Formula novemver 2024
Тӯҳмати янга Рустамро хонавайрон кард   
3278

 

Лайлию Маҷнуни кӯҳистонӣ

Рустаму Гулрӯ дар яке аз деҳаҳои дурдасти кӯҳистон зиндагӣмекарданд. Онҳо якдигарро чунон сахт дӯст медоштанд, ки муқобилияти волидону ҷангу ҷанҷолҳои авлодӣниз натавонист аз ҳамдигар ҷудояшон созад. Рустаму Гулрӯ ягон лаҳза бе ҳамдигар зиста наметавонистанд ва борҳо аз бародару тағою амаки ҳамдигар шатта хӯранд ҳам, боз сӯйи мулоқотгоҳашон мешитофтанд ва гаштаю баргашта қавлу қасам мехӯрданд, ки то охирин нафас ба якдигар содиқ монда барои ишқашон мубориза мебаранд. Билохира ин муҳаббати бузург дар набард бо мухолифати ду авлоди бо ҳамдигар ҷангӣҷолиб омад. Калонсолон чун диданд, ки на бо таҳдиду на бо латукӯб ин ду дилдодаро ҷудо карда наметавонанд, ба қароре омаданд, ки беҳтараш тӯйи ошиқонро мегузаронанду дуои некашон медиҳанд, то хонаобод гарданд.

Овозаю овоза…

Арӯсу домод аз бахти баланди хеш меболиданд ва худоро шукр мегуфтанд, ки ба висоли якдигар расиданд. Гулрӯи нозанин пас аз ҳафт моҳи тӯй духтарчаи дӯстрӯяке таваллуд кард, ки мисли себи дукафон ба Рустам монанд буд. Хабари ба дунё омадани тифлак дар як лаҳза дар саросари деҳа паҳн гашта, шӯру шаре барпо намуд. Акнун ба қавли кампиракон дарвозаҳои Бухороро баста мешуду даҳони мардумро не, ҳамсояҳо бо ҳамдигар пичир-пичиркунон мегуфтанд, ки зани Рустам пеш аз тӯй ҳомиладор будааст. Бечора модари Гулрӯ ҳар рӯз таоме пухта ба хонаи духтараш мефиристонд, аммо аз хиҷолати «набераи ҳароми»-аш аз дари хонаи қудояш намедаромад. Рустаму Гулрӯ аз ин овозаю ҳангомаҳои дурӯғ ҷонбезор шуда, қасам рӯйи қасам мехӯрданд, ки пеш аз никоҳ бо ҳамдигар робита надоштанд. Гулрӯ ҳатто бо қуръон қасам хӯрд, ки тифлакаш норасид аст, на ҳаромӣ, вале касе ба гапи келинчак бовар намекард.

Ишқварзӣ дар мошин

Шабе Рустам аз кор хеле дер баргашт. Соат тақрибан 12 шуда аҳли деҳа масти хоб буданду дар кӯча ба қавле ягон саг ҳам намеҷакид. Дуртар аз дарвозаи хонаашон Рустам мошини ношиносеро дида ҳайрон шуд. Наздиктар рафт, то бубинад, ки мошини кист ва дар ин нимашаб ин ҷо чӣмекобад. Зеҳн монда нигаристу ишқварзии зану мардеро дар даруни мошин дид. Симои зан ба назараш шинос тофт, дурусттар нигаристу гӯё аз сараш ногоҳ як сатил оби ҷӯшонро рехта бошанд, ба обу арқ ғутид. Зане, ки дар даруни мошин бо ронанда ишқварзӣдошт, бегона не, зани бародараш буд. Ногоҳ чашми янгааш ба вай афтид ва мардро тела зада аз худ дур карду осемасар дарро кушода ҷониби хонааш давид. Рустам як лаҳза дар ҷояш шах шуда намедонист, ки аз паси янгааш давад ё ронандаро ҷазо диҳад. Ҳамин чанд лаҳза кофӣбуд, ки гунаҳкорон аз ҷойи ҳодиса ҷон ба саломат баранд. Ронанда муҳаррики мошинашро ба кор дароварда бод барин мошинро ронда рафту янгааш худро ба хона зада дар як мижа задан аз назар пинҳон шуд.

Ғарию пештозӣ

Рустам аз паси янгааш ба хона даромад. Занаки маккора аллакай ба бистар даромада худро масти хоб вонамуд мекард. Пас аз чанд маротиба садо баланд кардани Рустам вай чашмонашро молида-молида аз хона баромад ва саволомез ба бародаршӯяш нигарист, мазмун чаро маро аз хоби ширин бедор кардӣ. Оташи ғазаби Рустам аз ин ҳиллаи янгааш бештар аланга гирифта, суханҳои нозасои бисёре гуфт ва таҳдид кард, ки пагоҳ буду шуди гапро ба акааш мегӯяд. Янгааш лабашро бурма карда, посух дод, ки аввал гуноҳи ӯро исбот кунаду баъд доду фарёд занад ва дар охир таъкид намуд, ки агар оилаашро вайрон кунад, рӯзашро сиёҳ хоҳад кард. Рустам ба ин таҳдидҳои янгаи фоҳишааш аҳамият надода, дастафшон баромада рафт.

Дар байни ду оташ он шаб Рустамро аз алам то саҳар хоб набурд. Баробари дамидани субҳ дасту рӯяшро шуста ношто кард ва чун соат 8 шуд, роҳ ҷониби хонаи бародараш гирифт, то ӯро аз кирдори пасти занаш воқиф созад. Бародараш, ки нав аз басти шабона баргашта буд, аз сари субҳ ба хонааш омадани Рустам ҳайрон шуда ӯро ба дастурхон муроот кард. Рустам дар лаби кат амонат нишаста воқеаи шабона рӯйдодаро як ба як қисса кард. Бародараш занашро даъват кард. Янгааш шаттоҳӣнамуда Рустмро тӯҳматчӣномид ва гиряву нола карда, қасам рӯйи қасам хӯрд, ки ягон марди бегонаро надидааст ва ҳатто қадамашро аз дари хона берун намондааст. Бародараш байни ду оташ монда намедонист ба занаш бовар кунад ё ба додараш, аз ин рӯ ҳардуро огоҳ намуда гуфт:

-Ман ба суд ариза менависам, агар фоҳишагии занам исбот шавад, худи ҳамон дам се талоқаш мекунам, вале ин гап дурӯғ барояд, ҳисоб кун, ки ману ту дигар акаю додар нестем!

Рустам розӣшуда бо сари баланд аз ҳавлии бародараш баромад, вале…

Гунаҳкор аз об хушк баромаду…

Бародараш ба суд ариза дод ва Рустамро ҳамчун шоҳид ба ҷаласаи судӣдаъват намуданд. Рустам ҳодисаи дидаашро як ба як нақл карда дод, вале судя ба гапаш бовар накарда пурсид, ки чӣдалел дорад. Рустам, ки хушдори янгаашро намешинохт, ҳақиқати гуфтаҳояшро исбот карда натавонист. Судя Рустамро барои «тӯҳмат» дар ҳаққи янгааш сарзаниши бисёре кард ва огоҳ намуд, ки агар ин корашро боз як бори дигар такрор кунад, ҷояш паси панҷара мешавад. Рустам аз алам сурху сафед шуда аз дари толори суд баромад. Янгааш аз комёбиаш дар ин набарди судӣчунон шод буд, ки дар куртааш намеғунҷид. Вай аз об хушк баромада, муносибати акою додарро батамом вайрон карда буд ва акнун метавонист ҳар чи дилаш хоҳад, ҳамонро карда гардад. Ягона монеа барои ин зани тарпоча ҳамин Рустам буд, ки аз миён бардошта шуд, шавҳари гулу гарангаштро вай бо пӯчоқи писта ҳам фиреб карда метавонист, аз ин рӯ дигар парвои олам надошт.

Қасоси янга

Рустам ба алами бе ҷазо мондани янгаи тардоманаш тоб наоварда рахти сафар ба Русия барбаст. Кораш дар кишвари бегона барор гирифта дарҳол манзил ёфт. Чанд рӯз пас ҷойи кор ҳам пайдо кард. Кори сохтмон вазнин бошад ҳам, дастмузди хуб дошт ва Рустам метавонист ҳам ба зану фарзандаш пул фиристаду ҳам пасандоз намояд. Тез-тез ба хонааш занг зада бо ҳамсараш Гулрӯ сӯҳбатҳои ширини ошиқона мекард. Янгаи беномусаш пас аз рафтани Рустам боз по тоза карда, тез-тез ба хонаи ӯ медаромадагӣшуда буд. Гулрӯи покдилу покният ҳеҷ гоҳ авсунашро бо қошу қавоқи овезон пешвоз намегирифт ва содалавҳона ҳар чи шавҳараш фиристад, дарҳол ба вай нишон медод. Гарданбанду ангуштаринҳоии тиллоии фиристодаи Рустамро дида, оби даҳони ин зани нодида мерафт ва дарун-дарун худашро мехӯрд, ки чаро ба Гулрӯ чунин шавҳари пулёб насиб шудаасту ба вай як лапашанги гӯшлаққаи кафангадоро худованд шавҳар гардонидааст. Аз рашку ҳасаду алам ин зани худонотарс қарор дод, ки бо кадом роҳе, ки набошад, илоҷе карда, хонаи додаршӯяшро вайрон ва занашро беваи кафангадо хоҳад кард.

Хушдори Гулрӯ?!

Тақрибан се моҳ аз байн гузашта буд, ки ба бригадаи онҳо муҳоҷири наве ба кор омад. Аз ҳамсояқишлоқашон будани муҳоҷири навро шунида Рустам аз шодӣдар куртааш намеғунҷид. Коргари нав ҳам ба вай диққати махсус медод ва ҳамеша кӯшиш мекард дар паҳлӯяш бошад. Ҳамин тавр ҷӯраи ҷонӣшуда монданд. Рӯзе дар сари дастурхон ана ҳамин ҷӯраи наваш тарошаи аз бом афтидагӣбарин, якбора суханро дар боби занбозӣоғоз намуд ва бо ифтихор гуфт, ки вай аз деҳаи онҳо як маъшуқаи олиҷаноб дорад. Авзои Рустам якбора беҷо шуда пурсид:

-Кӣбудааст, он духтари беҳаё?!

Ҷӯрааш дандонҳои зардашро нишон дода, табассуми ифтихоромезе намуду гуфт:

-Духтар не, зан аст. Зани лапашанги аҳмақ. Гулрӯ ном дорад он нозанин. Ҳусну ҷамолаш рашки париро меорад, дар ишқварзӣ ҳам беҳамтост…

Номи Гулрӯро шунида ҳуш аз сари Рустам парид, чунки дар деҳаашон танҳо як зан Гулрӯ буд. Аҳли бригада, ки аксарияташон ҳамдеҳагонаш буданд, якбора ба ӯ нигаристанд. Аз хиҷолат замин намекафид, ки Рустам дарояду дигар на рӯйи ин мардро бинад ва на қиссаи ишқбозиҳои занашро шунавад. Гулхани рашк дар синааш якбора аланга зада, тамоми вуҷудашро месӯзонд. Бо чи ҳол аз давраи ҳамкоронаш баромада ҷониби хобгоҳ равон шуд, танҳо худаш медонисту худованд. Марг ин лаҳзаҳо ба назараш осонтар менамуд аз шунидани ин шумхабар.

Талоқ

Нав ба хобгоҳ расида буд, ки Гулрӯ занг зад. Рустам гӯшакро бардошт ва ба занаш ҳатто имкони даҳон кушодан надода дод зад:

-Се талоқат кардам, фоҳишаи лаънатӣ! Дар наздам мебудӣ, саратро аз танат ҷудро мекардам, вале… Хонама ҳаром накун, худи ҳозир чизу чората гирифта баромада рав!

Телефон хомӯш шуд. Гулрӯи ҳангу мангаш канда то саҳар гаштаю баргашта ба шавҳараш занг зад, то бифаҳмад, ки чӣҳодиса рӯй додаст, вале Рустам дигар гӯшакро набардошт.

Саҳар ҷавонзани гунаҳкори бегуноҳ назди мулло рафта ҳодисаи шаб рӯйдодаро як ба як нақл кард. Домулло гуфт, ки талоқ кори бозӣнест ва беҳтараш тезтар баромада равад. Гулрӯ ночор чизу чора ва фарзандонашро гирифта аз хонаи бахт, аз манзили ишқу умеду орзуҳояш бо чашмони аз гиря варамидаю дили хунчакон нолон баромада рафт.

Беваи бечора

Гулрӯ ҳамроҳи фарзандонаш ба хонаи падар рафт. Фоҷиаи ба сараш омадаро шунида аҳли хонадон гирён шуданд, вале дигар оби рехтаро бо гиряву нола бардошта намешуд. Гулрӯ ба тақдири бадаш тан дода, аз пайи кашидани аробаи зиндагиаш шуд. Ғаллакорию ғалладаравӣмерафт, тамоми кору бори рӯзгорро саришта мекард, вале рӯзи хуше намедид дар хонаи падар. Янгаҳояш Гулрӯю фарзандонашро нонхӯри зиёдатӣгӯён, ҳар лаҳза як луқмаи ба даҳон мебурдаашонро заҳр менамуданд. Ягона такягоҳаш тағоҳои дорояш буданд, ки гоҳ-гоҳ савоб мешавад гӯён барои бачаҳояш ягон савғотӣмехариданд, дигар касе парвои онҳоро надошт. Падару модараш пир буданду худашон дастнигари писару келинҳо, аз ҳамин хотир ба тарафдории Гулрӯ лаб намекушоданд, то ба балои бад гирифтор нашаванд. Носозгории келинҳо бо ваю фарзандонаш ва таънаю пичингашон аз ҷавшани ҷони Гулрӯ мегузашт, вале розгӯю розшунаве надошт ин бевазани берӯзии бо тӯҳмат хонавайроншуда, аз ҳамин хотир лаб фурӯ мебаст.

Ҳақиқати дермонда

Аз байн 10-сол гузашту Гулрӯ бо азобҳои алим бачаҳояшро калон кард. Рустам пас аз 10 соли ғарибӣниҳоят ба Ватан боргашт, вале на ҳоли Гулрӯро пурсиду на майли дидори фарзандонаш кард.

Рӯзе дар назди беморхона тасодуфан ҳамон ҷӯраи хонасӯзашро во хӯрд. Ҳарчанд майли дидани афти хунукашро надошт, вале изои мӯмин ҳаром гуфта, саломашро алек гирифту барои вохӯрӣдаст дароз кард. Аҳволпурсӣдоштанд, ки ногоҳ янгаи шаттоҳаш аз наздашон гузашт.

-Гулрӯи гуфтаам ана ҳамин нозанин аст,- ҷониби янгаи Рустам ишоракунон гуфт мард ва афзуд,-бевара бин, дар вақтуш дар бағалум дилакуш гум мезаду ҳоли худша ношинос мегирад-е!

Ин гапро шунида санги вазнине, ки 10 сол боз дар рӯйи дили Рустам мехобид, якбора гӯё об шуда рехт ва ҷавонмард ниҳоят оҳи сабук кашид. Ҳақиқат пас аз 10 сол рӯйи об баромада, маълум шуд, ки Гулрӯи бо он мард ишқварзӣмекарда на зани Рустам, балки янгаи шаттоҳи тарпочаю худонотарсаш будааст. Ҳақиқат исбот шуд, вале дигар аз ин ҳақиқати собитгашта ба Гулрӯ суде набуд, зеро се талоқ ҳукмест, ки бо ҳеҷ далел роҳи ислоҳу бозгашти никоҳро надорад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД