Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ тими миллии кишварро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият ширкат мекунад, мукофот дод.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз баромадан аз гурӯҳ 300 ҳазор доллар мукофоти пулӣ гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе.
Илова бар ин, пас аз пирӯзии тими Тоҷикистон дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар Амороти Муттаҳидаи Араб, раиси ФФТ барои тими Тоҷикистон боз 150 ҳазор доллари дигар мукофотпулӣ ҷудо кард. Дар сурати пирӯзӣ бар тими Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ дарёфт хоҳад кард.
Дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 дастаи Тоҷикистон бо ҷоизаҳои калон сарфароз мегардад.