Arzon march 2024
Тифл дар халоҷо
1776

 

Дар гузари мо Тошмад гуфтанӣ ҷавони тақрибан 30 солае зиндагӣ мекард. Ҳавличааш хурдакак, ду ё се дар хонаи пастаки бомаш бешифер дошт, ки хеле фарсуда шуда буданд. Ҳар субҳ, ҳангоми мактабравиам Тошмадро медидам, ки аробаи майдаҳаки тунукачиеро ғаж-ғажкунон кашида мерафт. Ба куҷо рафтану чӣ кор карданашро намедонам, аммо баъзан бегоҳон бо сари афканда сусту лакот аробакашон омаданашро дида будам. Бечора ба касе кор надошт, аммо бачаҳои беақли кӯча ҳаёҳӯй бардошта, бо овози баланд ӯро мазоқу масхара мекарданд ва гоҳе сангпарониаш менамуданд.

Тошмад аз ин гуна бачаҳо ҳазар мекард, афсурдаҳол қадамҳояшро каҷу килеб гузошта, ба назди хонааш мерасид ва дари нимдошти чӯбии рангпаридаи ҳавлиашро, ки дар ҷои қулф симпеч карда монда буд, кушода медаромад. Дар он хона чӣ дошту чӣ мехӯрд, касе намедонад, аммо ҳамеша дасти холӣ баргаштанашро медиданд. Чунин ҳол дошт Тошмад.

Як субҳи барвақти фасли сармо, аз рӯи одат ё бо тақозои кор Тошмад ба кӯча баромада, аранг-аранг овози гиряи тифлеро мешунавад. Ин овоз диққати ӯро ба худ мекашад. Дар сукути ороми субҳ дарҳои бастаи мардум, хунукии қаҳратун овози тифл ӯро ба ҳайрат мегузорад ва Тошмад пайи овоз меравад, то халоҷои дуртар аз саҳни мактаби миёна ҷойгирбуда.

Тифлаки нимбараҳнаи бо камзӯли тунуки занона печонидашуда рӯи ахлоти яхбаста дастакзанон виғ-виғ гиря мекард. Тошмад саросемавор банди эзорашро кушода, ба он симеро пайдо карда баста, бо машаққати зиёд тифлакро кашида бароварда, ба хонааш бурда, сипас ба милисаи минтақавӣ хабар додааст.

-Девонаи ба кори худ ҳушёр, -лаб инҷ карда гуфт нафаре аз калонсолони хонаамон. Ин гуфтаи хунсардона ба модаркалонам писанд наомад, ки илова кард:

- Кори хубе кардааст. Баракат ёбад, савоби ду дунёро гирифт.

 -Э оча, мурдани ҳамун ҳаромӣ беҳтар буд. Калон шавад, «туро аз халоҷо ёфтагӣ»,-гуфта таънааш мекунанд. Рӯз намебинанд ин гуна одамон, - гапи худро гузарониданӣ мешуд келини модаркалонам.

Пас, онҳо «Ин кори кадом худобехабар бошад?»- гуфта, хеле баҳсу андеша карданд ва ба хулосае омаданд, ки дар маҳаллаи мо чунин зани шайтонрафтор набуду нест. Ин корро касе кардааст, ки аз шариат, одаму одамгарӣ дур аст. Ба гуфтаи онҳо дар маҳаллаи мо танҳо бонуҳои порсои покдоман, аз дину диёнат бохабарон мезистанд. Шояд шарофати мардуми нексиришти маҳаллаи обод, дар ин ҷо файзу баракат боридааст...

Аз ин хусус, калонсолони хонаамон чор рӯз баҳс карданд. Дар мактаб ҳам ҳангомаи ба халоҷо партофта шудани тифлаки навзод калон буд. Омӯзгорон маҷлисҳои синфию маҷлиси падару модарон ва маҷлисҳои муаллимонро мегузарониданд. Борҳо ба мактабамон милисаҳо омаданд, ким чӣ хел ташвишҳо зиёд буд. Ана баъд, чӣ мегӯед, ки дар рӯзи чорум милисаҳо кори дасти кӣ будани ин амали шайтониро муайян намуданд.

Се моҳ пеш ба Носир ном ҳаммаҳалаамон арӯс оварданд. Модари Носир барвақт фавтида, падараш аз зани дуюмаш соҳиби фарзандони зиёд гардида буд. Моиндар хоҳ-нохоҳ ин бачаро нағз намедид. Носир ҷавони ҳалиму қобил, вале кари модарзод буд. Моиндараш духтареро аз хешони худаш ба Носир келин карда овард. Шаби тӯйи домодиаш аҳли маҳалла «арӯси хушрӯй гирифт» гуфта, ба ӯ ҳавас бурда буданду моиндарро дуоҳои хайр мекарданд.

Арӯсак дар ҳақиқат ҳам хушрӯй буд. Ба мо –духтарчаҳо, ки ба арӯсбинӣ рафта будем, тӯри арӯсиашро ба сар гирифт, маҳин-маҳин салом доду ба гирди хони густурда таклифамон намуд. Мо шодикунон аз нуқлу наво хӯрда, ҳангоми рафтан аз дасташ оиначаву шоначаву сақич гирифта будем. Хушдоман-холаи арӯс «Шумо ҳам арӯс шавед» гӯён, ба мо дуо дод. Ҳар яки мо дар ҳақиқат хоста будем мисли зани Носир арӯси хушрӯ шавем. Аммо чун Носир шӯи карро кӣ мехоҳад?

ИНЧУНИН:

ҶАҲОНАФРӮЗ: МЕҲРИ МАТЕМАТИКА МАРО БА СӮЙИ ХУД МЕКАШИД

Хуллас, аз даҳони мардуми маҳалла ва бо тамоми ҷузъиёташ аз занони хонаамон шунидам, ки он моҳ беайб набуда, ба хонаи шавҳараш бо тифлаки дар батнаш шашмоҳа омада будааст.

Хушдоманаш ба Носири сусту фулуст «Қоидааш ин ки ҳар арӯс то 3-4 моҳ дар хонаи шавҳар меҳмон мешавад» гуфта, садди ҳамхобагиашон мешудааст. Ба сари Носир ҳар гуна гумонҳо ояд ҳам, аз тарси он ки гумонаш ботил мебарояду боиси бештар ба ғазаби моиндар гирифтор шуданаш мегардад, лаб фурӯ баста мегаштааст. Падараш, ки пештар ба ин издивоҷ зид буда, «Онҳо муносиби ҳамдигар нестанд, Носир ба кӯрпааш нигоҳ карда пой дароз кунад» мегуфтаст, баъди тӯй дар симои писари бемодараш қаноатмандию арӯси чилҳунари зеборо зеби ҳавлиаш дида, осуда гардидааст.

Мардум мегуфтанд, ки арӯсак на танҳо шавҳару хусур, инчунин холаи айбпинҳонкунашро ҳам фиреб карда, шармсор гардонидааст. Холааш худ ҷиянашро зоёнда, ҳисоби тифлакро низ худаш ёфтанӣ будааст. Ин модари аз бача бой ҳеҷ гоҳ ба чунин разолат роҳ доданӣ набуд. Аммо вақте, ки арӯсакро чордард мегирад, пинҳонӣ ба таҳхона фаромада, таваллуд мекунаду ҳарчӣ ба дасташ афтода бошад (нимтанаи фарсудаи холааш) кӯдакро ба он печонида, поёни шаб ба ҳоҷатхонаи мактаб бурда партофтааст. Чӣ амали зиште. Ҳайвон ҳам чунин корро намекунад.

Субҳ ҳоло хола бедор нашуда, арӯсак изи корашро равонда, боҳузур ба бистараш даромада, худро гармакак печонида хобидааст. Рафтори шайтонии ӯро аз ин зиёдтар тасвир карда наметавонам, қалам оҷизӣ мекашад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД