arzon replenishment
ТО КАЙ МОҲИГИРОН МОҲӢ НАМЕҚАПАНД?
1710

Бо паҳн шудани коронавируси нави КОВИД 19, ки таъсири он ба ҳамаи соҳаҳо мушоҳида мешавад, шумораи бекорон зиёдтар шуд. Хуруҷи бемории COVID-19 таъсири манфии худро бештар ба кишварҳои рӯ ба тарақӣ гузошт. Аксари корхонаҳои хурд рӯ ба муфлисшавӣ оварданду қисми зиёди коргарҳояшонро ихтисор карданд.

Шаҳрвандони бекормонда маҷбур шуданд, ки роҳҳои дигари ба даст овардани ризқу рӯзиашонро пайдо кунанд. Аз ин сабаб одамони наздик ба дарёҳо ба моҳигирӣ машғул шуда истодаанд.

Фасли баҳор мавсими тухмгузории моҳиҳо аст. Бо мақсади пешгирӣ аз талафот ва камшавии саршумори он тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моҳиҳо ҳимоя шуда, риоя накардани ин маҳдудият ва худсарона шикори моҳиҳо метавонад боиси ҷавобгарӣ шавад. Тибқи Кодекси мазкур давраи тухмгузории моҳиҳо аз 1 апрел сар шуда, то 15 июн идома мекунад ва дар ин давра шикори онҳо пурра манъ аст.
Чун солҳои қаблӣ кормандони шуъбаи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақа дар соли ҷорӣ низ якчанд қонуншиканиро дар ин самтро ба қайд гирифта, дар баробари тартиб додани парванда 6 ҳолати ҷиноятиро низ ошкор намуданд, ки боиси дар асоси моддаи 230 Кодекси ҷиноятӣ боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани гунаҳкорон гашт.
Аз гумонбаршудаҳо, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Б. Ғафуров, Конибодом ва Ашт дар мавзеъҳои тухмгузорӣ ба шикори ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд, навъҳои гуногуни моҳӣ ва асбобҳои дар ҷиноят истифодашуда, чун чангак, тури моҳидорӣ ва заврақ мусодира шудааст. Ҷинояткорон асосан дар обанборҳо тур гузошта, амалиёти ҷинояткоронаи худро шабона иҷро менамуданд.
Қобили қайд аст, ки чунин ҳаракатҳои харобиовар ба захира ва афзоиши моҳӣ таъсири манфӣ гузошта, ин намуд ҳайвоноти обиро ба несту нобудшавӣ оварда мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД