Ба иттилои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Сино, бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ба ин ниҳод муроҷиат намудааст.
Ӯ аз он шикоят кардааст, ки 3-юми декабри соли 2022, тахминан соати 04:44-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомии пойтахт қарор доштанаш, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-А32»-ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба зикри мақомот, зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.