Sebiston new 2024 october
Тобути тиллоии Зулайхо Қисми 2
10.04.2024
Дилошӯб
1489

Деви рашк

Шавҳарам бо сари баланд ба донишгоҳ дохил шуд ва пас аз як сол ба шуъбаи ғоибона гузашта бо ёрии рафиқони падараш дар як ниҳоди бонуфуз ба кор даромад.

Дар ин миён ман дугоник таваллуд намудам. Якбора соҳиби ду писараки зебо гашта, шавҳарам аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Юсуф ба норозигии волидонаш нигоҳ накарда маро ба шаҳр овард, то бо ду тифлаки ширхора азоб накашам. Шавҳарам бисёр серкор буд, субҳ аз хона мебаромаду баъди фаромадани пардаи торикӣ бармегашт, дили мани бадгумонро бошад, гурги тездандони рашк ханҷол мезад, ки шояд Юсуф маро фиреб дода бо баҳонаи кор дар ким-куҷо бо ойимчаҳои мурчамиён айшу ишрат карда мегардад. Бо шарофати шавҳари мансабдорам мани қишлоқии бесавод соҳиби зиндагии шоҳона гашта, дар тамоми маъракаҳо бологузар будам, вале на хонаву дари қасрмонандам ба назарам метофту на зару зевари қимматбаҳое, ки Юсуф дар ҳар иду айём бароям ҳадя меовард. Деви сиёҳи рашк дар дилам макон гирифта ҳаётамро заҳролуд мекард. Аз сари рашк ба чӣ пастиҳое, ки даст назадам, ҳамеша аз паси шавҳарам ҷосус барин поида мегаштам. Чанд бор ба ҷойи кораш рафта «бо шавҳари ман мегардед» гӯён, бо занҳои ҳамкораш даст ба гиребон шудам. Боре як котибаашро чунон задам, ки даҳону биниаш пур аз хун шуда аз ҳуш рафт. Духтарак ба беморхона афтиду модараш ба сарам омада, мӯю рӯямро канд, вале ин ҳама ба мани аз рашк девонагашта дарси ибрат нашуд…

Бегонадил

Ҳамболиниро Юсуф акнун танҳо ҳамчун қарзи шавҳариаш иҷро мекард, гӯё ман мард бошаму вай зан ҳамеша дар бистар ман ӯро меҳрубонию навозиш менамудам. Эҳсос мекардам, ки бо даҳони бефаровезу ҷангу ҷанҷолҳоям кайҳо ба дили шавҳарам задаам ва агар хотири Заршеду Фаршед набошад, Юсуф ҳатто як дақиқа ҳам бо ман зиндагӣ намекунад. Ҳамсарам падари хуб бошад ҳам, дигар нисбат ба ман ягон зарра меҳру муҳаббат надошт.

Мор дар остин

Аз тарси девонагиҳои ман шавҳарам фақат занҳои миёнсолу безеберо котиба мегирифт. Котибаи навбатияш Нисохола бемор шуда аз кор рафт ва як «қадрдон» хабар овард, ки котибаи нави Юсуф як духтараки бисёр зебои баландболою абрӯкамон аст. Девонавор ба шавҳарам дарафтодам, ки боз бевабозиро сар кардӣ. Юсуф ба рӯям як шаппотӣ зада гуфт:

-Ҳой девона, Нигора хоҳарзодаи як рафиқам аст ва ман ӯро баробари хоҳарони худам медонам. Ду моҳ пас тӯйи арӯсияш баргузор мегардад. Рафиқам девонагии туро медонад, барои ҳамин то ёфтани котибаи нав ҷиянашро дар наздам ба кор монд. Боз ба сари ҳамин духтараки бегуноҳ ҳам рафта маро шарманда накунӣ, аҳмақ!

Шавҳарам хоҳарзода гуфту дар пеши назарам симои духтари апаам Сарвиноз ҷилвагар шуд, ки чун як себи дукафон ба ман монанд буд ва ҳамагӣ як ҳафта пас барои супоридани ҳуҷҷатҳояш ба пойтахт меомад. Апаам ҳамеша аз вай шикоят мекард, ки якраву гапнодарост, модарам бошад, бо лабханди талх «Сарвиноз ба холааш рафтааст» мегуфт.

-Сарвинозро ба шуъбаи ғоибона дохил карда ҳамчун котиба ба кор бигир, то дили ман ором бигирад,-талаб намудам аз Юсуф, бехабар аз он ки бо ин хоҳишам мори заҳрнокеро ба хонаам меорам.

 Сарвинози пур аз ноз

Пас аз ду ҳафтаи ин гуфтугӯ Сарвиноз ҳамроҳи апаам ба хонаи мо омад. Язнааш ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи бонуфузе супорида бо шиносбозӣ ҷиянамро дохил кард.

-Хоҳарҷон, духтарамро ба туву туро ба Худо месупорам, ҳамеша ӯро насиҳат карда ист, то каме ҳам бошад одам шавад,-хоҳиш намуд вақти рафтан апаам.

Бо омадани Сарвиноз зиндагӣ дар хонаи мо ранги дигар гирифт, Заршеду Фаршед, ки яке дар синфи шаш, дигарӣ дар синфи ҳафт мехонданд, аз суҳбат бо апаҷонашон серӣ надоштанд. Духтари хоҳарам он қадар соҳибҷамол буд, ки одами ӯро дидагӣ як бори дигар бинам мегуфт, бар замми ин қобилу тозакор буд, баробари хизматгорзан корҳои хонаро мекард. Сарвиноз либосҳои Юсуфро дарзмол карда, ҳар субҳ «язнаҷон, ана инро пӯшед, ин гарданбандатон ба шумо мезебад» гӯён, дар атрофи шавҳарам парвонавор пар-пар мезаду дили ман бо дидани ин манзара боғ-боғ мешукуфт. Хаёл мекардам, ки дар симои Сарвиноз духтардор шудаам.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД