Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии худро барои кор дар Ҷопон омода месозад. Ин масъала рӯзи 9-уми декабр зимни мулоқоти Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шабакаи “Телеграмм” хабар додааст, вохӯрӣ дар фазои дӯстона гузашта, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират изҳор доштаанд ва оид ба раванди муҳоҷират, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намудаанд.
“Гулнора Ҳасанзода миннатдории худро ба сафир барои мусоидат ва саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла баимзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ дар бораи асосҳои заминавии ҳамкории иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии низоми захираҳои инсонии хориҷии дорои мақоми “Мутахассиси соҳибмалакаи махсус” аз 8-уми августи соли 2024 баён дошта, ҳавасмандии худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санади мазкур бо назардошти манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар ва ҳарчи зудтар сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷопон изҳор намуд”,- омадааст дар хабар.