formula feb 2025
Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатияшро ба Ҷопон мефиристад?
202

Омодагиҳо дар доираи Меморандуми ҳамкорӣ оид ба ташкили механизми иттилоотӣ барои ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба Ҷопон оғоз ёфта, дар ояндаи наздик Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии худро ба ин кишвар фиристода метавонад.

Ин масъала зимни мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Кейко Фурута мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мулоқот дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар доир гашта, ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва рафти омодасозии мутахассисон мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Зимни мулоқот ба ҳамкории дуҷониба дар доираи Меморандум оид ба ташкили механизми иттилоотӣ барои ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба Ҷопон аз рӯйи барномаи “Муттахассисони баландихтисос” таваҷҷуҳи хоса дода шуда, масъалаи омода намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор дар Ҷопон бо дарназардошти талаботҳои бозори меҳнати Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД