Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарият ва масъулини вазорат, ҳамчунин намояндагони зерсохторҳои дигари он, ки дар самти муҳоҷират кору фаъолият менамоянд, мизи мудаввар баргузор гашт.
Мизи мудаввар ба мавзӯи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2040 бахшида шуда, дар нишасти мазкур Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Шаҳноз Нодирӣ, муовини вазир, Маҳмадбекзода Моёншоҳ Шодмон, директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳамчунин роҳарони Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, Маркази касбомӯзии калонсолони Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва дигар зерсохторҳои вазорат, ки дар ин самт фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Тавре ки Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ гуфт:
“Ҳуҷҷати мазкур санаи 30-июни соли равон аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қабул ва тасдиқ карда шуда, бори аввал дар доираи як стратегия тамоми намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ-муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати хориҷӣ, муҳоҷирати дохилӣ, муҳоҷирати экологӣ, ҳамчунин масоили марбут ба гурезадагон ва паноҳандагон ба танзим дароварда мешавад. Тибқи нақша стратегия бояд дар шаш марҳила: солҳои 2023-2025, 2026-2028, 2029-2031, 2032-2034, 2035-2037 ва 2038-2040 давра ба давра амалӣ карда шавад. Дар доираи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2040 амалӣ намудани як қатор чорабиниҳои муҳим аз қабили гузаронидани таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи самти муҳоҷират ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ин ҳуҷҷатҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират, таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ бо ҷабли намояндагони масъули мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, ғайри давлатӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар Хадамоти муҳоҷират, такмили низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъсис додани Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба нақша гирифта шудааст“.
Баҳром Самадов, Сардори раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2040-ро рунамоӣ намуда, рисолат ва ҳадафҳои ин ҳуҷҷати муҳимро шарҳ дод ва ҳамзамон дар бораи вазифаҳои асосие, ки бояд дар доираи он амалӣ карда шаванд, ба таври муфассал сухан ронд.
"Яке аз вазифаҳои стратегияи мазкур андешидани тадбирҳои судманд барои суръат бахшидани раванди воридоти Тоҷикистон ба бозори байналмилалии меҳнат мебошад", - гуфт ӯ.
Дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи "Оila" дар боби самтҳои нави муҳоҷират Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт:
“Федератсияи Россия ҳамоно ҳамчун кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боқӣ мемонад, вале дар сатҳи давлатӣ барои васеъ намудани доираи муҳоҷират ҳамасола тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 13 давлати дунё, аз ҷумла Британияи Кабир, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Литва, Латвия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Қуввайт ва дигар кишварҳо шартномаҳои байнидавлатӣ дорад. Аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо қувваи корӣ интиқол дода мешавад. Аз ҷумла дар нимсолаи аввали соли 2023 муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври гурӯҳӣ ба 7 давлати хориҷӣ барои корҳои мавсимӣ фиристода шуданд. Албатта мо бо ин иктифо карданӣ нестем ва тамоми талошу имкониятҳои худро ба он равона месозем, ки сатҳи тахассуси муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро баланд бардорем, то онҳо тавонанд дар хориҷи кишвар бо корҳои сердаромадтар машғул шаванд.”
Ба гуфти масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ дар сафарбарсозии муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ барои фаъолияти меҳнатӣ, надонистани забон мебошад. Имрӯз аксари давлатҳои қабулкунанда ақаллан дар сатҳи гуфтугӯӣ донистани забони кишвари худро аз муҳоҷирон талаб менамоянд, бинобар ин, шахсоне, ки нияти ба давлатҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, бояд савияи забондонии худро баланд бардошта, ҳатман