Чароғи утоқи кории шавҳарам хомӯш буд, вале дар хонаи шафат, ки онро хонаи хоби меҳмонҳо мегуфтем, шабчароғи гулобиранг месӯхту садои паст-пасти гуфтугӯ меомад.
«Ай дар падарат лаънат духтардор, ошиқашро ба хона овардааст» гӯён, ба пушти дари меҳмонхона рафта гӯш андохтам. Садои ошнои шавҳарамро шунидаму ҳуш аз сарам парид. «Нозҷон, бе ту мемирам, хоки поятро ба дида мекашам, барои ту дар Дубай ҳавлӣ харидам, туро ба он ҷо мебарам…» меҳрубонона пичиррос мезад Юсуф. «Ман ба Дубай намеравам, мехоҳам ҳамроҳи ту бошам»,- фиқ-фиқкунон рад намуд Сарвиноз. Шавҳарам ӯро тасаллӣ дода мегуфт: «Ҷонакам, то таваллуд шудани кӯдакамон он ҷо бош, баъд он тарафашро мебинем…». Дигар чӣ гуфтанду чӣ кор карданд, намедонам, зеро замину замон дар назарам ба чархзанӣ даромад…
Вақте ки ба худ омадам, духтурҳо гуфтанд, ки ду ҳафта беҳушу беёд хобидаам. Дасту пойҳоямро ҷунбонида наметавонистам. Маълум шуд, ки ба сактаи шадиди мағзи сар гирифтор гашта, фалаҷ шудаам.
Тобути тиллоӣ
Инак, ду сол боз дар бистари беморӣ хобам. Дасту пойи ростам хушк шудаанд, дасту пойи чапамро ба зӯр меҷунбонам. Писаронам ҳарду дар хориҷа таҳсил карда истодаанд. Дар ҳавлии калони бошукуҳамон танҳо мани маъюб мондаму ду хизматгор. Юсуф Сарвинозро ба занӣ гирифт. Ин шармандагиро шунида, фишори хуни модарам баланд шуду ба сактаи дил гирифтор шуда, аз ин олами пур аз макру фиреб рахти сафар баст. Апаам духтарашро оқ кард. Хешу табор аз Сарвиноз рӯй гардонданд. Онҳо гоҳ-гоҳ ба аёдати ман меоянд, вале ман касеро дидан намехоҳам. Ана ҳамин тавр мори дар остин парваридаам ба ҷони ман чунон неше зад, ки аз заҳраш ниҳоли ҷонам хушкид.
Хиёнати ёр ё ҷазои парвардигор?
Зиндагӣ ва табобату нигоҳубини маро Юсуф ба уҳда дорад, аммо як сол боз рӯяшро надидаам. Аввалҳо ба нею нестонам нигоҳ накарда наздам медаромад, вале як рӯз ҳарду сахт ҷанг шудему суханони нешдораш аз ҷавшани ҷонам гузаштанд. Юсуф бо нафрат фарёд зада гуфт:
-Ту дар вақташ бо туҳмат маро аз худ карда будӣ. Аз рӯйи ту падару модарам аз ман хафа ин дунёро тарк гуфтанд. Тамоми дороии маро ту ҳамроҳи хешу таборат мехӯрдӣ, вале ба ҷойи шукр гуфтан бо рашку итобат маро дар назди рафиқонам шарманда кардӣ. Аз ман гила макун, Худо туро бо дасти ҷияни худат зад! Ман бе Сарвиноз ҳатто нафас кашида наметавонам. Туро танҳо ба хотири фарзандонам нигоҳубин мекунам, вагарна дар зиндагият кирм карда мурда меравӣ! Аслан, ту бояд кайҳо мемурдӣ, вале ман бо доруву дармони қимматбаҳо туро дар ин дунё нигаҳ медорам, то азоб кашӣ…»
Тоқатам тоқ шуда фиғон кашидам:
-Дафъ шав, дигар дар назарам натоб! Рӯятро аз ин пас Азроил бубинад! Юсуф бо нафрат рӯяшро тофта баромада рафт.
Шавҳари хиёнаткорам дигар ёди ман накарда бошад ҳам, хурду хӯрок ва дорувориҳои заруриро сари вақт фиристода меистад. Бемор бошам ҳам, аз ягон чиз камбудӣ надорам. Дар хонаи қасрмонанд зиндагӣ карда истодаам, хизматгор дорам, вале ин зиндагиро зиндагӣ номида намешавад. Ин хона бо ҳама зебоиву ҳашаматаш ба назарам дӯзах ё тобути тиллоиро мемонад. Оре, шавҳари пулмастам маро зиндадаргӯр намуда, дар ҳамин тобути тиллоӣ ҷой кардааст, то азоб кашида, азоб кашида ҳатто ба марг зор шавам…
Зулайхо
Таснифи Дилошӯб