arzon replenishment
Толеънома 31 январи 2020, ҷумъа
2480

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз барои расидан ба ҳадаф тамоми ҳунару маҳорати худро нишон доданатон лозим аст. Муҳимаш аз паси пул надавида, мавқеи худро дар ҷамъият мустаҳкам созед. Агар то ба имрӯз бахти худро пайдо накарда бошед, дар ин ҷода лавандию фориғбол накунед. Бегоҳирӯзӣ шуморо шиносоии тақдирсоз интизор аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Зодагони мучали савр рӯзгори беолоишу маблағи зиёд ба даст овардан мехоҳанд. Мутаасифона, худро хеле хаставу абгор ҳис мекунед. Вақте расидааст, ки хастагиҳои ҷамъшударо бароварда, нағзакак истироҳат кунед. Шумо ба гуӯҳи нафарони ҳамақида ниёз доред. Мушкилу корҳои рӯзгорро бе назорат нагузоред

Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Зодагони мучали ҷавзо дар ин рӯзҳои сарди зимистон баҳор мехоҳанд. Агар имконияту хоҳишатон бошад, метавонед сару либоси нав харида, ба назди машшота равед. Ҳангоми ба коллективи нав ворид гаштан аз ҳад зиёд дар бораи худ маълумот надиҳед. Баъзе ҷузъиёти ҳаёти шахсии худро пинҳон карданатон лозим аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)
Зодагони мучали саратон натиҷаи зиндагии якмоҳаи худро ҷамъбаст месозанд. Кори худро босифат иҷро намуда, муносибататон бо шахси дӯстдошта хуб аст, киссатон низ бе пул нест. Ба доираи шиносҳоятон нафароне ворид мегарданд, ки чанд муддат робитаро қатъ намуда будед. Дар оила оромӣ ҳукмфармо аст.

Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз уҳдадориҳои худро халалдор насозед, вагарна бо ҳамкорон муноқиша карданатон имконпазир аст. Баҳсу мунозира фоида надорад, балки корҳоятонро чигилтар месозад. Ҳар коре, ки дар ҳаёти шахсиятон рух медиҳад, бо айби худатон сар мезанад. Бегоҳирӯзӣ аз истеъмоли ширинӣ ва кулчақандҳо худдорӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Зодагони мучали сунбула дарк менамоянд, ки ҳатто аз корҳои хурду назарногир фоида ба даст овардан мумкин аст. Бомасъулият бошед, нерӯи худро сарф накунед. Нафарони оиладор аз ҳодисае, ки бо яке аз пайвандонашон рух медиҳад, ғамгин мегарданд. Ҳодисаи нохуше сар намезанад, вале ба сафар баромаданатон лозим меояд.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи тағйироту навгониҳо аст. Мутаассифона, барои амалӣ сохтани нақшаҳои худ пули зиёд сарф мекунед. Дар ҳама кор ба ақидаи худ ва садои қалб гӯш андозед, аз худхоҳӣ ва такаббур худдорӣ намоед. Дар акси ҳол муносибати худро бо ҳамкорон, роҳбарият ва наздикон вайрон месозед. Хобатон амалӣ мешавад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Шуморо бурҳони иқтисодӣ интизор аст. Вақте расидааст, ки норасоии пулиро бо кумаки наздикон бартараф намоед, вагарна вазъият душвортар мегардад. Ҳунари дилёбӣ имкон медиҳад, ки ба муноқиша бо шахси дӯстдошта нуқта гузоред. Шумо аксаран дар мавзуҳое баҳс мекунед, ки кайҳо фаромӯш карданатон лозим аст. Гузаштаро фаромӯш созед, бо имрӯз зиндагӣ кунед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз зодагони мучали қавсро аз рӯйи одат бахту барор ҳамсафар мегардад. Ҳатто камбудиҳои дар ҷои кор сарзадаро роҳбарият пай намебарад. Вале давраи бурдбориҳоятон муваққатӣ аст. Сари вақт рафтори худро тағйир доданатон лозим аст. Аз ҷониби нафаре, ки дӯсташ медоред, танқиду эрод имконпазир аст. Қабл аз он ки суханеро ба забон меоред, нағзакак андеша намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Ҳар қадаре зодагони мучали ҷаддӣ дар касбу кор ташаббускор бошанд, ҳамон андоза имкони дар вазифа боло рафтанашон бештар мегардад. Шуморо ҳатман нафарони воломақом дастгирӣ мекунанд, вале кори асосиро мустақилона анҷом доданатон лозим аст. Вазъи молиявиатон муътадил мегардад, вале онро душвортар нагардонед. Аз гирифтани қарз худдорӣ намоед.

Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз ба ҷои он ки бо ягон кори даромаднок машғул шавед, ба кори хона андармон мешавед. Мушкилоти рӯзгор шуморо то андозае фурӯ мебарад, ки корҳои шахсии худро фаромӯш меосзед. Эҳтимоли бад шудани вазъи саломатиятон дар назар аст, хусусан агар қаҳваро ба мисли оби менӯшида бошед. Баъди нисфирӯзӣ нафаре изҳори муҳаббат мекунад.

Ҳут (21 феврал- 20-март)
Зодагони мучали ҳут бо нерӯву ҷозибаи худ атрофиёнро ба зиндагӣ дилгарм месозанд. Дар назди шумо нафаре бо чеҳраи гирифтаву қавоқи овезон истода наметавонад. Бо нафаре, ки муноқиша карда будед, аз нав муносибатҳои хуб барқарор месозед. Ҳангоми ба ҷое сафар намудан аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода бурданатон беҳтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД