Соли навро беш аз ҳама кӯдакон интизорӣ мекашанд, то дар ин рӯзи мӯъҷизавӣ бо Бобои Барфӣ ва Барфақ вохӯрда, орзуҳояшонро бигӯянд ва туҳфаҳои зиёде бигиранд.
Тамоми волидон кӯшиш мекунанд, ки ба фарзанди худ беҳтарин туҳфаҳоро тақдим намуда, хотири ҷигарбанди хешро болида гардонанд, вале баъзеҳо имкони харидани бозичаҳои қиматбаҳоро доранду бархи дигар не. Дар ин ҳолат чи бояд кард? Дасткӯтоҳии волидон набояд кӯдакро дилмонда созад. Шумо имкони иқтисодӣ надошта бошед ҳам, метавонед фантазияи худро ба кор бурда, барои фарзандатон беҳтарин туҳфаро омода созед. Ба хотири кӯмак ба падару модарон мо чанд маслиҳати муфидро дар боби туҳфа ба кӯдакон пешкаш месозем.
Ороишот аз қоғазҳои ранга
Барои харидани туҳфаи гаронбаҳо имкон надошта бошед, озурда нашавед. Аз қоғазҳои рангаи ҷилодор ҳар намуд ороишот сохтан мумкин аст. Имрӯзҳо тарз ва намудҳои зиёди чунин ороишотро метавонед аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба осонӣ пайдо намоед. Аз он шумо метавонед Бобои Барфӣ ва арчаи солинавӣ сохта, манзилатонро ба ҷашни Соли Нав омода созед ва барои фарзандонатон як фазои идонаро ба вуҷуд оваред. Субҳ аз хоб бархоста, чунин ороишотро дидан барои кӯдакон ниҳоят фараҳбахш аст.
Бозичаҳои мулоим
Имрӯзҳо нархи бозичаҳои мулоим ба осмон дакка хӯрдааст ва на ҳар шахс метавонад барои кӯдаконаш хирсаки махмалин ё харгӯшак харад, вале ин масъаларо мустақилона ҳам ҳал кардан мумкин аст. Дар гирду атрофи мошинаи дарздӯзии занҳои чевар ҳамарӯза латтапораҳои зиёде ҷамъ мешаванд. Онҳоро бо ҳам часпонда ба шакли хирсак ва ё заргӯшак духта дарунашро бо пахта пур намоед. Бо ришта чашму қош дӯзед. Гирифтани чунин туҳфа натанҳо хурдтараконро хушҳол мекунад, балки муддати дароз асбоббозии дасти фарзанди шумо хоҳад гашт.
Либосҳои афсонавӣ
Барои ин гуна либосҳо низ фантазияи бой лозим. Ҳастанд нафароне, ки аз қоғазҳои рӯзномаи куҳнашуда барои дӯстрӯякашон либоси зебои идона месозанд. Онро танҳо барои хуҳолии кӯдак ва як рӯз истифода кардан мумкин аст. Шумо метавонад ҳамчунин матоъҳои ҷилодори ороишотҳои кӯдакона доштаро бо ҳам ҷамъ оварда, аз он барои фарзандони хурдсолатон либоси гург, сагча ё гурбача дӯзед. Бо думи дарозу гӯшҳои зебояшон ин ҳайвонҳо ба кӯдакон хеле ҷолибанд. Аз онҳо истифода намуда шаби солинавии фарзандатонро афсонавӣ ва хотирмон гардонед.