Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Нафароне, ки дар мучали ҳамал тавлид ёфтаанд, дар ин ҳафта аз рафтори дағалонаву нафратангези атрофиён ба шӯр меоянд. Бо чанд нафаре, ки бо кӯмаки шумо мушкилоти худро ҳал кардан мехоҳанд, даст ба гиребон шуданатон имконпазир аст. Бо вуҷуди асабхароб будани вазъият коре кунед, ки муноқишаву моҷаро сар назанад.
Барои нафароне, ки дар ҷустуҷӯи кори иловагӣ буданд, ҳафтаи бобарор аст. Дар давоми ҳафта хароҷоти пулӣ мекунед ё марде аз атрофиёнатон бо мушкилоти пулияш ба шумо муроҷиат мекунад. Мушкилоти дигаре, ки дар давоми ҳафта ба саратон меояд, бо зане алоқамандӣ дорад. Ин зан яке аз пайвандон, ҳамкор ё ҳамсояи шумо аст ва ғаму андуҳи ба сараш омадаро бо шумо қисмат намудан мехоҳад.
Бонувони дар мучали ҳамал тавлидёфта бо мардон забон ёфта наметавонанд. Якравию истодагарии зотиятон боиси нофаҳмиҳои зиёд мегардад, муноқиша ба шарте рафъ мегардад, ки яке аз шумо гузашт карда тавонед. Фаромӯш насозед, ки асабхаробӣ ба саломатиятон бе асар нахоҳад монд.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар давоми ҳафта дар ҳаёти зодагони мучали савр ҳодисаи ногаҳонӣ сар мезанад. Дар ҷои кор ё тиҷорати шумо дастгириву эътимоди ҳамкорон дилатонро ба касбу кор гарм месозад. Мутаассифона, нақшаеро, ки дар сар доштед, бо сабаби сустиву фориғболии шумо амалӣ намегардад.
Ҳодисаи дигаре, дар ин ҳафта рух медиҳад, ки боиси ташвишу саргардониҳои шумо мегардад. Яке аз ҳамкоронатон бо суханони беандешаву бадхоҳонааш ба иззати нафси шумо мерасад. Агар ба маслиҳати мо гӯш диҳед, беҳтараш муносибати худро бо ҳамкорон, хусусан бонувон бад насозед ва коре карда, ин бонуи бадҷаҳлро ба созиш биёред.
Мардони дар мучали савр тавлидёфта аз ҳамкорӣ бо нафароне, ки дар мучалҳои ҳамал, қавс ё асад тавлид ёфтаанд, даромади хуб ба даст меоранд. Ба хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон надода, сари вақт ғизои худро истеъмол кунеду ба шамол кашидани гурдаҳо имкон надиҳед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Барои нафарони дар мучали ҷавзо тавлидёфта дар ин ҳафта душвориҳои зиёд пеш меоянд, ки аз шумо андешаву рафтори оқилонаро талаб мекунанд. Мушкилоте, ки дар хонадони баъзе аз зодагони мучали ҷавзо сар мезанад, дар давоми 7 рӯзи ҳафта рафъ намегардад. Барои аз чунин вазъияти душвор берун шудан шумо дар баъзе ҳолатҳо бояд гузашт карда, ба моҷаро роҳ надиҳед.
Дар давоми ҳафта нафароне дучори мушкилӣ мешаванд, ки қарзҳои калони носупорида доранд. Барои саломатии худ ва саломатии яке аз наздикон пул сарф карданатон лозим меояд. Ташвишатон зиёд мегардад, маъракаҳои ақди никоҳ ё тӯйи арӯсӣ зиёд мешаванд.
Бонувон худро нороҳат ҳис карда, дучори руҳафтодагӣ ва камқувватӣ мегарданд. Барои ба худ омадан бояд бештар дар ҳаракат бошед. Мардҳо бояд вақти худро дуруст тақсим карда тавонанд, зеро вохӯриву нишастҳо зиёд мешаванд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Зодагони мучали саратон аз мол ё ашёи харидаи худ қаноатманд мешаванд, мутаассифона, хушҳолияшон дер давом намекунад ва баъди чанде аз кори кардаи худ пушаймон мешаванд. Ҳодисае, ки бо сабаби яке аз занҳои оила ё ҳамсояатон сар мезанад, боиси ошуфтаҳолӣ ва ғазаби шумо мегардад.
Агар обрӯву эътиюбори худро аз даст додан нахоҳед, кӯшиш намоед, ки бо нафарони бадкору бадкирдор ҳамнишин нагардед, хусусан дар давоми ҳамин ҳафта аз доираи чунин афрод худро канор гиред.
Ҳафта барои сафар кардани мардони мучали саратон мусоид аст. Бо шаҳрвандони кишварҳои дигар кору тиҷорат бобарор анҷом хоҳад ёфт. Хусусан нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, аз ин ҳамкориҳо фоидаи хуб ба даст меоранд. Охири ҳафта каме нотоб шуданатон эҳтимол дорад, сабаб дар хастагӣ ва серкориятон аст.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Зодагони мучали асад дар ин ҳафта бо нафароне, ки мушкилоти шахсӣ доранд ё саломатияшон хуб нест, дучори нофаҳмиву моҷаро мегарданд. Дар давоми ҳафта аз пайи анҷом додани камбудиҳои оилавӣ мешавед. Бо вуҷуди бад будани ҳолати руҳиятон ба руҳафтодагиву ноумедӣ роҳ надиҳед.
Айни замон шумо зиндагии худро кулан тағйир дода истодаед ва барои расидан ба рӯзгорои осоишта рӯзҳои зиёдеро аз сар гузарониданатон лозим меояд. Босабр бошеду ба тақдир тан диҳед.
Бонувон бо фарзандон ё дигар наврасони хона забон ёфта наметавонанд. Мардҳо бошанд, аз вохӯрӣ бо зане, ки дар гузашта бо ҳам шиносоӣ доштанд, ба ёди рӯзҳои аз сар гузаронидаи худ бармегарданд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин ҳафта вохӯриву дидор бо дӯстони дерин зиёд мегарданд. Дар зиндагиятон ҳодисаву мушкилиҳо зиёд мешаванд. Дар давоми ҳафт рӯз бо молу ашёе, ки дигар истифода намебаред, мушкилӣ сар мезанад, бояд аз ин чизҳо халос шавед. Ҳафта барои сафарҳои корӣ ё сафари роҳи дур мусоид аст.
Бонувон дар ин ҳафта бурд мекунанд. Шумо ба комёбиҳои зиёде мушарраф мегардед, ба шарте, ки ба қувваву имкониятҳои худ бовар кунед. Ба дудилагӣ ва тарс роҳ надиҳед, шумо ҳатман ба мақсад мерасед.
Муҳаббат ба шарте меҳмони дили зодагони бурҷи сунбула мегардад, ки каме шарму беҷуръатиро аз худ дур созанд. Ҳавои тоза ва ғизои сервитамин на танҳо кори рӯдаву меъдаро беҳтар месозад, балки нерӯятон дучанду табъатон болида мегардад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Зодагони мучали мизон дар ин ҳафта бо наздикону дӯстон созиш карда наметавонанд. Беҳтараш аз робита бо нафарони моҷароҷӯ дурӣ ҷуед. Дар давоми ҳафта дар бораи як зани шиносатон хабарҳое мешунавед, ки боиси қаҳру ғазаб ё изтиробатон мегардад.
Бар замми ин, дар ҷои кор ва тиҷорататон тағйиротҳое сар мезананд, ки бе асабхаробӣ таҳаммул кардан имконнопазир аст. Кӯшиш намоед, ки аз фишори руҳӣ дар амон бошед, аз ин рӯ, дорувориҳои асаборомкунанда истеъмол кунед.
Бонувон бештар ба муҳаббат ниёз пайдо мекунанд. Агар шумо муҷаррад бошед, танҳоӣ ҷонатонро ба лаб меорад. Ҳатто нафароне, ки оиладоранд, дар ин ҳафта эҳсоси танҳоӣ мекашанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар давоми ин ҳафта ба ҳар коре, ки даст мезанед, боҷуръаттар амал кунед. Эҳтимоли зиёд шудани сафи ҳамкорон ё мизоҷонатон зиёд аст. Пешравии кори шумо аз рафтори ҳамкоронатон низ вобастагӣ дорад.
Баъзе хабарҳои нохушеро, ки дар бораи шиносҳоятон мешунавед, боиси ғамгин шуданатон мегардад. Эҳтимол бо ҳамин сабаб уҳдадории наве ба душатон бор мегардад ё ба сафар мебароед. Бонувони муҷарраде, ки хостгорони худро бесаброна интизоранд, хабари хуш мешунаванд.
Мардони мучали ақраб дар масъалаи пулие, ки дербоз ҳал карда наметавонистанд, муваффақ мегарданд. Саломатӣ аз шумо диққати бештарро талаб мекунад, мутааасифона шумо фориғболӣ мекунед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар давоми ҳафтаи нав бояд дар фикри худ истодагарӣ кунед, вагарна натиҷаи кор ба фоидаи шумо ҳал намегардад. Сафарҳоятон зиёд мегардад ё аз роҳи дур меҳмон қабул мекунед. Шармандаву рӯсиёҳ шудан нахоҳед, ба қаллобиву фиребгарӣ роҳ надиҳед, хусусан атрофиёни худро фиреб надиҳед.
Дар масъалаҳои молиявӣ панҷ ангуштро ба даҳон наандозед, вагарна бо кисаи холиву ҳоли табоҳ мемонед. Баъзе мушкилоти ошиқона ё душвориҳои ҳаёти шахсиятон бар асари яку якбора ба тағйирот рӯ оварданатон сар мезанад. Вақте расидааст, ки на танҳо муносибатҳои ошиқона, балки муносибатҳои дӯстонаи худро ба қолаби муайян дароред.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Нафарони дар мучали ҷаддӣ тавлидёфта дар ин ҳафта ба хотири шод сохтани хотири наздикон бо туҳфаву армуғон тамоми тахаюлоти худро ба кор мебаранд. Ғамхориву меҳрубонӣ ва самимияти шумо дар ин ҳафта зиёд мегардад.
Нафароне, ки аз ошиқи худ ҷудо шудаанд, имконияти бо ёри худ оштӣ шуданро пайдо мекунанд. Умуман тамоми ғаму андуҳи ошиқонаи шумо бо нафаре алоқамандӣ дорад, ки замоне дӯсташ медоштед.
Бемории яке аз наздикон боиси ташвишу изтиробатон мегардад. Мутаасифона дар оилаатон нофаҳмиву низоъ сар мезанад.
Ҳафта барои пешравии коре, ки аз он даромади хубро интизор ҳастед, мусоидат мекунад. Қарзҳои худро баргардонидан муяссаратон мегардад. Бонувон дар ин ҳафта аз фишори руҳӣ эмин монда наметавонанд. Дар ин рӯзҳо зудранҷ мешавед, аз камтарин гапи дағал ранҷида, гиря мекунеду аз атрофиён дилмонда мешавед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин ҳафта бо нафароне робита мекунед, ки бояд мушкилоти ҷиддии шуморо рафъ созанд. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои вобаста ба масъалаҳои молиявӣ масъулияту кордониро аз даст надиҳед. Эҳтимоли ба ғалату иштибоҳ роҳ доданатон вуҷуд дорад.
Нақшаҳои асосси шумо дар ин ҳафта пул ва масъалаҳои молиявӣ аст. Баъзеҳо барои беҳтар сохтани хонаву дари худ пул сарф мекунанд.
Дар муҳаббат каме нофаҳмӣ сар мезанад, бонувон аз дугонаҳои худ маслиҳату дастгирӣ мепурсанд. Мардони мучали далв вақти бештари худро берун аз хона, бо суҳбати дӯстону ҳамсояҳо мегузаронанд. Баъзе уҳдадориҳои оилавӣ боиси инҷиқиҳои шумо мегарданд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин ҳафта бештар бо мушкилоти дӯстону наздикон машғул мешавед. Бо нафароне, ки дар ҷамъият обрӯву эътибор доранд, муносибати худро бад накунед, ҳатто ба хотири дӯстони худ ба ин кор даст назанед. Муноқишаҳое, ки дар давоми ҳафта сар мезананд, бо айби шумо рух медиҳанд.
Ошиқоне, ки айни замон нияти оиладор шуданро доранд, дар бораи якдигар ҳар гуна овозаву ғайбатҳои дурӯғро мешунаванд. Барои он ки як умр ангушти пушаймонӣ нагазед, ба гапҳои шунидаатон бовар накунед.
Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин дар ин ҳафта зиёд аст, шумо бояд ба реҷаи хоб ва ғизои худ диққати бештар диҳед, вагарна ҳам саломатиро аз даст медиҳеду ҳам маблағи зиёдро.