Дар Венгрия тифлаке тавлид ёфтааст, ки ба ҷои мӯйи сиёҳ мӯйи барф барин сафед дорад.
Табибон мегӯянд, ки сафедии мӯйи ин тифли навзод нишонаи ягон намуди беморӣ ё фишори рӯҳӣ нест ва баъди ба воя расидани кӯдак ранги мӯяш бояд тағйир ёбад. Баъзеҳо бо ин ақидаи табибон розӣ нестанд ва мӯйи сафедро нишонаи албинизми барвақтӣ меноманд.
Аслан, сафедмӯӣ дар кӯдакон бо ирсият вобастагӣ дорад, вале дар баъзе ҳолатҳо он метавонад нишонаи норасоии витамини В12 ва дигар бемориҳо бошад.