Sebiston new 2024 october
ТИФЛАКИ ШАШМОҲА ЧИРО МЕФАҲМАД?
1366

Бештари волидон бар он андешаанд, ки кӯдакон то 1-2 солагӣ қобилияти дарку фаҳмиш надоранд ва дар назди атфол бемалол ҳар корро кардан мумкин аст, вале ин ақида нодуруст аст.

Равоншиносон мегӯянд, ки кӯдаки шашмоҳа аллакай аз ҷиҳати равонӣ инкишофёфта маҳсуб меёбад, чунки дар ин давра кӯдак аллакай номи худро медонад ва аҳли оилаи худро аз бегонагон ба хубӣ фарқ карда метавонад. Мабодо фарзандатон одами бегонаро дида гиря кунад, хавотир нашавед. Ин реаксияи муқаррарии кӯдакон ба одами бегона аст. Одатан тифлакон мехоҳанд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд, ҳарчанд барои волидон дилгиркунанда ҳам бошад, вале ин ба манфиати фарзанди онҳост. Кӯдак дар марҳилаҳои аввал ба садо ва ҳолатҳову ҳаракатҳое, ки мебинад, пайравӣ мекунад.

Кӯдак дар шашмоҳагиаш мумкин аст, оҳангу овозҳоро, ки бо забони модариаш наздикӣ доранд, бевосита фаҳмад. Фаромӯш накунед, ки бо кӯдак дар ин марҳила суҳбат кардану гуфтугӯ намудан манфиати зиёд дошта, ҳар як калимаи шумо дар захираи луғавии ӯ сабт мешавад. Забони гуфтугӯ бояд равону суфта бошад. Ҳеҷ гоҳ бо кӯдак бо забони кӯдакӣ тақлид карда гап назанед, чунки майнаи тифл тарзи гуфтори шуморо нусхабардорӣ карда мегирад ва бо гумони он ки тарзи дурусти калима чунин аст, кӯдак низ то дергоҳ бо он забон гап мезанад.



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД