ЮНЕСКО дар ҳудуди 50 иншооти таҳти назорат қарордодааш 18 600 пиряхро ба қайд гирифтааст. Коршиносон бонги изтироб мезананд, ки агар гармшавии иқлим ҳамин тавр идома ёбад, то соли 2050 аз се ду ҳиссаи ин пиряхҳо пурра об хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки экологҳо ин манбаъро ҳамагӣ 10 дарсади пиряхҳои ҷаҳон муайян кардаанд. Тӯли 20 соли охир танҳо пиряхҳои қаторкӯҳҳои Тян-Шони Ғарбӣ 27 дарсади ҳаҷми худро аз даст додаанд.
Агар вазъият ҳамин тавр идома ёбад, пас аз 25 сол аз пиряхи кӯҳҳои Мон-Пердюи Пиренея, Алпи Италия, Калиманҷари Кения ва Йеллоустони ИМА нишоне нахоҳад монд. Дар нимаи аср пиряхи Парки миллии «Се рӯди параллел»-и музофоти Юннани Чин пурра аз байн хоҳад рафт.