new banner new years
Толеънома аз 23-юм то 29-уми сентябри соли 2019
4791

Untitled-4

Ҳамал( 21 март-20 апрел)

Зодагони мучали ҳамал дар ин ҳафта бо тахт намудани ҳуҷҷатҳои муҳими оилавӣ машғул мешаванд. Маъракаву вохӯриҳо зиёд мегарданд, барои ҳафтаву моҳи оянда корҳои худро ба нақша гирифтанатон лозим меояд. Дар ин муддат хабари тавлиди тифл ё ҳомиладор шудани нафаре ба гӯшатон мерасад.

Барои худ вақт ёфтанатон душвор мегардад. Дар давоми ҳафта ба хонаатон меҳмон меояд ё худатон ба меҳмонӣ меравед. Бонувон аз уҳдадориҳои иловагӣ фоида мебинанд ё даромади хуб ба даст меоранд. Мардони мучали ҳамал сабаби амалӣ нашудани нақшаву ниятҳои худро меҷӯянд.

Дар давоми ҳафта ба танқиду ранҷонидани нафаре роҳ медиҳед. Рӯзҳои истироҳат бодиққат ва эҳтиёткор бошед, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.

Рӯзи бобарор: душанбе. Рӯзе бебарор: шанбе.

Untitled-5

Савр (21 апрел – 22 май)

Дар ин ҳафта ҳаҷми кори худро камтар созед, вагарна барор нагирифтани кор сабаби сар задани нофаҳмиҳо мегардад. Аз муноқишаву низоъ дурӣ ҷӯед, бо нафаре, ки аз шумо қудрати бештаре дорад, моҷаро накунед. Агар сари вақт забони худро нигоҳ надоред, эҳтимол аз ҷои кор хориҷ мегардед. Ҳафта барои нафароне, ки дар ҳама кор таваккал мекунанд, созгор нест.

Муносибатҳои ошиқонаи шумо хеле хуб ҷараён мегиранд, вале як сирри махфиятон фош мегардад. Бонувон ба хушгӯиҳои нафари бегонае бо чашми шубҳа менигаранд. Ба назаратон чунин менамояд, ки ин мард дар дил мақсаде дорад. Аз ҳиллаву найранг дурӣ ҷӯед, ростиву росткориро аз даст надиҳед, вагарна дучори мушкилиҳои зиёде мегардед.

Мардони мучали савр дар ин ҳафта бетоқат ва зудранҷ мегарданд. Дар саломатиятон мушкилии ҷиддӣ дида намешавад, вале ин маънои онро надорад, ки нисбати он бепарвоӣ зоҳир намоед.Рӯзи бобарор: сешанбе.Рӯзе бебарор: чоршанбе.

Агар шумо дар мучали ҷавзо тавлид ёфта бошед, дар ин ҳафта ботамкин ва дар амалу рафтори худ покизакор бошед. Барои он ки дучори муноқишаву баҳси асабхаробкунанда нагардед, дар робита бо ҳамкорон ё мизоҷон ба дағалӣ ва суханҳои озордиҳанда роҳ надиҳед.

Ҷавзо ( 23 май-21июн)Untitled-6

Дар дили бонувон хоҳиши сайру саёҳат ва худро азизу дӯстдоштанӣ эҳсос намудан пайдо мешавад. Агар шумо муҷаррад бошед, имкони пайдо намудани бахти худро аз даст надиҳед. Табъу ҳолати руҳӣ ва рафтори мардон пурра аз имкониятҳои молиявӣ вобастагӣ дорад. Ба содагӣ роҳ надода, вақту маблағи худро беҳуда сарф накунед.

Нафарони оиладор бояд манбаҳои нави даромади пулиро пайдо намоянд. Бо фарзандону наздикон эҳтимоли сар задани муноқиша вуҷуд дорад.Рӯзи бобарор: ҷумъа. Рӯзе бебарор: сешанбе.

 

 Untitled-7

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин ҳафта хоҳиши ба муваффақият ноил гаштан шуморо ба роҳи макру ҳилла мебарад. Дар давоми ҳафта бо нафаре вомехӯред ё гуфтугӯ мекунед, ки гирифтори фишори сахти руҳӣ аст. Аз даромади хуби пулӣ ё пешравӣ дар корҳои молиявӣ ҳаловат мебардоред.

Бонувон дар муносибатҳои ошиқона бояд сабру тамкинро аз даст надиҳанд. Мардон дар гуфтору рафтори наздикону ҳамкороне, ки вақтҳои охир амалҳои аҷиб мекунанд, сабаб меҷӯянд. Дар асл сабабе барои ташвиш вуҷуд надорад, вале агар шумо худро нороҳат ҳис мекарда бошед, беҳтараш дар ин бора суҳбати ошкоро намоед.

Аз ҳад зиёд ман-манӣ накунед, вагарна бо ҳамкорон муноқиша сар мезанад. Хатари сар задани нофаҳмӣ дар хонаводаатон вуҷуд дорад, вале агар шумо кӯшиш ба харҷ диҳед, моҷаро сар намезанад.Рӯзи бобарор: душанбе. Рӯзи бебарор:чоршанбе.

Untitled-8                         
Асад ( 23 июл – 23 август)

Нафарони дар мучали асад тавлидёфта дар ин ҳафта бо рафъ намудани мушкилии ба сари хешовандон ва дӯстон омада машғул мешаванд. Дасисабозиву амалҳои номатлубе, ки ба сари наздиконатон меояд, шуморо бе тараф гузошта наметавонад.

Ошиқон ва нафарони оиладор ба касе имкон надиҳед, ки ба муносибатҳои ошиқон ва ҳаёти оилавии шумо дахолат намоянд. Бахту осоиштагии худро ҳифз намоед.

Бонувон нерӯи бештари худро бо бо мушкилоти вобаста ба хонаву оила сарф мекунанд. Мардҳо бояд аз пайи саломатии худ шаванд. Аз ҳолатҳои тазйиқовару амалҳои хатарнок даст кашед. Дар ин ҳафта ҳангоми робита бо нафароне, ки дар мучалҳои ҳамал, асад ё қавс тавлид ёфтаанд, сабру таҳаммулро пеша намоед.Рӯзи бобарор: душанбе. Рӯзе бебарор: панҷшанбе.

Untitled-9

                         
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин ҳафта аз телефон, компютер ва ҳамёни зодагони мучали сунбула маълумот ё ахборотеро медузданд. Нафаре, ки маълумотҳои шуморо ба даст овардан мехоҳад, ба мақсад мерасад ва эҳтимол шумо дар ин бора ҳатто дарак ҳам намеёбед. Дар ҷустуҷӯи сабабгори ин амал ё нафаре, ки дар бораатон ғайбат мекунад, худро азият надиҳед.

Дар давоми ҳафта уҳдадориҳои фаврии молиявӣ ба душатон бор мегардад. Сафарҳои роҳи дур мекунед. Агар шумо муҷаррад бошед, ба нафарони ношинос дарди дил накунед.

Бонувон дар давоми ҳафта зудранҷу ҳасос мегарданд. Ин ҳолати шумо ба муҳаббататон бе таъсир намемонад. Хусусан зодагони мучали мизон, ҷавзо ва далв дашному дағалии шуморо дергоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.Рӯзи бобарор: сешанбе. Рӯзи бебарор: чоршанбе.

Untitled-10

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Зодагони мучали мизон аз муошират бо нафароне, ки дар мучалҳои ҷаддӣ, сунбула ва савр ба дунё омадаанд, маълумоти зиёде ба даст меоранд. Баъзеҳо бо коре машғул мешаванд, ки дар оянда даромади хуб ба даст оварда метавонад. Дар ин ҳафта имкони беҳтар сохтани вазъи саломатии худро пайдо мекунед.

Ҳафта барои рафъи мушкилие, ки чанд муддат шуморо азият медод ё муноқишае, ки бо нафари берун аз оилаатон сар зада буд, созгор аст.

Бонувонро ҳафтаи бобарору муваффақ интизор аст. Мардон бо яке аз хешовандони худ муноқиша мекунанд. Ҳафта барои ба хонаи нав кӯчидан бобарор аст. Айни замон ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад, аз фишори руҳӣ худро эмин доред. Рӯзи бобарор: ҷумъа.Рӯзе бебарор: панҷшанбе.

Untitled-11

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Зодагони мучали ақраб дар ин ҳафта метавонанд аз пайи анҷом додани маъракаи фотиҳа ва ақди никоҳ шаванд. Дар давоми ҳафт рӯзи ҳафта роҳҳои бартараф намудани мушкилоти рӯзгор, мушкилоти вобаста бо таҷҳизот, молу мулк ва ғайраро меҷуед. Хароҷоти пулиятон зиёд мешавад, илова бар ин, ба маблағ ниёз пайдо мекунед.

Дар муносибат бо аҳли оила ё бо нафароне, ки якҷоя умр ба сар мебаред, асабӣ шуда, сабру таҳаммулро аз даст медиҳед. Аксари зодагони мучали ақраб дар хонаи худ маъракаву ҷашн барпо мекунанд. Ҳафта барои баргузор намудани тӯй ва ҷашн созгор аст.

Бонувон аз суҳбат бо мардоне, ки дар мучали ҳамал, қавс ё асад ба дунё омадаанд, ҳаловат мебардоранд. Мардон бошанд, танҳо манфиатҳои шахсии худро фикр карда, кунҷи танҳоӣ ихтиёр мекунанд. Дӯстони асил ё нафаре, ки шуморо дӯст медорад, ин ҳолати шуморо дарк мекунанд, вале ба ҳар сурат бо қошу қавоқ дили наздиконро наранҷонед.Рӯзи бобарор: сешанбе.Рӯзе бебарор: чоршанбе.

Untitled-12

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Нафароне, ки дар мучали қавс тавлид ёфтаанд, дар ҳафтаи нав ба мушкиливу камбудиҳои наздикон машғул шуданашон лозим меояд. Аз пайи табобати беморие шуданатон лозим меояд, ки чанд муддат шуморо азият медиҳад. Эҳтимол барои шифоёбӣ парҳез ва амалиётҳои махсуси табобатиро риоя намуданатон лозим меояд.Дар давоми ҳафта чизеро фаромӯш ё гум мекунед. Бо дӯстон сари масъалаи даромади иловагӣ ё роҳҳои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ андешаронӣ мекунед. Ҳафтаи пур аз рӯйдод бошад ҳам, мутаассифона на ҳамаи ҳодисаҳо табъи дили шумо ҷараён мегиранд. Душвориҳои сарзада набояд сабабгори табъи гирифта ё руҳафтодагии шумо гардад.Бонувон дучори мушкилиҳои равонӣ, зиддиятҳо ва бетартибӣ мегарданд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.Рӯзи бобарор: ҷумъа. Рӯзе бебарор: панҷшанбе.

Untitled-1(1)

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин ҳафта дар хонадони зодагони мучали ҷаддӣ маърака ё тӯйи арӯсӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон хабари ҳомиладоршавӣ ё тавлиди фарзандро интизор бошед. Нафарони муҷаррадро шиносоии тақдирсоз ё дӯстона интизор аст.
Аввали ҳафта дар касбу кор монеаҳо сар мезананд, вале шумо бо осонӣ роҳи ҳаллашонро пайдо месозед. Охири ҳафта бо сабаби таъхир афтодан дар корҳоятон ё хароҷоти ногаҳонӣ табъатон хира мегардад. Рӯҳафтода нашавед, ҳафта барои он ки бо ҷидду ҷаҳди тоза аз пайи кор шавед, хеле мусоид аст.
Ба маслиҳати атрофиён оиди саломатӣ гӯш андохта, зудтар аз пайи ташхис ва табобати беморие шавед, ки чанд муддат шуморо азият медиҳад.
Рӯзи бобарор: сешанбе. Рӯзи бебарор: ҷумъа.

Untitled-2

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин ҳафта ҳангоми ба бозору мағоза рафтан ва харид эҳтиёт бошед. Фаромӯш насозед, ки моли арзон бе иллат намешаваду моли қимат бе ҳиммат. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ молу ашёҳои худро бе назорат нагузоред, аз дуздону ҳаннотон эҳтиёт шавед.

Хабар ё пешниҳодеро, ки хеле дер ба даст меоред, табъатонро хира месозад. Бо сабаби ҳодисаи муҳиме бо хешовандону дӯстони наздик сарҷамъ меоед. Хобҳои аҷибу ғалатӣ мебинед. Ҳафта барои ба даст овардани маблағи хуб имконият фароҳам меорад.Дар ин ҳафта дӯстони нав накобед, диққати худро ба муошират бо дӯстони дерин ва шиносҳоятон ҷалб намоед. Бонувон дар фикри иваз намудани ҷиҳози хона мешаванд. Бо таъмири хона машғул шуда наметавонед. Табъ ва ҳолати руҳии мардон хуб мегардад. Муошират бо нафароне, ки дар мучалҳои ҳут, саратон ё ақраб тавлид ёфтаанд, ба шумо руҳи тоза мебахшад.Рӯзи бобарор: сешанбе. Рӯзи бебарор: ҷумъа.

Untitled-3(1)

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Агар шумо дар мучали ҳут тавлид ёфта бошед, дар ин ҳафта аз хабари вобаста бо тифлон ва фарзандони ба воярасида ҳаловат мебардоред. Ба кибру ғурур роҳ надода, ба талаботи роҳбарият гӯш андозед, он гоҳ корҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Рӯзҳои истироҳат дар хонаатон муноқиша сар мезанад, ки рафъ намуданаш кори мушкил аст, вале бояд ҳатман ин корро кунед. Мардон ба содагиву ҳасосият роҳ медиҳанд.

Сиру асрореро, ки дар бораи роҳбари худ аз даҳони ҳамкорон мешунавед, шуморо ба дарёи фикру андеша ғутавар месозад. Муносибатҳои ошиқона рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Бо дӯсти дерини худ алоқа барқарор намуда, ёри аз даст додаи худро баргардонидан муяссар мегардад.Рӯзи бобарор: чоршанбе. Рӯзе бебарор: шанбе.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Ҷади 2019-09-23, 20:09
Ҷади куҷост
Посух
Ҷади 2019-09-23, 20:09
Ҷади куҷост
Посух
АЪЗАМ 2019-09-24, 12:11
Ч,АДЙ НЕСТ.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Ҷади 2019-09-23, 20:09
Ҷади куҷост
Посух
Ҷади 2019-09-23, 20:09
Ҷади куҷост
Посух
АЪЗАМ 2019-09-24, 12:11
Ч,АДЙ НЕСТ.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД