Меҳру муҳаббати волидон ба фарзандонашон натанҳо як эҳсоси гарму ширин, балки омили муҳимест, ки ба рушди равонӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдакон таъсири бузург мерасонад. Тарзи муносибати падару модар ба кӯдакон метавонад ояндаи онҳоро муайян кунад.
Муҳаббати волидон ва рушди кӯдак
Муҳаббати волидайн боварӣ ва эътимоди кӯдакро нисбат ба худ боло мебарад. Вақте ки кӯдак муҳаббат ва ғамхории падару модарашро эҳсос мекунад, худро бехатар ҳис мекунад. Ин эҳсос ба рушди кӯдак мусоидат намуда, эҳсоси стресс ва тарсро коҳиш медиҳад.
Таъсири муҳаббати волидон ба ҳолати равонии кӯдак
Кӯдаконе, ки аз волидонашон ба ҳадди зарурӣ меҳру муҳаббат мебинанд, аз нигоҳи равонӣ пурқувват буда, эҳсосоти худро озодона баён мекунанд. Чунин кӯдакон хеле боҷасорат ба камол расида, дар оянда аз худ дифоъ карда метавонанд.
Таъсири муҳаббати волидон ва рушди ҷисмонии кӯдак
Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки кӯдакони ба қадри зарурӣ аз падару модар муҳаббат гирифта беҳтар рушд мекунанд. Бӯсаҳои пурмеҳри падару модар, ба оғӯш кашидан ва суханони нарми волидон сатҳи гормонҳои мусбатро дар организми кӯдак баланд бардошта, ба инкишофи майни сар ва солимии ҷисмонии кӯдак мусоидат менамояд.
Таъсири муҳаббати волидон ба саломатии кӯдак
Меҳрубонии падару модар системаи масунияти бадан - иммунитети кӯдакро қавӣ мегардонад. Таҷрибаҳои гузаронидаи табибон собит намудаанд, ки кӯдакони бо меҳру муҳаббат фарогирифташуда камтар бемор мешаванд.
Таъсири муҳаббати волидон ба донишомӯзии кӯдак
Аксари кӯдаконе, ки волидонашон аз онҳо навозишу меҳрубониро дареғ намедоранд, дар мактаб хубу аъло мехонанд, зеро муҳаббати волидон майнаи сари кӯдакро фаъол намуда, имкон фароҳам меорад, ки дарсҳоро ба осонӣ аз худ намояд.
Таъсири муҳаббати волидон ба рушди иҷтимоии кӯдак
Кӯдаконе, ки муҳаббати кофии волидайнро эҳсос мекунанд, дар муносибатҳои иҷтимоӣ устувортар мешаванд. Онҳо ба осонӣ дӯст пайдо мекунанд, эҳтиром ва меҳрубониро меомӯзанд ва бо одамон муносибати солим барқарор менамоянд. Ҳарисӣ ва хашму ғазаб дар чунин кӯдакон камтар аст.
Хулоса, муҳаббати волидайн ба кӯдак на танҳо ӯро хушбахт мекунад, балки шахсияти устувор, боэътимод ва меҳрубонро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як падару модар бояд дарк кунанд, ки муҳаббат ва ғамхории онҳо беҳтарин сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони кӯдаконашон мебошад.