Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо пахши як навори видеоӣ дар шабакаи Телеграм аз дастрас гаштани хати оҷилӣ оид ба муҳоҷирати бехатар (Телефони боварӣ) хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд минбаъд, ҳангоми рӯ ба рӯ гаштан бо мушкилиҳои гуногун аз дилхоҳ кишвари ҷаҳон ба рақами 900-800-800 занг зада, кӯмак бипурсанд.
Тибқи иттилоъи манбаъ, тариқи телефони боварӣ муҳоҷирони тоҷик метавонанд барои пайдо кардани кор дар ин ё он кишвари ҷаҳон, ба рақами 900-800-800 занг зада, машварати ройгон бигиранд ва бо кӯмаки идораҳои дахлдори муҳоҷират нияти худро амалӣ созанд. Дар ҳолати афтидан ба ғуломии меҳнатӣ, ё доми қаллобон, ҳамчунин ҳангоми шоҳиди савдои одамон гаштан муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, оҷилан ба рақами 900-800-800 занг зада, тариқи телефони боварӣ дар бораи ин ҷиноятҳо хабар диҳанд.
Тариқи телефони боварӣ дар бораи давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор қабул мекунанд, талабот, шарту шароитҳои кор ва музди меҳнат дар ин кишварҳо ва идораҳое, ки муҳоҷирони тоҷикро ба давлатҳои хориҷӣ сафарбар мекунанд, ба таври муфассал маълумот гирифтан мумкин аст.
Муҳоҷирони меҳнате, ки имконияти занг задан надоранд, метавонанд саволи худро дар Вотсап нависанд, ё воситаи саҳифаҳои махсуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Телеграм муроҷиат карда, рақамҳои телефонашонро гузоранд. Операторони телефони боварӣ баъдан, бо эшон тамос гирифта, ба саволҳояшон ҷавоб медиҳанд ва барои ҳалли мушкилашон кӯмак мерасонад.