Sebiston new 2024 october
Тавсияҳо оид ба оббозии кӯдак то сиҳатшавии ноф
753

То сиҳат шудани нофи кӯдак ӯро ба оббозӣ даровардан мумкин аст ё не?

Ин савол зеҳни бисёр модаронро ба ҳам мезанад. Албатта, дарёфти посух ба ин савол ниҳоят муҳим аст, чунки ноф ин воситаи ғизохурӣ ва нафаскашии кӯдак то таваллуд аст. Яъне, ҳанӯз он роҳи кушод аст ва метавонад об ва ё маводди ғайр ба организм ворид гардад.

Ба ин хотир, муҳим аст, ки ин роҳ комилан “баста” шавад ва баъдан кӯдакро оббозӣ даровардан лозим аст. Аммо боқимондаи нофе, ки момодояҳо маҳкам мекунанд ва ба андозаи 2-3 см мемонад, худаш хушк шуда меафтад.

Ин хушкшавӣ аз 3 то 14 рӯз тӯл мекашад ва набояд афтидани онро интизор шуд. Ҳамин ки зери ноф хушк шуд, маънои онро дорад, ки роҳи ноф алакай баста шудааст ва ба дохил дигар чизе намедарояд. Метавон бо ҳазур тифлакро ба оббозӣ даровард.

Ба оббозӣ даровардани кӯдак, махсусан, дар рӯзҳои аввали ҳаёти ӯ ниҳоят муҳим аст. Об пӯсти кӯдакро тоза карда, ба атроф одат кардани ӯро осонтар месозад ва гардиши хун дар рагҳои навзодро ба тартиб меоварад ва дигар фоидаҳо дорад. Аммо, ин равандро дуруст ва бо тартиби хос гузаронидан лозим аст.

Табибон ба ҳар модари навзод маслиҳат медиҳанд, ки кӯдакро оббозӣ дароранд, лекин гирди нофро бо маводди антисептикӣ тоза намуда, матои пахтагинро ба болояш гузоштан лозим аст, то обҳои боқимондаи дохили нофро ҷаббад, ки газак нагирад.

Барои оббозии кӯдак аз тағораи махсуси кӯдакона истифода намуда, дар дохилаш миқдори ками обро гирифта, оҳиста - оҳиста навзодро ба об ошно намудан лозим аст. Он аввалин маротиба аст, ки чунин моеъро ҳис мекунад, шояд тарсида гиря кунад.

Гармии об наздик ба 21-24 °С буданаш лозим аст. Агар асбоби ченкунии ҳарорати об дар даст набошад, метавон оринҷро ба об ворид намоед ва он агар аз ҳад зиёд сард ва ё гарм ба назар натобад, пас ба мақсад мувофиқ аст.

Ҳангоми дар даруни об ворид намудани навзод об бояд то қафаси синаи кӯдак наздик шавад. Навзодро аз гардан боло тамоман ба об даровардан мумкин нест. Аввал бадани кӯдакро шуста, пасон бо даст ба сари ӯ об рехта, шустан лозим аст.

Мувофиқи маслиҳати табибон кӯдакро метавон ҳар рӯз ба оббозӣ даровард. Об барои инкишофи кӯдак таъсири бузурги мусбат мерасонад. Аммо, саломатӣ ва ваъзияти руҳии навзодро нигоҳ карда, оббозӣ кунонидан лозим аст.

Ҳарчанд навзод ниҳоят хурд аст ва ақидаи худро иброз карда наметавонад, аммо модар тарзе бояд ӯро оббозӣ дарорад, ки дафъаи дигар бо дидани ҳавзи об гиристанро шуруъ накунад.

Баъди оббозӣ бо матои нарм танашро хушконида, ҳатман ба ӯ либоси пахтагин пӯшонидан лозим аст. Шикамашро сер карда хобонед ва ин роҳаттарин хоби навзод хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД