arzon replenishment
Тарзи пӯхтани мурғ дар тафдон
4356

 

Маҳсулоти лозима:

  • 1 кг – мурғ
  • 7 дона - картошка
  • 3 қошуқ – равғани растанӣ
  • 1 дона – лимон
  • 1 қошуқ – майонез, кетчуб
  • 2 қошуқча – намак, мурчи тезак
  • 1 қошуқча – мурч, пудинаи хушк
  • 2 донаки – сирпиёз

Тарзи таҳия:

Мурғро пешакӣ дар об 10 дақиқа обпаз мекунед. Дар зарф 3 қошуқ равған, 1 дона оби лимон, намак, мурч, пудинаи хушк, мурчи тезак, майонез ва кетчуб илова карда, омехта мекунем.

Мурғи обпазшударо дар зарфи алоҳида мегирем ва ба ҳама тарафаш соуси омодакардаро мерезем. Ба қолаб равған молида, ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва мурғро дар он мегирем.

Картошкаро ба 2 қисм тақсим мекунем ва дар соус омехта карда, ба қолаб мегирем. Дар тафдон дар ҳарорати 190 дараҷа то пӯхтанаш меистад. Мурғ сурх шуд, дар зарфи хӯришгирӣ мегирем ва дар гирдаш картошкаҳоро ва помидор, бодирингро реза карда мемонем.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД