худро дар танҳоӣ сипарӣ намоед. Ба назаратон чунин менамояд, ки озодиятон маҳдуд гаштааст ва дар вазъияти маҳдудкунанда қарор доред. Худро бад ҳис карданатон эҳтимол дорад, ба ҳолати сутунмуҳра диққат диҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз мушкилотӣ саломатӣ сар зада, хурӯҷи бемориҳо ё ҷароҳат бардоштан имконпазир аст. Вале дар баъзеҳо баръакс, беҳтар гаштани вазъи саломатӣ ва болидаруҳӣ дида мешавад. Ба ҳолати саломатиятон муносибат бо одамон ва хабарҳои гирифтаатон таъсир мерасонанд. Табъи худро хира нагардонед, аз муошират бо нафарони бароятон нофорам худдорӣ намоед.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Ҳафта барои беҳтар сохтани вазъи иҷтимоӣ ва пешравӣ дар касбу кор созгор аст. Аз ҷониби нафарони воломақом дастгирӣ ҳис мекунед, ки дар мушкилоти тиҷоратӣ ва молиявиатон кумакашон мерасад. На танҳо истеъдоду муваффақиятатон, балки ғалатҳоятон низ ба чашми атрофиён мерасад. Барои он ки аз хисороти молиявӣ дар амон бошед, эҳтиёткор бошеду нисбати худ серталаб.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Зодагони мучали сунбуларо лозим аст, ки дар ин рӯз ба факту далелҳо бовар кунанд, на ба овозаву ғайбатҳо. Ҳатто ба сухани дӯсти худ бовар накунед. Нафарони муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст. Тасодуфан гурӯҳи дӯстони нав пайдо менамоед. Дар сафар сар задани ҳодисаҳои ногувор дар назар аст, беҳтараш рӯзатонро дар хона сипарӣ намоед.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки аз нафарони бо варзиш машғул ва онҳое, ки машрубот истеъмол намекунанду сигор намешаканд, дарси ибрат гиред, то ки ба саломатӣ зарар нарасад. Вақте расидааст, ки тарки одатҳои бади худ намоед. Аз ҳад зиёд ба парҳез дода нашавед, беҳтараш дар ин бобат бо мутахассис маслиҳат намоед. Ба муноқишаҳое, ки ба шумо зарар мерасонанд, роҳ надиҳед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз имкони дар касбу кор муваффақ шудан, эҳтиром ва обрӯву нуфуз ба даст оварданро доред. Агар корро дар коллективи нав оғоз мекарда бошед, ҳунару маҳорати худро нишон доданатон лозим аст. Нафароне, ки бо тиҷорат машғул ҳастанд, корҳояшон барор мегирад. Бо ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша карданатон имконпазир аст.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Рӯзи душвор аст, фикру хаёлатон танҳо ба мушкилоти молиявӣ равона мегардад. На танҳо даромади худ, балки буҷаи оилавиро ба низом оварда, қарзҳои худро супориданатон лозим аст. Нафароне, ки барои дӯстдоштаи худ туҳфа харидан мехоҳанд, маблағи зиёд сарф карданашон лозим меояд.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Агар дар ин рӯз аз ҳад зиёд ба пурхурӣ роҳ диҳед, бемор шуданатон аниқ аст. Барои он ки меъдаатон ташвиш надиҳад, хӯрокҳои парҳезӣ истеъмол карданатон лозим аст. Муносибати ошиқона дар ҳоли парокандагӣ қарор дорад, кӯшиши наҷот додани онро кунед. Каме меҳрубону ғамхор шуданатон зарар надорад.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Рӯзи фаъол аст, нерӯи зиёдатон сарф мегардад, вале қувваи сарфнамударо ба зудӣ барқарор карда метавонед. Дар ин рӯз эҳтимоли бемор шудани узвҳои пешоброн, шуш ва роҳҳои нафас дар назар аст. Камҳаракатӣ сабабгори худро бад ҳис карданатон мегардад, бештар дар ҳаракат бошед.
Ҳут (21 феврал- 20-март)
Дар ин рӯз мавқеи худро дар касбу кор ва тиҷорат муътадил нигоҳ дошта метавонед. Комёбии молиявии шумо аксаран аз робитаҳои мустаҳками корӣ вобастагӣ доранд. Рақобатро шадид насозед, бо одамон робита намоед ва бартариву шахси даркорӣ будани худро собит намоед. Нафароне, ки нияти сафари хориҷаро доранд, барор ҳамсафарашон мегардад.