Arzon march 2024
Тобути тиллоии Зулайхо Қисми 3
11.04.2024
Дилошӯб
1482

Эркачаи язнаву хола

Ба ҳамин минвол ду сол сипарӣ гашт, Сарвиноз рӯз аз рӯз зеботар мешуд. Бо омадани ҷиянам хонаи мо аз як ғурбатсаро ба қасри пур аз меҳру муҳаббат табдил ёфт. Юсуф тамоман одами дигар шуда, чун ҷавони ошиқ маро рӯ-рӯйи даст мегардонд. Ин ҳамаро мани сода аз пою қадами неки Сарвиноз дониста, тайёр будам барои ӯ ҷонамро фидо намоям. Язнааш қариб ҳар ҳафта пул медод, то ки ҳамроҳи Сарвиноз ба бозор рафта, чизҳои дилхоҳамонро бихарем. Хоҳарзодаам дар бозору мағозаҳо либосҳои зеботаринро хуш мекард ва ман ҳам дилашро ранҷондан нахоста тамоми чизҳои дилхоҳашро ба ӯ гирифта медодам.

Маъшуқаи телефонӣ

Тобистон фаро расиду дарсҳои Сарвиноз низ шуруъ шуданд. Хонаро ба Сарвинозу хизматгорзан гузошта, мо оилавӣ ба як осоишгоҳи хориҷӣ дамгирӣ рафтем. Дар осоишгоҳ Юсуф хеле асабӣ менамуд. Фарзандонам маҳви тамошои зебоиҳои табиат инро пайхас накунанд ҳам, ман ба хубӣ эҳсос менамудам, ки дарди шавҳарам пазмонист, вале пазмонии кӣ?!

Як шаб Юсуф ба айвон сигоркашӣ баромада буд, ки ба телефонаш паёмак омад. Осемасар онро кушода хондам, чунин навишта шуда буд:

Офтоб задай соя таги анҷирай,

Ҳайфи ёрам дар оғӯши кампирай…

Натавонистам бубинам, ки рақами фиристонандаи паёмак чанд аст, зеро Юсуф ба хона даромада, телефонашро дар дасти ман диду ҳуш аз сараш канд ва ба рӯям шаппотие зада гуфт: 

-Ба ту кӣ ҳуқуқ додааст, ки телефони маро кобӣ?! Дониста мон, агар як бори дигар ба телефонам даст расонӣ, туро бо ана ҳамин дастонам буғӣ карда мекушам!

Он шаб мо сахт ҷанг кардем ва бо ҳамдигар қаҳрӣ шуда, то охири сафарамон аз ҳам ҷудо хоб кардем. Шабе дар меҳмонхона тасодуфан суҳбати телефонии шавҳарамро шунидам. Юсуф ба маъшуқааш мегуфт: «Бамаззаи ман, сахт ёд кардаам оғӯшатро, накҳати мӯйҳои сунбулатро, чашмони сиёҳи чун чашми оҳу дилшикоратро, лабонаи ғунчаатро, андоми сапеду хушбӯятро… Шавҳарам чанд сухани фаҳши дигар низ гуфт, ки ба такрор карданашон забонам намегардад. Хушгӯиҳои Юсуфро ба маъшуқааш шунида, мани содадил хаёлан Сарвинозро мазаммат намудам, ки язнаашро беназорат мондааст. Дилам чун шоми зимистонӣ сип-сиёҳ шуд. Дигар нуқлу навоӣ хориҷа ва баҳру ҷойҳои тамошобобаш ба назарам наменамуд, ҳар чӣ тезтар ба хона баргашта, «ғунчалаб»-и Юсуфро ёфта, ҷазояшро доданӣ будам, аммо…

                                Сирри фошгашта

Сарвиноз моро бо қавоқи гирифта пешвоз гирифт, чун сабаб пурсидам, гуфт, ки бемор шудаасту дилаш дард мекунад. Писаронам туҳфаҳои аз хориҷа харидаашонро ба апаҷонашон дода, Сарвинозро бо меҳр бӯсиданду баъд оббозӣ карда ба хонаи хоби худашон даромаданд. Азбаски сарам сахт дард мекард, аз Сарвиноз хоҳиш кардам, ки бароям доруи дарди сар биёрад. Юсуф пас аз ҳамом ба хонаи хоби худамон не, ба ҳуҷраи корияш даромад. Руҳан монда шуда будам, баробари сарамро ба болин ниҳодан хобам бурда мондааст. Дар хобам море аз остинам баромада, маро заҳр заданӣ мешуд, фарёд зада бедор шудам, ки дар обу арақ ғутидаам. Аз ҷоям хеста об нӯшидам. Ба соат нигаристам, се шуда буд. Барои нофор накардани аҳли хонадон оҳиста-оҳиста қадам монда, хостам аз ҷевони айвон доруи дарди сарамро гирам, дидам дари хонаи хоби Сарвиноз кушодаю чароғи рӯйи мизияш фурӯзон. Ин духтар то ҳол бедор аст гӯён даромадам. Рӯйҷои болои рахти хобаш ғиҷим, дар рӯйи хона таҳпӯшҳояш парешон, вале худаш набуд. Гумон кардам, ки ба қазои ҳоҷат баромадаст, интизор шудам, ки ҳозир меояд, аммо қариб бист дақиқа гузашту аз ӯ дарак нашуд. Ба дилам алав афтид: «Худо зад, ин духтар ҳам ошиқ пайдо кардааст, чӣ бало» гӯён, ба таҳлука афтода, хостам Юсуфро бедор карда ба ҷустуҷӯи Сарвиноз равем. 

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД