arzon replenishment
Тоҷикбача чӣ гуна духтари озариро ба доми ишқ афтонд?
876

                 “Келин аз роҳи дур”

“Апаҷон ин ба ту кӣ мешавад? Ҳммм духтарам. Чӣ мехостӣ? Духтарат ба ман хеле писанд шуд, маҳрашро чӣ қадаре, ки гӯед медиҳам. Чизе хоҳед, медиҳам ва бар ивазаш духтаратро ба ман диҳед, холаҷон. Майлаш ба ман як мошини жегулии газ 21 оварда дар хонаам мону духтарамро гирифта рав. Хоб шудаст, сӯроғаатонро гӯед, охири ҳафта бурда мерасонам. Суроғаам..... ман интизори шумо. Хуб, холаҷон...”

20221124_185923

Ин суҳбати хушдомани Амина ва пешхизмати чойхонаи Роҳат мебошад, ки аз он зиёда аз панҷоҳ сол гузаштааст. Келину хушдоман вақте аз имтиҳони қабули донишгоҳ  мебароянд, гурӯсна мемонанд. Тағойгул, ки хушдомани Амина буд, мегӯяд, ки биё самбӯса харида, ба чойхонаи Роҳат медароем.

20221124_184329

Вақте Амина, келини Тағойгулро, пешхизмати он, ки ҷавони муҷаррад будааст, мебинад ошиқаш мешавад. Амина қаду қомати боло, рухсораҳои гул-гун, қошони думи мор барин дарозу сиёҳ дошту  ҳар як бинандаро ба худ ҷалб мекард, ки дар намоишномаи “Келин аз роҳи дур” қаҳрамонии асосӣ аст, ки дирӯз дар театри ба номи Лоҳутӣ пешкаши ҳаводорони театр гардонида шуд, ки зиндагии худи муаллиф Амалхонум Гаҷиеваро қисса мекунад.

20221124_181006

Чӣ гуна духтари ҷавони озарӣ ба ҷавони тоҷик ошиқ мешаваду ҳамроҳи ӯ гурехта ба Тоҷикистон ба як деҳаи дур аз марказ меравад. Муҳити нав, зиндагии фарқкунанда, расму оин ва урфу одатҳои бегона ва дар шароити деҳот зиндагӣ карданро аз хушдоманаш меомӯзад.

20221124_181034

Қаҳрамонҳои асосӣ Алишер ва Амина буда, Алишерро барои адои хизмати ҳарбӣ ба Ҷумҳурии Озорбойҷон равон мекунанд ва дар онҷо ба Амина ошиқ мешавад. Амина дар оилаи серфарзанд таваллуд шуда, модараш хеле барвақт вафот мекунад. Ӯ то ин ҳад дар бораи зиндагии ояндааш, ки бо он рӯ ба рӯ гашт, фикр накарда буд, танҳо бо як  мақсад ҳамдигарро тарк накардан, зиндагиро оғоз карданд. 

20221124_181523_1

Дар аввалҳои зиндагӣ Амина ба мушкилиҳои зиёд дучор мешавад, забони онҳоро намефаҳмид, хӯрок пӯхта наметаовнист, маҳсулоти хӯрокро вайрон мекард ва ба ин сабаб гоҳҳо хушдоман аз сари қаҳру ғазаб бо ӯзбекӣ суҳбат мекард, сиёсат мекард ва норозигӣ ҳам мекард, ки ту кай корҳоро ёд мегирӣ, ҳамаи маҳсулоти хонаамро вайрон карда партофтӣ. Дар бисёр ҳолат ғазаби худро хомӯш кардан мехост. Чунки Амина ғарибдухтар буду дар кӯдаки аз муҳаббати модар бенасиб буданашро холаи Тағойгул фикр мекарду  ҳар рӯз меҳрубонтар мешуд.

20221124_180733

Ҳамчунин дар ин намоишнома чӣ гуна духтари шаҳрӣ ба говдӯшӣ рафтану сатили шир чаппа шуданашро нишон доданд. Лаҳзаи ҷолиби дигарраш ин буд, ки хушдоман ба хонаи модараш ба меҳмонӣ меравад таъкид мекунад, ба келинаш ки нон пухта, кӯдакони хона ва хусурашро гурӯсна намонад. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ Амина дастурхон ороста, нонҳои пухтаашро пеши меҳмон мегузорад. Онҳо ончунон сухтаву сиёҳ гашта буданд, ки ҳеҷ имкони истеъмол кардан надошт. Вале хусураш ба меҳмонаш, ки додараш буд, мегӯяд, ки ин нонҳо каме зиёд пухтаанд, аз ин сабаб сахт ҳам шудаанд, ту дандон дорӣ онҳоро газида метавонӣ, вале меҳмон чанд маротиба кушиши шикастани нонро мекунад, вале бо сабаби сатхии зиёд пора намешавад. Ҳамин тавр меҳмон чой нӯшида меравад.

20221124_190130

Дар ин пораи намоишнома дастгири кардани падаршӯ ва бо ин роҳ пӯшонидани гуноҳи келинро нишон медиҳад.

20221124_183543

Амина ҳеҷ гоҳ не намегуфт, ҳар супорише, ки аз тарафи хусуру хушдоманаш мешуд, хуб майлаш мегуфту иҷро мекард. Ҳамин тавр Алишерро барои кор ба шаҳри Душанбе даъват карданд ва баъди як соли зиндагӣ онҳо ҳамроҳи тифлакашон ба шаҳр мекучанд...

20221124_185012

Намоишнома зиндагии деҳотро бо тамоми ҷузъиёташ инъикос намуд ва суҳбатҳои намояндагони сафоратхонаи Русия, ки онҷо қарор доштанд, аз ҳамдигарӣ ин буд, ки боре шумо дар деҳот будед, агар шуморо даъват кунанд, меравед?

20221124_190257

Ин пурсишҳои байни ҳамдигари аз он шаҳодат медод, ки маҳз Амина тавонист, ки ба хотири ишқи тоҷикбача тамоми мушкилиҳоро паси сар карду ба ҳамаи вазнинҳову камбудиҳо сабр намояд. Ҳамин таҳаммули духтари озарӣ дар оилаи тоҷик буд, ки бо дастгирии пайвандони шавҳараш то куллаҳои баланд расид.  

20221124_185155

Намоишномаи “Келин аз роҳи дур” бо дастгирии бевоситаи Сафорати Озорбойҷон дар Тоҷикистон ба саҳна гузошта шуд, ки ин орзуи деринаи муаллиф ва ҳам қаҳрамонии асосии он Амалхонум Гаҷиева мебошад. Ӯ нависанда, дроматург, тарҷумони забони рӯси, англисӣ, фаронсавӣ, туркӣ, озарӣ, форсӣ ва узви “Маркази фарҳангии “Бактрия” аст.

20221124_190130

Дар нақшҳо Амина, яъне Амальхонум Екатерина Веселова, Амальхонум –ровӣ Манзура Зокирова, Султон, Шуҳратшо Раҳматуллоев, Раҷабгул- Мунира Дадаева, Алишер -Аъзам Андамбеков, Зуҳро –Шоҳина, Тағойгул- Мавлона Наҷмудинова, Ҳайдар -Некадам Шоҳ,назаров ва коргардон Хуршед Мустафаев нақши босазое гузоштанд.

20221124_185620

 20221124_185923

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД