Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМА АЗ 30-ЮМ ТО 6-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2019
3102

 

Ҳамал(21 март-20 апрел)

Нафароне, ки оиладор ҳастанд, дар ин ҳафта бо ҳамсафари ҳаётии худ муноқишаву низоъ мекунанд. Ҳавобаландию такаббурро аз худ дур намуда, кӯшиши таҳти назорат гирифтани ҳар қадами ёри худро накунед. Дар акси ҳол ҳамсафари ҳаётӣ низ аз камбудиву мушкилиҳои худ шикоят намуда, дар натиҷа байнатон муноқишаи сахт мехезад. Барои ба созиш омадан мушкилиҳои сарзадаро якҷоя ҳаллу фасл намоед. Фаромӯш насозед, ки танҳо муҳаббат пайванди шуморо тақвият мебахшад.

Дар ин ҳафта робита бо нафароне, ки дар вазифа ва дороӣ аз шумо болотар ҳастанд, боиси сар задании нохушиҳо мегардад. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, дучори рақобати шадид мегарданд. Рӯзи ҷумъа бо касе муносибати худро бад насозед. Хусусан бо бонувон моҷаро карданатон лозим нест.

Рӯзи бобарор: чоршанбе.   Рӯзи бебарор: душанбе.

 Untitled-5

Савр (21 апрел – 22 май)

Зодагони мучали савр дар ин ҳафта бояд диққати бештари худро ба вазъи саломатӣ ва корҳояшон равона созанд. Агар дар корҳоятон таъхир афтад, асабонӣ мешавед ва ба саломатиятон таъсири бад мерасад. Ҳам дар кору ҳам дар хона корҳои худро ба нақша гиред. Хоҳиши ҳар чӣ зудтар ба даст овардани маблағ ва беқарорӣ боиси қарздор шуданатон мегардад ва дар натиҷа хастагиву бемадорӣ эҳсос мекунед, зеро кисаҳои холӣ ҳамеша сабабгори аз даст додани нерӯ ва табъи хуш мегардад. Дӯстдоштаатон дар ин ҳафта ба маслиҳати судманди шумо ниёз дорад.

Дар давоми ҳафта кори нафароне, ки бо таъмири хона ва мошин машғуланд, барор мегирад. Миёнаи ҳафта либоси арзон нахаред, фаромӯш насозед, ки моли арзон бе иллат намешавад. Ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ ва оташ эҳтиёт шавед. Охири ҳафта ҳангоми робита бо наздикон худро ба даст гиред, вагарна байнатон муноқиша сар мезанад.

Рӯзи бобарор: сешанбе.   Рӯзи бебарор: панҷшанбе.

 

 Untitled-6

Ҷавзо ( 23 май-21июн)

Зодагони мучали ҷавзо дар ин ҳафта ба муҳаббату муносибатҳои ошиқона таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Агар дӯстдошта дошта бошед, нисбаташ бояд хеле меҳрубону ғамхор бошед. Дар дилатон рашк пайдо шуда, дӯстдоштаатонро моли шахсии худ шуморидан боиси сар задани муноқиша мегардад. Аз ин рӯ, рашк накунеду худатон низ сабабгори рашки ёратон нагардед. Яке аз сабабҳои муноқиша дар ин ҳафта сарфи маблағ ва норасоии пул аст. Агар шумо фарзанд дошта бошед, ба зудӣ оштӣ мешавед.

Рӯзи сешанбе бо ҳамсоя каме низоъ карданатон эҳтимол дорад. Рӯзи чоршанбе ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез эҳтиёт шавед. Рӯзи ҷумъа мушкилоти зиёдатон роҳи ҳалли худро меёбад.

Рӯзи бобарор: сешанбе.   Рӯзи бебарор: душанбе.

 

 Untitled-7

Саратон (22 июн- 22 июл)

Зодагони мучали саратон дар ин ҳафта вақти зиёди худро ба корҳои оилавӣ бояд сарф намоянд. Аз пайи корҳое шавед, ки чанд муддат бо сабаби норасоии маблағ ё вақт ба анҷом расонида наметавонистед. Хусусан хонаву дари худро ба тартиб дароред. Муноқишаи оилавӣ бо сабаби он сар мезанад, ки яке аз аъзоёни оилаатон уҳдадориҳои худро иҷро кардан намехоҳад. Нафароне, ки дар соҳаи тандурустӣ кор мекунанд, дар ин ҳафта муваффақ мегарданд.

Барои нафарони ошиқ ҳафтаи пурмоҷарост. Нозу нуз ва инҷиқӣ накунед, вагарна ёратон амсоли шумо рафтор мекунад. Рӯзи ҷумъа қисмати зиёди нафароне, ки дар мучали саратон тавлид ёфтаанд, мукофотпулӣ ё маош мегиранд. Рӯзи шанбе худ ва наздиконро эҳтиёт кунед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштан вуҷуд дорад.

Рӯзи бобарор: ҷумъа.   Рӯзи бебарор: душанбе.

 Untitled-8

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ба нафарони муҷаррад дар ин ҳафта ба саёҳат баромаданро маслиҳат медиҳем. Дар сафар вохӯрие имконпазир аст, ки оғози муносибатҳои ошиқона мегардад. Диққати бештари худро ба саломатӣ равона созед. Хусусан нафароне, ки бемориҳои музмини миён ва пой доранд, ба шамолхӯрӣ имкон надиҳед. Нафароне, ки бо кори савдо машғуланд, муваффақ мегарданд, савдояшон кушода мегардад.

Ҳафтаи хубест барои нав кардани сару либос. Беҳтараш либосҳои арзону бе сифатро харидорӣ накунед. Рӯзи ҷумъа эҳтиёткориро аз даст надиҳед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Рӯзҳои истироҳат бо яке аз наздикони худ муноқиша мекунед.

Рӯзи бобарор: якшанбе.   Рӯзи бебарор: шанбе.

 Untitled-9

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ташвишу корҳои рӯзгорро бо камоли майл бартараф месозед. Натиҷаи кори шумо даромади хуби пулӣ ва беҳтар гаштани вазъи молиявӣ мегардад. Ба хотири ба даст овардани маблағ шумо дар ҷои кор бисёр чизҳоро тоқат мекунед. Сард шудани муносибатҳои ошиқонаатонро эҳсос мекунед. Ба назаратон чунин мерасад, ки дӯстдоштаатон шуморо ба манфиати худ истифода мебарад. Агар туҳфа хариданӣ бошед, шитоб накунед, бо туҳфа шумо ошиқатонро ба ваҷд оварда наметавонед.

Даромади пулии нафароне, ки дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ, сохтмон, фурӯши манзил ва дизайнерӣ фаъолият мекунанд, зиёд мегардад. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, маблағи худро бояд барои хариду фурӯши хона сарф намоянд. Рӯзи шанбе аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед.

Рӯзи бобарор: чоршанбе.   Рӯзи бебарор: душанбе.

 Untitled-10

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин ҳафта эҳсос мекунед, ки робита бо баъзе нафарон барои шумо на танҳо бе фоида, балки зарарнок аст, зеро дар баробари вақту соати шуморо гирифтан боиси асабхаробиятон низ мегардад. Дар оилаатон вазъи ногуворе ҳукмфармо мегардад, шумо аз ҷониби аъзоёни оила фишорро эҳсос мекунед.

Се рӯзи аввали ҳафта худро нотоб ҳис мекунед. Рӯзҳои душанбеву сешанбе эҳтиёткор бошед, аз нафароне, ки хуб намешиносед ягон хел туҳфа нагиред. Рӯзи шанбе аз ҷойҳои серодам ва ҳама гуна ҷашну маърака дурӣ ҷӯед. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, сари вақт ба духтур муроҷиат кунед, танҳо дар ҳамин сурат вақту маблағи худро сарфа мекунеду саломатиро аз даст намедиҳед.

Рӯзи бобарор: панҷшанбе.   Рӯзи бебарор: душанбе.

 Untitled-11

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин ҳафта вақту қувваи зиёдатонро барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ равона сохтанатон лозим меояд. Бо назардошти он ки вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад, он чизеро, ки харидан мехоҳед, ба даст оварда наметавонед. Нерӯятон зиёд мегардад, хастагиро қариб, ки эҳсос намекунед. Дар баробари ин, иштиҳоятон кушода мешавад. Агар аз вазни зиёдатӣ азият мекашида бошед, пас дар истеъмоли хӯрок каме андозаро нигоҳ доред. Бештар дар муҳити танҳоӣ вақт гузаронида, истироҳат намоед.

Даромади пулиятон зиёд мегардад, эҳтимол аз кори иловагӣ низ фоида ба даст оваред. Агар сарчашмаи нави даромадро пайдо кардан мехоста бошед, зудтар аз пайи ҷустуҷӯ шавед. Нафароне, ки бо кори савдо ва нақлиёт машғуланд, дучори душвориҳо мегарданд.

Рӯзи бобарор: душанбе.   Рӯзи бебарор: шанбе.

 

 Untitled-12

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин ҳафта бо шахси дӯстдоштаатон муноқишаву нофаҳмӣ сар мезанад. Агар шумо то ин дам аз нафаре, ки чанд муддат бо ҳам муносибати ошиқона доштед, мегурехтед, пас ин нафар боз дар зиндагиятон пайдо мешавад. Аз нафароне, ки ба зиндагии шахсии шумо дахолат намудан мехоҳанд, эҳтиёт шавед. Рӯзи чоршанбе интихоби шумо дар тақдиратон нақши ҳалкунандаро мебозад. Рӯзи панҷшанбе танбалӣ ва бепарвоӣ тамоми заҳматҳоятонро барбод медиҳад.

Дар давоми ҳафта ба касе ягон маслиҳат надиҳед, вагарна ба нафаре ки шумо кӯмак расонидан мехостед, якбора мушкилаш дучанд мегардад. Барои яке аз пайвандони калонсолатон дорувории қиматбаҳо ёфтан лозим меояд. Нафароне, ки нав ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст гирифтаанд, чанд муддат пиёдагардӣ карданашон беҳтар аст.

Рӯзи бобарор: сешанбе.  Рӯзи бебарор: душанбе.

 Untitled-1(1)

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Касбу кор вақти зиёди шуморо фаро мегирад, аҳли оила аз серкории шумо изҳори норозигӣ мекунанд. Бар замми ин, баъзе тағйирот дар ҷои кор табъи дили шумо нестанд. Муносибат бо ҳамкорон ва мизоҷон андаке муташанниҷ мегардад. Ба назаратон чунин мерасад, ки нафаре сади роҳатон шудан мехоҳаду пешпо медиҳад. Чунин фикрҳои мағшушро аз сар дур намоед.

Рӯзи чоршанбе шиноси деринатонро вомехӯред. Рӯзи ҷумъа ҳодисаҳои ногаҳонӣ боиси сар задании муноқиша дар хона мегардад. Занҳо хароҷоти ногаҳонӣ ва фаврӣ мекунанд. Вазъи саломатиятон чандон хуб нест ва фишори руҳие, ки дар давоми ҳафт рӯз эҳсос мекунед, ба шумо зарар мерасонад.

Рӯзи бобарор: ҷумъа.   Рӯзи бебарор: сешанбе.

 Untitled-2

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин ҳафта нисбати корҳое, ки бо пул ва ҳуҷҷатҳои молиявӣ алоқамандӣ доранд, бо диққат бошеду ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Яке аз дӯстон ё хешу табори наздик аз шумо пул қарз мепурсад. Рӯзи чоршанбе ба даҳони худ нигоҳ карда гап занед, вагарна шахси бароятон азизро сахт меранҷонед. Рӯзи панҷшанбе метавонед дар фикри иваз намудани ҷои кор шавед. Рӯзи ҷумъа ба коре, ки боиси хастагии чашмон мегардад, машғул нашавед. Дар давоми ҳафта рӯзҳое мешавад, ки бо коре машғул шудану касеро дидану шунидан намехоҳед.

Мардҳои дар мучали далв тавлидёфта аз мусибате, ки ба сари яке аз дӯстонашон меояд, хеле руҳафтодаву ғамгин мегарданд. Нафароне, ки бо тиҷорат ва кори савдо машғуланд, аз душманони пинҳонӣ эҳтиёт шавед. Мушкилоти асосии шумо бо нафароне алоқамандӣ дорад, ки дар мучали ҳамал, қавс, ва асад тавлид ёфтаанд.

Рӯзи бобарор: чоршанбе.   Рӯзи бебарор: душанбе.

 Untitled-3(1)

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин ҳафта эҳсос мекунед, ки корҳоятон дар хонаву ҷои кор хеле зиёд мегардад. Барои аз уҳдаи кор баромадан бояд реҷаи худро тағйир дода, андаке чаққонтар шавед. Муносибататон бо дӯстон каме муташанниҷ мегардад, аз ин рӯ, ягон баҳона пеш оварда, дар маҳфилҳои дӯстона ширкат наварзед.

Нафарони ошиқ бояд эҳсосоти худро идора карда тавонанд. Агар ба ёри худ ваъдае дода бошед, ҳатман ба гапи худ истода амал кунед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, ҳафта барояшон бобарор меояд. Аз корҳое, ки боиси ҷароҳат бардоштану аз даст додани маблағ мегардад, худдорӣ намоед. Рӯзи якшанбе эҳтимоли аз кор баромадани таҷҳизоти барқии асбобу анҷоми рӯзгор дар назар аст.

Дар бобати саломатии худ ва саломатии наздикон фориғболӣ накунед. Эҳтимоли табобат намудани дандон пеш меояд.

Рӯзи бобарор: душанбе.   Рӯзи бебарор: якшанбе.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД