Даврон Ҷабборов, тоҷике, ки аз зиндони Липетск фирор намуда буд, аз ҷониби пулис дастгир карда шудааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Ёдрас мешавем, ки хабари фирор намудани 6 зиндонӣ аз маҳбаси Липетск субҳи 26-уми октябр паҳн гашт. Зиндониён шоми 25-уми октябр тахминан соатҳои 21:00-и шом фирор кардаанд. Аз 6 нафар зидониёни фирорӣ 5 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон ва 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, тахмин меравад, ки ташкилкунандаи фирор аз зиндон маҳз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҷабборов будааст.
Даврон Ҷабборов 27 сол дошта, соли 2022 барои авбошӣ ва таҷовуз ба номус аз ҷониби суд ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Моҳи июли соли гузашта ӯро аз зиндони Серпухово ба Липетск интиқол додаанд.
Аз 6 зиндонии фирорӣ алакай 5 нафарашон боздошт шуда, 1 нафари дигар ҳанӯз дар ҷустуҷӯ қарор дорад.