ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2026
372

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз имрӯз зиндагии шахсии шумо ранги тоза гирифта, шавқовартар мешавад. Шом эҳтимол бо мушкили хонагӣ табъатон хира гардад, бинобар ин корҳои муҳимро ба он вақт нагузоред. Дар ҷойи кор эҳтиёткор бошед, баъзе ҳамкорон метавонанд хатои худро ба шумо бор кунанд. Даромади пулӣ имконпазир аст, аммо ба он зиёд умед набандед. Агар фикрҳои ғамангез пайдо шаванд, худро бо машғулиятҳои дӯстдошта ё суҳбати хуб ором созед.

Савр (21 апрел-21 май)

Ба зудӣ дар зиндагии шумо шахси нав пайдо мешавад, ки метавонад муҳаббати ҳақиқӣ гардад. Имрӯз беҳтараш вақти худро дар муҳити орому гарми оила гузаронед. Эҳтимоли сафари корӣ вуҷуд дорад, ки барои пешрафти шумо муфид хоҳад буд. Аз қарз гирифтан худдорӣ кунед ва бештар ба имкониятҳои худ такя намоед. Оббозӣ, истироҳат ва нигоҳубини бадан имрӯз ба саломатии шумо таъсири хуб мерасонад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ба яке аз ҳамкорон, ки кайҳо ба шумо таваҷҷуҳ дорад, диққат диҳед, эҳсосоти ӯ самимист. Имрӯз барои гузаронидани вақт бо оила ва машғул шудан ба кори дӯстдошта хеле мувофиқ аст. Бо одамони гуногун муошират мекунед, бинобар ин кӯшиш кунед оромиро нигоҳ доред. Пулро сарфа намоед, беҳуда харҷ накунед. Аз роҳҳои нодуруст дурӣ ҷӯед. Саломатӣ хуб ва рӯҳияатон болида мешавад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо дӯстдоштаатон суҳбати кушод анҷом диҳед, то нофаҳмиҳо бартараф шаванд. Аз корҳои ҳаррӯза сарфи назар накунед, ҳатто агар каме танбалӣ ҳис кунед. Имрӯз барои оғози кори нав имконияти хуб аст, роҳбарият метавонад шуморо қадр кунад. Хушбахтиро танҳо дар пул ҷустуҷӯ накунед. Ба саломатӣ ва намуди зоҳирии худ аҳамият диҳед ва агар лозим бошад, ба мутахассис муроҷиат намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз барои вохӯриҳо, суҳбатҳо ва истироҳат хеле мусоид аст. Агар бо шахси дӯстдоштаатон бошед, ба ӯ диққати бештар диҳед. Дар муҳити оила эҳсосоти худро идора кунед. Барои муҷаррадон беҳтар аст шитоб накунанд. Ба маслиҳати дигарон камтар такя кунед ва ба ҳисси худ бовар намоед. Рӯз барои гуфтушунид ва корҳои муҳим хуб аст. Варзиш ва истироҳати фаъол ба шумо нерӯи нав мебахшад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз шумо метавонед бо зебоӣ ва рафтори худ дигаронро ҷалб намоед. Ин фурсатро аз даст надиҳед. Агар хоҳед хариди калон анҷом диҳед, аввал вазъи молиявиро хуб андеша кунед. Ба мушкилот бо назари мусбат нигаред, зеро онҳо метавонанд имкони рушд бошанд. Кумаки молиявӣ аз ҷое мерасад, ки интизор набудед. Агар худро танҳо ҳис кунед, сайругашт дар табиат рӯҳияатонро беҳтар мекунад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз беҳтараш ба ҳисси ботинии худ бовар кунед, он шуморо роҳнамоӣ мекунад. Оила метавонад аз кам будани ҳузури шумо норозӣ шавад, бинобар ин кӯшиш кунед созиш пайдо кунед. Дар кор вазифаҳо зиёд мешаванд, вале эҳтимоли гирифтани мукофот низ ҳаст. Каме мушкили молӣ пеш омада метавонад. Саломатиро эҳтиёт кунед, худро аз асабоният ва кори вазнин дур нигоҳ доред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз шахсе, ки одӣ менамояд, метавонад барои шумо хеле ҷолиб гардад. Шумо барои наздикон манбаи гармӣ ва меҳрубонӣ мешавед. Барои беҳтар кардани муносибат бо роҳбарият рӯзи мувофиқ аст. Дар тиҷорат сафарҳо метавонанд фоидаи хуб оваранд. Аз баҳс ва стресс дур бошед, зеро онҳо метавонанд шуморо хаста созанд. Кӯшиш кунед оромиро нигоҳ доред ва нерӯи худро сарфа намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Лаҳзаҳое, ки бо дӯстдошта мегузаронед, хотирмон мешаванд. Имрӯз барои оғози корҳои нав вақти хуб аст, гарчанде дар оила баъзе душвориҳо пайдо шаванд. Фикри ояндаро карда, амал кунед ва дигаронро ба нақшаҳои худ ҷалб намоед. Нақшакашӣ ба шумо кумак мекунад, ки аз роҳ берун нашавед. Ҳадафҳои молиявиро муайян кунед. Саломатӣ хуб аст, агар фикрҳои манфиро аз худ дур нигоҳ доред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шумо метавонед эҳсосоти худро аз нав арзёбӣ кунед ва ба садои дилатон гӯш диҳед. Нимаи дуюми рӯз метавонад бо баҳсҳои оилавӣ ҳамроҳ шавад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Барои соҳибкорон вақти хуб барои васеъ кардани фаъолият фаро расидааст. Меҳнати шумо натиҷа медиҳад ва вазъи молиявӣ беҳтар мешавад. Аз мушкилот зиёд фикр накарда, бештар истироҳат кунед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз мулоқоти ҷолиб ё саёҳати кӯтоҳ дар назар аст. Дар муносибатҳои ошиқона бахт бо шумост. Бо вуҷуди ин, кӯшиш кунед байни ишқбозӣ ва вафодорӣ тавозунро нигоҳ доред. Бо ҳамкорон фикрҳои навро баррасӣ кунед. Дар масъалаҳои пулӣ ба ҳисси ботинии худ такя намоед. Эҳтимоли каме нороҳатии ҷисмонӣ ҳаст, бинобар ин худро аз кори вазнин ҳифз кунед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Ба наздикон бо меҳрубонӣ ва фаҳмиш муносибат кунед, то нофаҳмиҳо пеш наоянд. Агар аз зиндагӣ норозӣ бошед, фикр кунед, ки чӣ бояд тағйир ёбад. Дар кор оромӣ ҳукмфармост ва ин ба манфиати шумост. Ба масъалаҳои қарз ва молия диққат диҳед ва онҳоро ба тартиб дароред. Рӯз ором мегузарад, аммо каме сустӣ эҳсос мешавад. Нимаи дуюми рӯз нерӯи нав ва илҳом мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД